Қарори 12-саҳифаӣ рӯзи 19-уми март нашр шуд, вале хусусияти ҷазодиҳӣ надорад. "Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар доираи Оинномаи Рум иҷро нанамуд",–гуфт раиси додгоҳ Росарио Салваторе Айтала.
Владимир Путин, ки аз соли 2023 ба ҷинояти ҷангӣ, аз ҷумла рабудани кӯдакони Украина ва ба Русия бурдани онҳо муттаҳам аст, аз 9-ум то 12-уми октябри соли 2025 барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт.
Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (ICC) мегӯяд, ҳанӯз моҳи июли соли 2025, вақте хабарҳои нахустин дар бораи сафари Путин ба Тоҷикистон нашр шуд, ба мақомоти тоҷик барои боздошти ӯ пешниҳоди ҳуқуқӣ кард. Чизе, ки Душанбе нодида гирифт.
Соли 2024 Муғулистон, кишвари дигари узви ин Додгоҳ низ Путинро ба қалмараваш роҳ дода, аз иҷрои ӯҳдадориаш сарфи назар карда буд.
Мақомоти Тоҷикистон ба додгоҳ гуфтаанд, пойбанди қонунҳои байнулмилалӣ дар бораи таъмини масуният ё дахлнопазирии раҳбарони давлатҳо ҳастанд, ки онро пештар имзо карда буданд.
Дар қарори додгоҳ аз 19-уми март ҳам омадааст, Тоҷикистон ба ҳимояти мавқеаш бо ишора ба бандҳои 27(2) ва 98(1)-и Оинномаи Рум гуфт: "Тоҷикистон Русияро кишвари имзогузори оиннома намеҳисобад ва аз масунияти раҳбари кунунии ин давлат даст накашидааст. Ин ба он маъност, ки Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалиро дар робита бо масунияти мақомдорони давлатӣ риоя мекунад".
Тоҷикистон гуфтааст, бо Русия "Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши адлия"-ро имзо кардааст, ки мутобиқи он мақомдорони баландпоя дар муқобили тарафҳои сеюм, аз ҷумла давлат ва додгоҳҳои байнулмилалӣ дорои масунияти ҳуқуқӣ мебошанд. Тоҷикистон гуфтааст, бар асоси ин санадҳо вазифадор аст, ки "амният ва ҳаракати бидуни монеаи раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ, аз ҷумла Русияро таъмин кунад".
Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (ICC) дар посух ба Тоҷикистон "мушаххасан" гуфтааст, ин вазифаи байнулмилалии ин кишвар аст, ки талаботи додгоҳ ва дархости ҳамкориро бо он иҷро кунад. Ба таъкиди додгоҳ, "ҳамкорӣ дар ҳабсу супурдани гумонбар барои дуруст фаъолият кардани додгоҳ зарур аст ва бояд саривақт иҷро шавад".
Тоҷикистон, ки соли 2002 Оинномаи Румро имзо карда ва ба Додгоҳи Ҷиноии Байнулмилалӣ пайвастааст, ӯҳдадор аст, ки амрҳои ин додгоҳро иҷро кунад. Додгоҳи мазкур ҷиноятҳои мудҳиш, аз ҷумла ҷиноят алайҳи башарият, ба мисли наслкушӣ ва азобу шиканҷа ва қатлу куштору таҷовузро таҳқиқ ва гунаҳкоронашро ба ҷавобгарӣ мекашад.
Қарори Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар мавриди Тоҷикистон дар ҳоле содир шудааст, ки ин ниҳод дар робита бо парвандаи раҳбарони дигари ҷаҳонӣ ҳам дар ҳолати баҳсбарангезе қарор гирифтааст.
Ин додгоҳ дар соли 2024 алайҳи сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ парванда боз кард ва дастури боздошти ӯро дод. Мақомоти Исроил қарори додгоҳро ноодилона хонданд ва дар ду соли охир Нетаянҳу бидуни монеа аз Амрико ва Маҷористон (Венгрия) боздид кард.