Трамп ин матлабро дар як гуфтугӯи телефонии 30-дақиқаӣ бо шабакаи NBC News баён кард ва афзуд, ҳар созише бо Ҷумҳурии исломӣ бояд "бисёр муҳим ва қатъӣ" бошад.
Трамп дар посух ба ин пурсиш, ки шароити як созиши эҳтимолӣ барои поён додан ба ҷанг чӣ хоҳад, гуфт, "намехоҳам онро ба шумо бигӯям". Бо ин вуҷуд, ӯ таъкид кард, ки пойбандии Эрон ба комилан даст кашидан аз ҳар гуна ҷоҳталабии ҳастаӣ, бахше аз чунин созише хоҳад буд.
Мақомоти Эрон то кунун ба ин гуфтаҳои Трамп вокуниш нишон надодаанд. Аммо раиси порлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Шӯрои амнияти миллии он кишвар Алии Лориҷонӣ ва Вазири корҳои хориҷӣ Аббос Ароқчӣ рӯзҳои ахир борҳо гуфтанд, ки дар шароити феълӣ омодаи гуфтугӯ бо ҷониби Амрико нестанд.
Айни замон, расонаҳои байналмилалӣ аз талоши бархе кишварҳо барои бозгардонидани Эрон ва Амрико ба мизи музокирот хабар доданд, вале ин талошҳо то кунун бенатиҷа будааст.
ТРАМП ДАР БОРАИ ТАНГАИ ҲУРМУЗ
Трамп дар мусоҳибаи худ бо NBC News ҳамчунин гуфт, дар пайи афзоиши қимати ҷаҳонии нафт, бо чанд кишвари дигар барои тарҳе ба ҳадафи таъмини амнияти тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ мекунад. Трамп дар ин гуфтугӯи телефонӣ гуфт, ҳанӯз маълум нест Эрон оброҳа ё тангаи Ҳурмуз минагузорӣ кардааст ё на.
Ӯ афзуд, "мо бо қудрат дар ҳоли поксозии тангаи Ҳурмуз хоҳем буд ва бовар дорем, кишварҳои дигаре ҳам, ки то ҳаде дар интиқоли нафт бо монеа рӯбарӯ шудаанд, ба мо хоҳанд пайваст".
Ба навиштаи NBC, Трамп дар ин сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, аз инки Эрон дар вокуниш ба амалиёти Амрико ва Исроил ба кишварҳои дигари Ховари Миёна ҳамла кардааст, "ҳайратзада" шудааст.
Эрон дар 16 рӯзи ҷанг ба шуморе аз кишварҳои арабӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн, Қатар, Арабистони Саудӣ, Урдун ва Ироқ, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико мебошанд, борҳо ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодӣ анҷом додааст.
Аз ҷумла, шоми 14 март Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт ва Қатар ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодии Эрон қарор гирифтанд.
ҲАМЛА БА ҶАЗИРАИ ХОРГ
NBC менависад, ки Трамп дар бораи ҳамлаҳои рӯзи шанбеи Амрико ба ҷазираи Хорг низ гуфтааст, ин ҳамлаҳо "тақрибан бештари ҷазираро ба таври комил вайрон кард", аммо афзуд, "шояд чанд бори дигар ҳам фақат барои тафреҳ онҷоро бизанем".
Раиси ҷумҳури Амрико субҳи шанбе эълон кард, ки артиши кишвараш бо дастури ӯ "яке аз сангинтарин ҳамлаҳои ҳавоии таърихии Ховари Миёнаро анҷом дод ва ҳама ҳадафҳои низомии эронӣ дар ҷазираи Хоргро ба куллӣ нобуд кард".
Ӯ афзуд, ки таъсисоти нафтии ин ҷазира ҳадаф қарор нагирифтааст.
Хорг ин ҷазираи хурд дар Халиҷи Форс аст, ки қариб 90 дарсади нафти содиротии Эрон аз онҷо ба берун бурда мешавад. Ин ҷазира дар ҳудудан 24-километрии соҳилҳои Эрон ва дар тақрибан 480-километрии шимоли тангаи Ҳурмуз воқеъ шудааст. Эрон аз соли 1960 барои содироти нафти худ аз он истифода мекунад. Лангаргоҳҳои Хорг имкон медиҳанд, ки киштиҳои азими нафткашон дар он ҷо бор бигиранд.
ТРАМП ДАР БОРАИ МУҶТАБО ХОМАНАӢ
Дар ҳамин ҳол, Муҷтабо Хоманаӣ, фарзанди Алии Хоманаӣ, раҳбари пешинии Ҷумҳурии исломӣ, ки дар ҳамлаи Амрико ва Исроил кушта шуд, дар баёнияе хаттӣ ваъда дод, ки Эрон ба бастани тангаи Ҳурмуз ва ҳамла ба муттаҳидони Амрико дар минтақа идома хоҳад дод.
Трамп дар тамоси телефонии рӯзи 14 март бо NBC гуфт, то ҳол маълум нест, ки Муҷтабо Хоманаӣ дар куҷо аст, чун ӯро касе надидааст.
Вазири дифои Амрико рӯзи 13 март гуфта буд, ки Муҷтабо Хоманаӣ захмӣ шуда ва эҳтимолан осеби сахт дидааст.
Муҷтабо Хоманаӣ дар аввали ҳафтаи ҷорӣ пас аз он, ки падараш дар ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон кушта шуд, аз сӯи Маҷлиси хибарон раҳбари Ҷумҳурии исломӣ баргузида шуд.
Трамп дар посух ба ин пурсиш, ки оё фарди хосеро барои раҳбарии ояндаи Эрон дар назар дорад ё не, гуфт, "афроде ҳастанд, ки акнун зиндаанд ва метавонанд раҳбарони бузурге барои ояндаи ин кишвар бошанд".
Ӯ дар посух ба ин суол, ки оё бо бархе аз ин афрод дар тамос аст, гуфт, "намехоҳам дар бораи он сӯҳбат кунам, чун намехоҳам онҳоро дар маърази хатар қарор диҳам".