Рӯде, ки Тоҷикистону Афғонистонро аз ҳам ҷудо мекунад, вақтҳои охир ба майдони тилокобӣ ва ҳамзамон мояи баҳси ду тараф табдил шудааст.
Дар як нишасти хабарӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки заршӯйии бетанаффус дар Афғонистон маҷрои дарёи Панҷро дигар карда, чанд ноҳияи марзии Тоҷикистонро зери хатар гузоштааст.
Нуралӣ Муъминов, сардори Идораи беҳдошти замин дар Кӯлоб бо баёни ин, ки барои соҳилбандӣ дар дар дарёи Панҷ як комиссияи вижа таъсис додаанд, гуфт, "аз сарбанди канали Чубек то ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рафтанд, санад тартиб доданд, бояд қариб 47-48 километр соҳилбандӣ шавад".
Ин масъули ҳукуматӣ дар минтақаи Кӯлоб дар идома гуфт, ки "масъалаи дарёи Панҷ. Аз тарафи ҷумҳурии ҳамсоя бо техникаҳои пуриқтидор корҳои заршӯӣ сахт ҷараён дорад. Аз тарафи мо ҳам чора дида истодаанд".
Вокуниши ҷониби Афғонистон ба суханони мансабдори тоҷик маълум нест.
Бино ба аксҳои моҳвораӣ, ки Радиои Озодӣ дид, аз соли 2022 то 2025 рӯди Панҷ ба қавле аз "ғалбер гузаштааст" ва ин рӯд, ки дар таърихаш ҳеч гоҳ шоҳиди чунин тагурӯ набуд, борҳо тағйир кардааст.
Дар як навор аз соли 2025 дар шабакаҳои иҷтимоӣ як афсари тоҷик хитоб ба мақомоти "Толибон" дар Афғонистон мегӯяд, "мо агар каме санг резем, шумо эътироз мекунед, вале ҳамаро вайрон кардед.”
Ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон то оғози соли ҷорӣ 25 километр минтақаи зери хатарро дар лаби дарёи Панҷ соҳилбандӣ кардааст.
Ин минтақаҳо дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин ҳастанд. Ҳоло қарор аст, даҳҳо километри дигар соҳилбандӣ карда шавад.
Содиқҷон Раҳмонзода, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Кӯлоб мегӯяд, "аз ҷониби Кумита техникаҳои зарурӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Супориш шуд, ки мо техникаву лавозимоти худро ба минтақаҳо равон кунем."
Заршӯйӣ дар он сӯи дарёи Панҷ, дар Афғонистон, се сол пеш ва баъди ба қудрат расидани гурӯҳи "Толибон" авҷ гирифт.
Дар баробари сокинони маҳаллӣ, ширкатҳои чинӣ ҳам онҷо ҳузур доштаанд.
Тоҷикистон ҳам дар ин муддат заршӯйиро дар соҳили Панҷ бештар кардааст.
Ба иттилои ёфтаи Радиои Озодӣ, чанд ширкати тоҷикӣ бо ҷалби коргарону таҷҳизоти чинӣ дар онҷо тило мекобанд.
Чанд нафари онҳо дар ду ҳамла аз хоки Афғонистон дар солҳои 2024 ва 2025 кушта шуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Соҳилҳои Панҷро мустаҳкам мекунанд, то мардум бехона намонад