Артиши Исроил рӯзи 7 март барои аввалин бор ба захирагоҳҳои миллии нафти Эрон дар Теҳрон ҳамла кард ва нерӯҳои дифоии Исроил эълон карданд, ки ин ҳамла бахше аз иқдомоте аст, ки дороиҳои вобаста ба раҳбарии Эронро ҳадаф қарор медиҳад.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Исроил гуфт, ки ҳудуди 30 анбори нафт мавриди ҳамла қарор гирифт. Наворҳои видеоӣ аз Эрон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, шӯълаҳои азимеро нишон медиҳад, ки аз таъсисоти нафтӣ аланг мезананд.
Вайс Карамӣ, мудири ширкати тақсими маҳсулоти нафтии Эрон ҳам бо тасдиқи ин ҳамлаҳо гуфт, шаби шанбе ҳама таъсисоти тақсим ва интиқоли ҳама маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин, дар вилоятҳои Теҳрон ва Албурз ҳадафи ҳамла қарор гирифта, осеб дидааст.
Ин масъул ба мизони осебҳои воридшуда ба захирагоҳҳои нафтӣ ишора накард, аммо бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми дуд ва оташе, ки аз километрҳо дуртар дар Теҳрон ва атрофи ин шаҳр ҳам мушоҳида шуд, гумон меравад, ки ба ин таъсисот зарбаи захт зада шуда, онҳо аз кор мондаанд.
Вайс Карамӣ рӯзи 8 март дар гуфтугӯ бо шабакаи "Хабар"-и телевизиони давлатии Эрон шарҳ дод, ки шаби гузашта ва субҳи якшанбе чаҳор анбори маҳсулоти нафтӣ ва як маркази нақлу интиқоли он мутааллиқ ба вилоятҳои Теҳрон ва Албурз, ҳадафи ҳамла будааст.
Аммо ин масъули эронӣ гуфт, "бензин ба андозаи кофӣ дар анборҳои нафт мавҷуд аст ва дар дастраси мардум хоҳад буд". Бо ин ҳол, ӯ аз мардум хост, ки танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба бензинфурӯшиҳо сар бизананд.
Вайс Карамӣ дар ин мусоҳибаи худ гуфтааст, ки ин таъсисот "вобаста ба ширкати миллии бахши маҳсулоти нафтӣ ва давлат буданд ва ба мутааллиқ ба ҳеч ниҳоди дигаре набуданд".
Артиши Исроил иддао кардааст, ки ин анборҳо барои тақсими маводи сӯхт миёни чанд ниҳоди низомии Ҷумҳурии исломӣ истифода мешавад.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълон кард, ки дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо, мушакҳоеро ба тарафи полоишгоҳҳои нафтии Исроил дар шаҳри Ҳайфа партоб кардааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамлаҳои мушакии Эрон ба полоишгоҳҳо чӣ хисороте дар пай доштааст. Мақомоти исроилӣ то кунун дар ин бора ба таври расмӣ ибрози назар накардаанд.
Ҳамчунин ба як захирагоҳи нафт дар Фурудгоҳи байналмилалии аслии Кувейт ҳамла сурат гирифтааст ва гумон меравад, ки Эрон ин ҳамларо анҷом додааст. Баҳрайн ҳам ҳам эълон кард, ки як полоишгоҳи об дар ин кишвар мавриди ҳамла қарор гирифтааст.