Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта дар гузорише аз занозанӣ дар як маркази дилхушии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Фаррух Саидзода, сардори шуъбаи назорати танзими нақлиёт дар шоҳроҳи Конибодом ва Исфара бо нафаре, хабар дода буд.
Ҳарчанд ҳангоми таҳияи матлаб Хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар Суғд дар ин бора сӯҳбат накарданд, аммо баъди нашри гузориш бархе масъулини ин ниҳод тафсилот доданд.
Фаррух Саидзода, сардори шуъбаи назорату танзими нақлиёт дар шаҳрҳои Конибодому Исфара.
Ба гуфтаи манобеъ, парванда охири моҳи январ аз сӯи додситонии Хуҷанд боз шуда, ҳодиса то он вақт аз сӯи масъулини шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд мавриди тафтиш қарор дошт.
Яке аз манбаъҳо гуфт, "пас аз рух додани ҳодиса, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан дар тафтишоти пешакии мақомоти додситонӣ қарор дорад. Рӯзҳои наздик бояд барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шавад. Аъмоли ӯ аз рӯи моддаи "авбошӣ" ва "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ", санҷида мешавад".
Худи Фаррух Саидзода бо вуҷуди ваъдаи сӯҳбат, ибрози назар накард, вале чанде аз афроди наздик ба ӯ гуфтанд, ки "аз ҷабрдида бахшиш пурсидааст ва аз ҷониби онҳо ба мақомот шикоят ворид нагардидааст".
Ҳанӯз маълум нест, ки тарафи дигари баҳс кист.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки "аз рӯи ҳолат парванда боз гардида, ҳаракати ҳамаи иштирокчиёни ҳодиса баррасӣ мегардад".
Чанде пеш дар саҳифаи корбаре бо номи рамзии "Сергей Миронов" дар Ютуб наворе нашр шуд, ки лаҳзаи муноқишаву занозании ду нафарро нишон медод. Ба нақли ин пойгоҳ, ҳодиса шаби 16-уми январи имсол дар тарабхонаи GATSBY дар Хуҷанд рух додааст. Дар он дида мешавад, ки гурӯҳе мехоҳанд, ду нафарро аз ҳам ҷудо кунанд.
Дар шарҳи навор навишта шуда буд, ки яке аз ҷонибҳои даргир Фаррух Саидзода, сардори шуъбаи назорату танзими нақлиёт дар шаҳрҳои Конибодому Исфара ё ба қавли маъмул "Бахши литсензия" аст.
Масъулони Идораи нақлиёт дар вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ ин ҳодисаро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ҳодиса баъд аз соати корӣ рух додааст. Аммо гуфтанд, онҳо дар ин бора, ки ӯ ҳоло фаъолият мекунад ё не, дертар посух хоҳанд дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳқиқи занозанӣ ва рафтори як мансабдор дар Суғд
Дар наворе, ки дар Ютуб паҳн шуд, дида мешавад, баҳси лафзӣ дар дохили тарабхона сар шуда, чанд нафар аз занозанӣ пешгирӣ мекунанд. Занозании шадид дертар дар берун аз тарабхона рух додааст. Шиддати он имкон намедиҳад, ки одамони атроф занозаниро боздоранд.
Ҷанҷоли мансабдорону наздикони онҳо дар марказҳои дилхушӣ ҳодисаи нав нест. Чанде пеш ҳодисае, ки дар тарабхонаи "Парламент" рух дод, сарусадои зиёд ба миён овард. Баъди расонаӣ шудани ҳодиса аз сӯи сомонаи Радиои Озодӣ, додситони шаҳри Бӯстон аз соҳа ронда шуд ва чанд нафари дигар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Мақомоти умури дохилӣ на ҳамеша дар бораи чунин ҳодисаҳо маълумот медиҳанд, ҳарчанд дар бораи ҳодисаҳои дигар зуд ва ботафсил гузориш нашр мекунанд.