Ба иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар кишвар қариб 58 ҳазор нафар ё 2 дарсад расман чун бекор сабт шудаанд. Аммо бархе аз мансабдорон аз он нигаронӣ мекунанд, ки ҷавонон ҷойҳои холии кориро қабул намекунанд. Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш гуфтааст, ҷавонон ба корҳои саноатӣ ё корҳои вазнин майл надоранд.
Қурбон беш аз як моҳ боз бекор аст. Аз ин пеш дар сохтмонҳои шаҳри Душанбе кор мекард. Мегӯяд, кори сохтмон осон нест, вале даромадаш то ҷое беҳтар аст. Ҳоло дар ҷустуҷӯйи кори нав дар сохтмон аст.
"Зимистон аст, дар як хел ҷой кор нест. Шинос ҳам даркор. Шиносҳоро занг мезанам, имрӯз-пагоҳ мекунанд. Бе шинос намешавад. Якхелҳо бовар намекунанд. Якхел одамон мегӯянд, ки аз дастамон ҳамаи чиз меояд, аммо наметавонанд. Дар сохтмон ҳам шинос даркор аст. Қариб як моҳ бекорам".
Вале Қурбон мегӯяд, агар имкону шароит медошт, мехост барои кор ба хориҷи кишвар равад.
Мисли Қурбон аксари ҷавонон ҳоло орзу ва талоши кор дар кишварҳои хориҷиро доранд. Мегӯянд, бо маоше, ки дар дохил пешниҳод мешавад, наметавон зиндагиро бе душворӣ пеш бурд.
Рустам, як сокини Душанбе мегӯяд, "он қадар ҳавасманди кор дар корхонаҳои давлатӣ нестам, зеро маош кам аст. Хешу таборҳо ё шиносҳо кор мекунанд, мегӯянд, ки яку ним ҳазор сомонӣ маош мегиранд. Ин барои зиндагӣ намерасад. Агар даромад муносиб бошад, ҳатман рафта кор мекунем".
Баъзе аз онҳое, ки баъди солҳо кор дар Русия ба ватан омадаанд, мегӯянд, нарх ва ҳаҷми кор дар кишвар бо маош аслан мувофиқ нест.
"Дар Русия ҳастам. 10-15 сол набудем. Агар маошро бо инҷо муқоиса кунем, 10-15 баробар зиёд аст. Ман дар Тоҷикистон кор намекобам. Бо 1-2 ҳазор сомонӣ кӣ кор мекунад? Ҳастанд донишҷӯён, бо ин маош кор мекунанд, мо донишҷӯ набошем".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот мегӯянд, ки ҷавонон ба корҳои вазнин майл надоранд
Бино ба омори расмӣ, соли 2025, шумори ҷавонони бе ҷойи кор дар кишвар ба 1,8 дарсад баробар будааст. Масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мегӯянд, имрӯз дар дохил барои ҷавонони корҷӯй имкони зиёд пешниҳод шудааст, аммо ба таъкиди ӯ, худи ҷавонон майли кам нишон медиҳанд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, "тавре мушоҳида мекунед, соҳаи гуногун дар кишвар, бахусус саноат рушд карда истодааст. Имрӯз имкониятҳои хеле хуб ҳам ҳаст, вале ҷойи пӯшида нест, ки ҷавонон хеле кам таваҷҷуҳ доранд ба корҳо аз ҷумла дар соҳаи саноат. Масалан, дар нерӯгоҳи барқии обии Роғун чӣ қадар ҷойҳои кории холӣ бо теъдоди маошҳои бузург холӣ аст, ҳатто хориҷиҳо он ҷо ҷалб шудаанд".
Дар ҳамин ҳол, аксар ҷавонон мегӯянд, агар дар кишвар кор бо маоши хубу муносиб бошад, омодаанд, ки бимонанду кор кунанд. Ба гуфтаи бархе аз онҳо, барои дарёфти кори хуб дар дохил бояд ё имкони молӣ, ё воситаи хуб ваё дониши қавӣ дошт.
Аҳолии Тоҷикистон солона то 200 ҳазор нафар меафзояд ва 70 дарсади аҳолии бештар аз 10 миллионнафарии кишвар ҷавонон ҳастанд. Ба вуҷуди фишору азобҳои кишвари муҳоҷират, ҳамоно даҳҳову садҳо ҳазор ҷавон ҳар сол аз бекорӣ ё ба далели музди кам роҳи Русияро пеш мегиранд.