Ҳамчунин дар робита ба қонуншиканиҳо дар соҳаи энержӣ, нисбати садҳо корманди шабакаҳои тақсимоти барқ парвандаҳои маъмурӣ ва нисбати даҳҳо тани дигар парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Сорбон Холмуҳаммадзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон 5 феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар пайи санҷиш дар сохторҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, изофанависии нерӯи барқро ба суратҳисоби муштариён дар ҳаҷми 321 миллион кВт соат ба маблағи 106 миллион сомонӣ ошкор намудаанд.
Чунин қонуншиканӣ ба гуфтаи ӯ, дар идораҳои гуногун, аз ҷумла, дар филиалҳои шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Гулистон, Истаравшан ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ сабт шудааст.
Дар ин нишаст, ҳамчунин гуфтанд, ки худи кормандони идораҳои тақсимоти барқу мудирияти ин соҳа ба қонуншиканиву фиребгарии мардуму муассисаҳо машғул шуда, ҷазо гирифтаанд.
Аз ҷумла, ба қавли Холмуҳаммадзода, нисбати беш аз 400 нафар корманди идораҳои барқ парвандаи маъмурӣ ва нисбати 130 тани дигар парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот аз дуздӣ ва изофанависӣ дар соҳаи барқ гуфтанд
Сорбон Холмуҳаммадзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон гуфт, "шояд шумо низ рӯбарӯ шуда бошед. Вақте дар ҳисобатон ҳаққи барқе, ки шумо истифода набурдаед, ба маблағи 3-5 ҳазор сомонӣ меояд. Ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои вилояти Хатлон, ки истифодабарии энергияи барқ дар фасли тобистон ниҳоят кам аст. Кормандони барқ гӯё ба муштариён мегуфта бошанд, ки шумо ба ин дахолат надоред. Ин ҳисоботи дуюмдараҷа аст, ин барои омори мо аст. Ба таври фиреб муштариёнро бовар мекунондаанд, ки гӯё ин қарз ба ӯҳдаи онҳо несту ба онҳо таъсири манфӣ намерасонад".
Дар гузашта сокинон борҳо аз барзиёд ҳисоб кардани масрафи барқашон бо нозирони "Барқи тоҷик" вориди баҳс шуда, чунин баҳсҳо ҳатто додгоҳӣ низ шудаанд.
Мақомот дар гузашта, мегуфтанд, ин мардум аст, ки асосан пули нерӯи барқро намепардозанд.
Аммо бо сахттар шудани мушкили норасоии барқ дар соли гузашта ва дастур барои ислоҳи соҳа, эътирофи ин ҳам зиёд шуд, ки мудирияти нодурусту фиребгарӣ, яке аз сабабҳои зиёд шудани қарзу напардохтани пули истифодаи нерӯи барқ аст.