Дуздии панҷ кабӯтар дар Душанбе бо зарари 12 ҳазор долларӣ

RUSSIA-PIGEONS/

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дуздии ғайриоддие хабар додааст, ки ба гуфтаи вазорат як ноболиғ ва ду ҷавон дар шаҳри Душанбе анҷом додаанд. Сухан дар бораи дуздии 5 кабӯтаре меравад, ки зоҳиран бисёр гаронқиммат ҳастанд.

Вазорати умури дохилӣ гуфтааст, ҳодиса дар ноҳияи Шоҳмансур ва аввалҳои моҳи январ рух додааст. Як навраси 17-сола ва ду ҷавони 22 ва 25-сола, ба гуфтаи вазорат “пинҳонӣ аз дохили анбори як зани 67-сола 5-адад кабутарро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12 ҳазору 200-доллари амрикоиро ташкил медиҳад.“

Номи ҳеч яке аз гумонбарон ба дуздиро набурдаанд ва фақат гуфтаанд, ки ҳар се сокини Душанбе ҳастанд. Маълум нест, зарар фақат аз ҳисоби дуздии кабӯтарон аст ва ё ҳам зиён расондан ба моликияти зан, аз ҷумла вайрон кардани дари анбор, ё чизи дигар, аммо дар Тоҷикистон кабӯтароне ҳастанд, ки қиматашон аз 500 то ба 1000 доллар низ мерасад.

Аз ҷумла, кабӯтарҳои зебое, ки ба ғайр аз бозигариашон барои зоҳирии зебоашон талабгор доранд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ба мисли Узбекистон ва Афғонистон навъҳои кабӯтарҳои бозигаре ҳастанд, ки дар осмон рақс мекунанд ва қимате баъзе аз ин кабӯтарҳои нодир дар бозорҳои дохилӣ метавонад аз 500 то 5000 доллар ва ҳатто бештар аз он бошад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки тафтиши парвандаи дуздии кабӯтарон идома дорад.