Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон пас аз 21 сол адои ҷазо аз зиндон раҳо шуд.
Темур Тошев, бародари Маҳмадрӯзӣ Искандаров рӯзи 27 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳоло дар озодӣ аст ва дар назди пайвандонаш мебошад.
Ба гуфтаи Темур Тошев, мақомот бародарашро соати панҷи субҳи имрӯз аз зиндон раҳо карданд.
Мақомот то кунун дар бораи раҳоии ин сиёсатмадори шинохта ибрози назар накардаанд.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз фармондеҳи Иттиҳоди пешини нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик, пас аз имзои Созишномаи сулҳ аз ҳисоби тақсими 30-дарсадии қудрат ба мақоми давлатӣ расид. Раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" буд. Соли 1999 раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд ва ин созмони сиёсиро ба яке аз рақибони ҳизби ҳоким табдил дод.
Соли 2003, замоне ки бо ислоҳи Қонуни асосӣ мехостанд, муҳлати президентиро дар Тоҷикистон аз ду 5-солаи пай дар пай ба ду 7-солаи пай дар пай биёранд, Искандаров ва ҳизбаш мухолиф баромаданд. Дертар аз мақоми раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" барканор гардид ва бо баъзе аз фармондеҳони пешини ИНОТ ба зодгоҳаш дар шарқи кишвар рафт.
Дар моҳи апрели соли 2004 бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқоте дошт, ки гуфта мешавад, баёнгари рахнае дар муносибати байни онҳо буд. Дар моҳи августи он сол, дар ҳоле ки ӯ пурра ба корҳои ҳизбӣ машғул буд, Додситонии кулли Тоҷикистон ӯро ба сӯҳбат даъват кард. Бо иҷозати муфаттишон барои ба таҳсил бурдани писараш ба Маскав рафт. Дар ин байн ронандаи ӯро боздошт карданд ва ӯ дигар ба Тоҷикистон барнагашт. Дар онҷо ба воситаи матбуот аз амалкардҳои мақомот дар Тоҷикистон интиқод мекард ва омодагияшро барои номзад шудан дар интихоботи соли 2006 эълон карда буд.
9-уми декабри соли 2004 дар арафаи як дидор бо муовини вазири дифоъ, генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар Русия боздошт ва дар баҳори соли 2005 раҳо шуд. Аммо 15-уми апрели соли 2005 дар Маскав нопадид ва ба таври мармуз ба Душанбе оварда шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 Искандаровро ба гуноҳи ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи "Тоҷикгаз", ҳифзу нигаҳдории силоҳ ва муҳофиз 23 сол зиндонӣ кард. Ӯро ҳамчунин аз рутбаи генерал-майор маҳрум ва ба пардохти ним миллион доллар ба нафъи давлат вазифадор намуданд.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва тарафдоронаш он замон ба ҳукми додгоҳ розӣ набуданд ва қазияро сиёсӣ мехонданд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ вуҷуди маҳбусони сиёсиро напазируфтааст.
Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо истирдоди Маҳмадрӯзӣ Искандаровро аз Русия ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ донист ва Маскавро ҷарима баст. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон бозбинии ҳукми ӯро хост.
Искандаров баъд аз зиндонӣ шудан дар маҳбаси вижа барои низомиён ва кормандони собиқи мақомоти қудратӣ нигаҳдорӣ мешуд, аммо августи 2015 ба маҳбаси низомаш шадиди шаҳри Бохтар интиқол дода шуд. Баъди сипарӣ кардани як давраи сесола ӯро ба зиндони маъруф ба "маҳбаси Ваҳдат" оварданд.