Президент ваъдаашро такрор кард. "Лимит" соли 2027 аз байн меравад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар порлумон. 16-уми декабри 2025

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми декабр дар паёми солонааш ба мардуму порлумон бори дигар ваъда дод, ки аз моҳи сентябри соли 2027 норасоии барқ дар кишвар аз байн хоҳад рафт. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, то ду соли дигар чархаи севуми нерӯгоҳи "Роғун" ба кор медарояд ва "барқ куштанро фаромӯш мекунем". Ин шабу рӯз сокинон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо маҳдудияти шадид нерӯи барқ мегиранд.

Дар соли 2024 низ айни чунин ваъда садо дода буд, аммо баъзе аз мутахассисон бо назардошти вазъи феълӣ ба иҷрои он шубҳа доранд.

Президент ба шикоятҳо дар бораи камбуди барқ дар кишвар мустақим посух надод ва танҳо гуфт, "шароити мардумро бахубӣ медонем". Ӯ изҳороти пешинаи мақомотро такрор кард, ки сабаби камбуди барқ дар кишвар зиёд шудани аҳолӣ, ба кор даромадани корхонаҳои зиёд ва кам шудани воридшавии об ба обанбори "Норак" аст.

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз зикри ин сабабҳо ишора кард, ки "ин ҳам баҳона шуда наметавонад". Вай аз талафоти зиёди барқ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, феълан дар кишвар солона 3 миллиард киловат соат барқ талаф мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҳдудияти барқ соли 2027 аз байн меравад?

"Идораи барқ мардумро нодуруст қарздор мекард"

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон тасдиқ кард, ки кормандони идораи барқ дар бисёр маврид аҳолиро нодуруст аз истифодаи барқ қарздор мекарданд.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан "Барқи тоҷик" гузориш медод, ки гуё мардум 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд. Аммо ба гуфтаи президент, баъд аз ҷорӣ шудани низоми биллингӣ маълум шуд, ки аҳолӣ 100 дарсад пули барқро месупоранд.

"Кор дар дигар тараф аст. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё суистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандон пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти барқ ба таври сунъӣ ба уҳдаи аҳолӣ ва дигар истифодабарандгон гузаронда мешуд. Пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва он маблағро сӯистифода карда, ба таври сунъӣ талафоти барқро ба аҳолӣ ва мошинҳои обкаш бор мекарданд, яъне қарздор мекарданд",-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Қарздории аҳолӣ аз барқ ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез дар кишвар будааст. Вазорати энержӣ ва захираҳои об моҳи июли имсол эълон кард, ки қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ қариб ба 1,7 миллиард сомонӣ расидааст. Омори мақомот дар бораи қарздории аҳолӣ аз барқ солҳост, ки шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.

Хабарнигорон борҳо ин мавзӯъро бо намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" баҳс кардаанд. Намояндагони "Шабакаҳои тақсимоти барқ" пештар гуфта буданд, беш аз 1 миллиард сомонӣ, қарзе мебошад, ки солҳои гузашта ҷамъ шудааст. Мустақилона тасдиқ кардани ин ҳарфҳо феълан мушкил аст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди интиқод аз нодуруст қарздор кардани аҳолӣ аз барқ нагуфт, ки сарнавишти қарзҳое, ки то имрӯз ҷамъ шудаанд чӣ мешавад?

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми декабр ҳамчунин аз он интиқод кард, ки беш аз 100 ҳазор муштариёни барқ давоми 34 сол барқро истифода бурда, аммо ба қайд гирифта нашудаанд ва пули барқро намесупориданд.

Ин суханони раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле садо дод, ки дар моҳҳои ахир мардуми минтақаҳои кишвар ба таври маҳдуд барқ дарёфт мекунанд.

Ҳафтаҳои охир сокинони зиёде дар Душанбе аз мушкили бебарқӣ ва ҷорӣ шудани маҳдудият ё лимити шадид шикоят доранд. Дар бисёре аз ноҳияву минтақаҳои дигари Тоҷикистон сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз ҳамагӣ 1-3 соат барқ мегиранд.