Даҳ кӯдаки дар садама осебдидаро ба Бишкек интиқол доданд

3 май, беморхонаи ноҳияи Сузаки Қирғизистон. Алимқодир Бейшеналиев, вазири беҳдошт бо вазъи як кӯдаки маҷрӯҳшуда шинос мешавад

Дар Қирғизистон як қисми кӯдакони дар як ҷашн аз садамаи мошин осебдидаро бо ҳавопаймои махсус аз ноҳияи Сузаки Ҷалолобод ба шаҳри Бишкек интиқол доданд.

Дафтари матбуоти нахуствазир гуфтааст, ки ин кӯдаконро дар беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Бишкек бистарӣ карданд. Чор кӯдак дар шӯъбаи эҳёгарӣ ва шаш нафар дар бахши шикастабандӣ қарор доранд.

Дар дигар муассисаҳои тиббии Ҷалолобод нӯҳ кӯдаки дигар боқӣ мемонанд ва вазъияти онҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад. Ҳодиса 2 май дар як теппаи ноҳияи Сузак рух дод.

Замоне, ки 3000 мактабхон дар озмуни “Манас”-хонӣ иштирок мекарданд, мошини борбаре, ки дуруст манъ нашуда буд, аз баландӣ ба самти издиҳоми кӯдакон сарозер шуд ва 29 кӯдаки 9 то 16-соларо пахш кард.

Ронандаи 48-сола бар асоси моддаи “вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ба ҳангоми истифода мошин” ба ҳабс гирифта шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қирғизистон баъд аз ҳодисаи Сузак “Урааним Манас”-ро манъ кард