Мақомот сарнавишти мошинҳои куҳнаро шарҳ доданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳазорон мошини куҳнае, ки дар марз дармондаанд, бояд дар дигар кишварҳо фурӯхта ва ё аз байн бурда шаванд. Хадамоти гумрук дар посух ба муроҷиати Радиои Озодӣ гуфт, дуюним ҳазор мошине, ки то соли 2013 истеҳсол шудаанд, бинобар манъ будани вурудашон дар марз дармондаанд.