Барно Саидвализода, раиси Хадамоти иҷро, рӯзи 7-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, чанд дафъа талош карданд пулро аз “Тоҷик Эйр” рӯёнанд, аммо феълан ин кор шуданӣ нест.
“Вобаста ба қарздорӣ чанд дафъа бо роҳбарияти "Тоҷик Эйр" мактуб фиристодем. Онҳо посух доданд, ки танҳо дар ҳолати парвози ҳавопаймоҳо ва ба даст овардани фоида имконияти иҷро пардохти маблағро пайдо мекунанд. Аз ин лиҳоз то амалӣ шудани парвоз ва ба даст овардани фоида ҳуҷҷатҳои иҷро ба ситонандагон тибқи моддаи 128 қонун дар бораи истеҳсолоти иҷро баргардонда шудааст,” -- афзуд Саидвализода.
Моддаи 128-и қонун дар бораи истеҳсолоти иҷрои Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки агар қарздор молу мулк, маблағ ё даромад надошта бошад, санади иҷрои қарори додгоҳ баргардонда мешавад.
Аммо раиси Хадамоти иҷро 7-уми феврал гуфт, баъд аз оғози парвози ҳавопаймоҳо талош мекунанд маблағи қарзро аз “Тоҷик Эйр” рӯёнанд.
Баҳси "Тоҷик Эйр" ва ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2013 идома дорад. "Скайроуд Лизинг" даъво дорад, ки коршарики тоҷикаш бояд 20 миллион доллар бипардозад. Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" ин даъворо қабул надоранд.
Барно Саидвализода, раиси Хадамоти иҷро, қарзи ниҳоии “Тоҷик Эйр”-ро аз ширкати литвонии “Скайроуд лизинг” чунин баршумурд:
- - 20 миллиону 223 ҳазору 199 доллар
- - 78 ҳазору 700 евро
Пештар Додгоҳи арбитражии шаҳри Вилнюс "Тоҷик Эйр"-ро ба пардохти ин миқдор маблағ вазифадор карда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе аввал даъворо рад кард, вале дертар Додгоҳи олии иқтисодӣ қарори Додгоҳи ҳаками Вилнюсро пазируфт. Баҳси ду тараф то ҳол идома дорад.
Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз соли 2019 парвоз намекунанд. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки "Тоҷик Эйр" аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.