Мурат Нуртлеу, муовини сарвазир ва ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, 25-уми январ дар поёни сафари расмияш ба Тоҷикистон дар ин бора изҳорот дод.
Ӯ гуфт, “Қазоқистон ба қатори се кишвари бузургтарини ҳамкори тиҷоратии Тоҷикистон шомил аст. Дар мавриди ба ду миллиард доллар расонидани табодули молу коло соли гузашта харитаи роҳро ба тасвиб расонидем.”
Қазоқистон мехоҳад, бо содироти паровоз, таҷҳизоти хати роҳи оҳан ва гандуму орд тиҷораташро бо кишварҳои ҷаҳон дар умум то 190 миллиард доллар расонад.
Бахши аъзами гандуми Тоҷикистон низ аз Қазоқистон оварда мешавад. Ба хабарнигорон имкон надоданд, ки ҷузъиёти дурнамои ҳамкориҳоро дар ин самт аз муовини сарвазири Қазоқистон бипурсанд.
Дар гуфтушунидҳои Мурат Нуртлеу дар Душанбе масъалаи харидани барқ аз Тоҷикистон дар ояндаи наздик баррасӣ шудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт: “Ба тавофуқ расидем, ки баррасии имконоти фаннӣ ва шартҳои тиҷоратии интиқоли нерӯи барқ аз “Роғун” ба Қазоқистон дар солҳои наздик суръат бахшида шавад.”
Вазирони умури хориҷии ду кишвар дар бораи шарту шароити интиқоли барқ ба Қазоқистон ё дурнамои ин масъала ҷузъёт надоданд. Чунин тавофуқ дар ҳоле садо медиҳад, ки дар худи Тоҷикистон сокинон дар фасли сармо аз бебарқӣ шикоят мекунанд.
Дар ин дидору шароити будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон низ баррасӣ шудааст. Бидуни шарҳи бештар таъкид гардид, ки ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки ба дигаргуниҳои ахири қонунгузории Қазоқистон вобаста ба будубоши муҳоҷирон диққати махсус дода мешавад.
Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Бо афзоиши таъсири таҳримҳои байнулмилалӣ болои Русия ва коҳиши иқтисоди ин кишвар, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Қазоқистон рӯ оварданд. Онҳо асосан дар бозору сохтмон кор мекунанд.
Муҳоҷирон пештар аз он хушҳол буданд, ки дар муқоиса ба Русия, дар Қазоқистон таъқиби пулис ва бегонаситезӣ камтар аст. Ҳоло мегӯянд, вазъият ба Русия монанд мешавад.
Бо вуҷуди қаноатмандии ду ҷониб, ҳамкориҳои сиёсии онҳо дар ҳоли ҳозир бар иқтисодӣ бартарӣ доранд. Он ҳам дар пасманзари ҷанги Русия дар Украина, ки ҷомеаи Қазоқистонро нигарон нигоҳ медорад.