Рӯзи 22 январ дар СММ аз Маскав савол хоҳад шуд, ки сарнавишти ҳазорҳо кӯдаки украиниро, ки баъди ишғоли Русия дар соли 2022 аз хоки Украина бурда шуданд, чӣ шуд.
Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки аз 18 коршиноси мустақил созмон ёфтааст, дар давоми ду рӯзи наздик бояд нишондоҳои Русияро мавриди санҷиш қарор диҳад. Кумита мехоҳад муайян кунад, ки чӣ шуморе аз кӯдакон ба Русия ваё минтақаҳои ишғолшудаи Украина интиқол дода шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Гузориши СММ дар бораи таҷовузгарии сарбозони рус дар УкраинаУкраина се кӯдаки бурдашуда ба Русияро ба ватан баргардонид Азоби кӯдакони украинӣ дар замони ҷанг