Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина се кӯдаки бурдашуда ба Русияро ба ватан баргардонид


Украина гуфт, се кӯдаки дигари украинӣ аз Русия баргарднида шуданд. Дмитро Любинетс, раиси комиссиюни ҳуқуқи башари парлумони Украина рӯзи 21 октябр гуфт, Украина тавонист ин се кӯдаки ба таври ғайриқонунӣ ба Русия бурдашударо ба ватан баргардонад.

Аз замони шуруи ҷанги васеъмиқёси Русия дар хоки Украина феврали соли 2022 нирӯҳои ишғолгари Русия зӯран ҳазорҳо кӯдаки украиниро ба Русия интиқол доданд. Моҳи июл Мария Лвова-Белова, омбудсмени кӯдак дар Русия гуфт, ки шумори кӯдакони аз Украина ба Русия бурдашуда 700 ҳазор нафарро ташкил додаанд. Додгоҳи байналмиллаии ҷиноӣ дар Гаага моҳи март ҳукми ҳабси президенти Русия Владимир Путин ва Лвова-Беловаро содир кард ва гуфт, ин ду мақомдори Русия барои ихроҷи кӯдакони украинӣ ба Русия гунаҳгор мебошанд ва ин кори онҳо мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ ҷиноят арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG