Дар Тайван рӯзи 13 январ интихоботи президентӣ ҷараён дорад ва натиҷаи он на танҳо исми раҳбари нав, балки муносибатҳои ояндаи онро бо Чин маълум хоҳад кард. Чин Тайванро қаламрави худ меномад.
Барои мақоми раҳбарии ин кишвар се номзад - Лай Тсиндэ аз ҳизби ҳокими Демократии рушд, Хоу Юи аз ҳизби Гоминдан ва шахси мавриди ҳимояти Чин ва Кэ Вэнчжэ аз Ҳизби мардумии Тайван мубориза мебаранд. Аз рӯи пурсишҳои ахири афкори умум, Лай Тсиндэ шанси бештари бурдани интихоботро дорад.
Вале ҳеҷ як номзад нагуфтааст, ки истиқлолияти Тайван ваё ба Чин пайвастани ҷазираро эълон хоҳад кард. Ҳизби ҳоким ва ҳам раҳбаронаш гуфтаанд, ки истиқлолияти Тайван муддатҳо пеш эълон шудааст ва дигар такрор кардани он зарур нест. Чин номзади президентӣ Лайро “як ҷудоиталаби хатарнок” номидааст.
Лай гуфтааст, равобити кишвараш бо Чин бояд “дӯстона” бошад, вале айни замон, барномаҳои дифоии ҷазирақаламравро тақвият медиҳад.
Як мусоҳиби оҷонсии Рейтер дар Кохи Сафед гуфтааст, ки новобаста ба натиҷаҳои интихобот сиёсати ИМА нисбати Тайван бетағйир мемонад ва равобити ғайрирасмӣ ҳифз хоҳад шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоқаев гуфт, барои Қазоқистон Тайван як қисми Чин астМакрон: Аврупо дар масъалаи Тайван набояд аз сиёсатҳои ИМА ё Чин пайравӣ кунадБаҳси Русия+Чин ва Ғарб. Нақши Осиёи Марказӣ чӣ хоҳад буд?"Тарҳи бузург"-и Чин барои Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чист?