Якеро сар буриданду... Ёдоварӣ аз марги пурсарусадои чанд муҳоҷири тоҷик дар Русия. ВИДЕО

Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ба ватан меоранд

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кору маошу зиндагии муносиб танҳо ё ҳамроҳи ҳамсару фарзандон ба Русия мераванд. Ва ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон то ҳазор тобут мефиристанд. Баъзе аз онҳо бар асари беморӣ, тасодуф ё дар пайи ҳамлаҳои миллатгароён ҷон додаанд.

18-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон аст. Радиои Озодӣ чанд мавриди пурсарусадои куштори муҳоҷирони тоҷикро дар Русия гирд овард, то бори дигар аз онҳо ва ин мушкил ёдоварӣ шавад.

ХУРШЕДА СУЛТОНОВА

Хуршеда Султонова

Қатли Хуршеда Султонова, духтари нӯҳсолаи тоҷик, дар Санкт-Петербург, дар моҳи феврали соли 2004 аз нахустин қазияҳои пурсарусадои куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия буд. Ҷавонони миллатгарои рус ба Хуршеда Султонова ва падараш ҳамла карда, ба бадани ӯ 13 корд заданд. Соли 2011 сабабгорони марги тифли тоҷик ба ҳукми абад маҳкум шуданд, вале пештар додгоҳе дар Русия онҳоро ба майдаавбошӣ маҳкум карда буд. Ин қарор хашми расонаҳо ва мардумро барангехт.

САЛОҲИДДИН АЗИЗОВ

Муҳаббатшоҳ Азизов понздаҳ сол боз дард мекашад. Ин сокини 69-солаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҳеч наметавонад бо марги ваҳшатноки писараш, Салоҳиддин Азизов, ки он замон ҳамагӣ бист сол дошт, ба навъе муросо кунад. "Ними шаб бедор мешавам, писарам ба хотирам мезанад. Як соат ҷон меканам, баъд хобам мебарад. Ҳамон рӯзе, ки ҷасадашро аз Русия оварданд, як қиёмат буд дар хонаи ман. Мегӯянд, рӯзи қиёмат сахт аст. Ҳамин хел рӯз буд дар хона," – мегӯяд ӯ.

Акси охирини Салоҳиддин Азизов, ки аз Русия фиристода буд

Хабари кушта шудани Салоҳиддин Азизовро дар Русия зимистони соли 2008 ба пайвандонаш дар Тоҷикистон расонданд. Ҳамроҳонаш дар Русия мегуфтанд, ки намояндагони як созмони қавмгаро сари ӯро бурида, дар паскӯчае партофтаанд. Пулис ва муҳоҷирон сари Азизовро баъди тақрибан ду ҳафта ёфта, ҳабдаҳуми декабри ҳамон сол ба Тоҷикистон оварданду дафн карданд. Фоҷеа бахше аз зиндагии хонавода шуд.

ҶОНИБЕК ҚОСИМОВ

Соли 2011 ҷасади гарданаш буридаи ҷавони 24-солаи тоҷик, Ҷонибек Қосимов, аз як ҷангалзор дар Сергиев Посад ёфт шуд. Душанбе он замон аз Русия таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодиса ва ёфтану ҷазо додани сабабгорони кушторро хост, вале то ба ҳол иҷро нашудааст.

ШОҲҶОН РАҲМАТШОЕВ

Шоҳҷон Раҳматшоев

Шоҳҷон Раҳматшоеви 32-сола, ки дар як сохтмон дар ҷануби ғарби Маскав кор мекард, шаби 26-уми декабри соли 2013 бо 25 зарби корд кушта шуд. Ҳамлагарон сари ин муҳоҷири тоҷикро низ аз тан ҷудо кардаанд. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ҳамагӣ як моҳ пеш аз маргаш издивоҷ карда буд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷониби Русия ёддошт ва ё нотаи эътирозӣ фиристод.

УМАРАЛӢ НАЗАРОВ

Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик, 13-уми октябри соли 2015 дар Шуъбаи пулис дар Санкт-Петербурги Русия ҷон дод. Он замон модари тифл, Зарина Юнусова, барои нақзи қоидаҳои будубош муттаҳам мешуд.

Умаралӣ Назаров

Маҳкам Абдуллоев, яке аз хешовандони Умаралӣ Назаров, ҳашт сол пеш қазияро чунин нақл карда буд: “Маъмурони интизомӣ падару модари кӯдакро ба идораи пулис бурда, дар ҳамон ҷо тифлро гирифтанд. Модарашро ба Додгоҳ бурданд, барои “депортатсия”. Вақте Суд (Додгоҳ) қарорро баровард, омада, гуфтем, ки кӯдакро диҳед. Гуфтанд, субҳ мегиред. Саҳар занг заданд, ки кӯдак фавтидааст."

ҲУВАЙДО ТИЛЛОЗОДА

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз назди хонаашон рабуда шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан ёфтанд. Мақомоти интизомии Русия он замон гуфта буданд, ки дар ҷасади кӯдак осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида мешавад.

Ҳувайдо Тиллозода

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, рӯзи 12-уми декабри 2023 ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд фаромӯш кардани ҳодиса гарон аст, дигар намехоҳад дар ин бора гап занад. Аммо зикр кард, ки умрбод зиндонӣ шудани қотили фарзандаш, Александр Сёмин, дар моҳи сентябри соли 2023 ӯро то андозае хештандор кардааст.

“Кӯдаки панҷунимсола чӣ гуноҳ дорад? Тифли бегуноҳ аз дунё ҳеч чиз надидааст. Ҳамонро мекушеду меореду дар даҳани дар партофта меравед?” – гуфта буд ӯ ҳангоми ба Тоҷикистон овардани ҷасади фарзандаш дар фурудгоҳи Душанбе.

ИЛҲОМИДДИН ШОЕВ

Ҷасади муҳоҷири тоҷик Илҳомиддин Шоевро, ки дар идораи пулиси Вешнякии шаҳри Маскав ҷон дод, рӯзи 27-уми ноябри соли 2018 дар зодгоҳаш, ноҳияи Рӯдакӣ, дафн карданд. Мақомоти Русия он замон гуфтанд, ки ӯ аз сактаи дил даргузашт. Хонаводааш мегӯянд, ҳангоми шустани ҷасад дар бадани ӯ осори зарбу латро диданд.

“Дар дасту пояш захм буд, дар сараш захм буд. Инро одами мурдашӯ тасдиқ мекунад. Сару рӯяш ҳамин сиёҳ буд,” – нақл карда буд Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин Шоев.

ГУЛБЕГИМ РАҲМОНОВА

Гулбегим Раҳмонова

Гулбегим Раҳмоноваи 29-сола бо орзуи дарёфти маблағ ва харидани хона ба Русия рафт ва пас аз панҷ моҳ, 14-уми майи соли 2019, тобуташро ба ватан оварданд. Марги ӯ мармуз буд. Яке аз муҳоҷирони кории тоҷик ҷасади Гулбегимро дар сардхонаи шаҳри Клини вилояти Маскав тасодуфан шинохта, бо ёрии муҳоҷирони тоҷик ба ватан фиристоданд.

Нашастамоҳ Атоева, модари Гулбегим, ҳодисаро чунин ба ёд овард: “Телефон кард. Тарсида гап зад, духтари ман. Гуфтам, барои чӣ зиқ шудӣ, касалӣ? Биё. Ба ду тараф нигоҳ карду бо ишора гуфт, ки хап кун ва телефонро кушт. Бо ҳамин 15 рӯз аз духтарам хабару дарак наёфтам.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ҳар шаб писарам, ки дар ғарибӣ кушта шуд, ба хобам медарояд"

Рӯйхати муҳоҷирони тоҷики фавтидаву кушташуда дар Русия тӯлонист. Мақомоти Тоҷикистон ба баъзе аз ин ҳодисаҳо эътироз карда, аз мақомоти Русия таҳқиқи мӯшикофонаи онро хостаанд. Аммо мақомоти Русия на ҳамеша ба дархости Тоҷикистон вокуниш мекунанд.
Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирони тоҷик ба ватан оварда мешавад. Бар изофа ҷалби муҳоҷирон ба ҷанги Русия зидди Украина, фишорҳои мақомоти интизомии ин кишвар бар сари муҳоҷирони тоҷик ба маротиб афзоиш ёфтааст. Сарфи назар аз он раванди муҳоҷират ба Русия коҳиш наёфта.
“Давлати дигаре нест, ки ин қадар муҳоҷирони моро қабул кунад. Давлатҳои араб моро қабул намекунанд. Эрон ин қадар одамро намепазирад. Хитой (Чин) қабул намекунад. Ба куҷо равем? Дар Тоҷикистон демография аз бозори меҳнат дида бо суръати тезтар рафта истодааст,” – мегӯяд коршиноси масоили муҳоҷират, профессор Раҳмон Улмасов.
Дар ҳоли ҳозир Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. Ҳар сол садҳо ҳазор кас аз Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд, то барои зиндагӣ, таҳсил ва хариди манзилу баргузории маъракаҳо пул ба даст биоранд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, камтар аз ним миллион нафар аз шаҳрвандони кишвар дар Русия кору зиндагӣ доранд, аммо ҷониби Русия ин рақамро бештар аз як миллион кас медонад. Садҳо ҳазор нафар ҳамзамон шаҳрвандӣ ва шиносномаи русӣ гирифтаанд.