Бар асоси қонуни буҷет, ки ҳафтаномаи "Садои мардум" нашр кард, фонди захиравии президент ба андозаи 2 дарсади даромади буҷети давлат муқаррар карда шудааст ва ин пулҳо бо фармони роҳбари давлат сарф карда мешаванд.
Намояндагони ҳукумат фонди захиравии президентро ба ҳайси имконият барои ҳаллу фасли масъалаҳо таъҷилӣ ном мебаранд.
Танҳо барои баргузории озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз ҳисоби Фонди захиравии президент миллионҳо сомонӣ ҷудо мешавад. Инчунин дар солҳои гузашта ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ аз ин фонд маблағ ҷудо мешуд.
Аммо дар бораи хароҷоти маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон расман ҳисобот нашр намешавад. Ба гуфтаи коршиносони мустақил, аксаран маблағҳои ин Фонд барои боло бурдани имиҷи роҳбари давлат истифода мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳадя ба мардум бо пули мардум. "Хайр"-и Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби кист?