Фаронса барои истихроҷи урани Узбекистон сармоягузорӣ мекунад

2 ноябр, Самарқанд

Бобир Исломов, вазири саноати куҳӣ ва геологияи Узбекистон гуфт, ширкати фаронсавии "Orano" барои истихроҷ ва коркарди уран дар Узбекистон то 500 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Ба иттилои вазир, ширкати фаронсавӣ дар ду қитъа дар вилояти Навоии Узбекистон корҳои иктишофиро ба роҳ мондааст. То охири соли 2023 тарҳи ибтидоии асосноксозии иқтисодиву техникӣ таҳия хоҳад шуд.

Рӯзи 2 ноябр дар шаҳри Самарқанд президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Дар остонаи ин сафар хабаргузории Bloomberg навишт, ки "Фаронса мехоҳад бо Қазоқистон ва Узбекистон дар бахши уран ҳамкориҳояшро тақвият бахшад".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Росатом" бузургтарин кони урани Қазоқистонро соҳиб шуд"Иттиҳоди сабз" зидди бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қирғизистон астҒарб таҳрим кард. Тоҷикистону ҳамсояҳояш ба Русия чӣ доданд ва чӣ гирифтанд?Узбекистон истихроҷи уранро ду баробар бештар карданистУзбекистон ба коркарди 8 кони нави уран омодагӣ мебинад