Парвиз аз Амрико: "Тоҷикон бештар ба Ню-Йорк меоянд". ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зиндагӣ дар кишвари имкониятҳо ё Амрико. То имрӯз ҳазорон зодагони Тоҷикистон ба ин кишвар омадаанду кору зиндагӣ мекунанд. Ҳазорон каси дигар ҳаваси рафтан ба Ню Йорку шаҳрҳои дигарро доранд.

Қаҳрамони навбатии барномаи “Рӯзгори муҳоҷир” Парвиз Ниёзови 42-сола, аз ҷумлаи нафаронест, ки тамоми пастиву баландии ҳаёт дар ин кишварро, ба қавле, дар пӯсти худ санҷидаву акнун ба дигарон кӯмак мерасонад. Ӯ ҳашт сол пеш муқими Амрико шуд.

Парвиз дар шабакаҳои иҷтимоӣ чун як нафаре маъруф аст, ки барои хоҳишмандони сафар ба Амрико роҳу машварат медиҳад. Бо нашри навор дар шабакаҳо аз вазъи кору зиндагӣ дар Амрико қисса мекунад.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, вақте ба Амрико омад, фақат 300 доллар дошт ва ҳеҷ маслиҳатгару роҳнамое ҳам надошт. Ҳоло соҳиби ширкат аст ва барои чандин нафари дигар ҷойи кор офаридааст. Ба қавли ин мусоҳиби мо дар Амрико, инсон худро роҳаттар эҳсос мекунад, зеро дар ин ҷо волоияти қонун таъмин аст ва ба ҳуқуқи шумо эҳтиром мегузоранд.

Мусоҳиби мо гуфт, ба фарқ аз солҳои пеш ҳоло зиндагӣ дар Амрико гаронтар ва пайдо кардани хонаи иҷора мушкилтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ муҳоҷирони тоҷик дар Амрико бештар бо корҳое машғуланд, ки пайдо карданаш осону даромадаш бештар аст ва ба фармонфармоии касе пойбанд нестанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Рӯзгори муҳоҷир-Саргузашти муҳоҷире, ки ҷинсашро дигар кард. ВИДЕОТоҷике дар Британия: "Аз Русия аз замин то осмон фарқ мекунад" Тоҷике, ки мурдаҳоро бо чашми худ дидааст (Рӯзгори муҳоҷир #3)Рӯзгори муҳоҷир: "Дар Русия акула нашавӣ, мехӯрандат""Рӯзгори муҳоҷир" - барномаи нави Радиои Озодӣ. ВИДЕОХуш омадед ба ҳафтаномаи "Рӯзгори муҳоҷир", ки ҳафтаи равон пешкаши бинандагон хоҳад шуд