Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш бо ирсоли як номаи махфӣ ба вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, пешниҳод кардааст, ки бар ивази дубора пайвастани Маскав ба “созиши ғалла” таҳримҳо алайҳи ин кишварро каме сабуктар хоҳад шуд.
Нома ба мақомоти Русия рӯзи 28-уми август ирсол шудааст ва Оҷонсии иттилоотии DPA дар ин бора 8-уми сентябр хабар дод. Гуфта шудааст, ки пешниҳоди Гуттериш ба Лавров аз чаҳор бахш иборат аст.
Дабири кулли СММ, аз ҷумла пешниҳод кардааст, ки таҳримҳо алайҳи Бонки кишоварзии Русия бекор карда шавад. Ин бонкро ҳам мисли бисёре аз ниҳодҳои молии Русия, Иттиҳоди Аврупо моҳи июни соли гузашта, аз низоми байналмилалии бонкии "SWIFT" берун карда буд.
Намояндаи Комиссияи Аврупо, дар сӯҳбат бо нашрияи Bild тасдиқ кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо, имкони ҷустуҷӯи роҳҳали созандаеро баррасӣ дорад, ки бар асоси он ба Русия барои харидуфурӯши маҳсулоти кишоварзӣ тариқи низоми SWIFT ва бидуни вайрон кардани таҳримҳои ИА иҷозаи пардохт дода мешавад.
Ба навиштаи Bild, пешниҳоди дигари СММ кафолати ҳифзи киштиҳои Русия аз ҳамлаҳои Украина дар Баҳри Азов ва Сиёҳ аст. “Ширкати суғуртавӣ бо маблағгузории СММ барои содироти маводи ғизоӣ ва нуриҳои Русия дар давоми 4-6 ҳафтаи баъд ба кор шурӯъ хоҳад кард" - омадааст, дар номаи Гутерриш.
Бахши сеюми пешниҳоди Гуттериш ба Русия баргардонидани маблағҳои боздошташудаи ин кишварро дар Иттиҳодияи Аврупоро дар назар дорад.
Ҳамчунин ваъда шудааст, ки ба киштиҳои Русия барои содироти маводи ғизоӣ ба бандарҳои Олмон ва кишварҳои дигар иҷозаи вуруд дода мешавад.
Мақомоти Украина дар вокиуниш ба пешниҳоди сабуктар кардани таҳримҳо алайҳи Русия гуфтаанд, мавқеи Киев дар ин бора бетағйир аст.
“Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд талош кунад, ки Русия ӯҳдадориҳои худро иҷро намояд, на ин, ки бо пешниҳоди гузашту сабукиҳо ба бештар шудани эҳсоси бемасъулиятии ин кишвар сабаб шавад”- гуфтааст, Олег Николенко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Украина.
Русия аз 17-уми июли имсол ширкаташро дар созиши содироти гандуми Украина боздошт. Ин созиши бесобиқа моҳи июли соли гузашта, зери сарпарастии Созмони Милал ва Туркия таҳия шуда, имкон медод, ки дар шароити ҷанг гандуми Украина аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ ба кишварҳои Африқо, Ховари Миёна ва Осиё берун бурда шавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Путин ва Эрдуғон се соат гап заданд, вале ба созиш нарасидандАфзоиши нигаронӣ аз гуруснагии ҷаҳонӣ дар пайи тасмими нави МаскавРусия ва Украина санади муҳим имзо карданд