Намояндагони Русия ва Украина рӯзи 22-юми июл дар шаҳри Истанбули Туркия санади муҳимеро имзо карданд. Бар асоси он, содироти ғалла аз Украина имконпазир шуд.
Ин кор бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дар пасманзари буҳрони ҷаҳонии озуқа, ки дар панҷ моҳи ҳамлаи Русия ба Украина ба вуҷуд омадааст, имзо гузоштанд.
Раисиҷумҳури Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, гуфт, созишнома ба кам шудани мушкили ҷаҳонии озуқа мусоидат хоҳад кард. Вай афзуд, иҷрои қарордодро як маркази муштарак дар Истанбул назорат мекунад.
Михайло Подоляк, мушовири аршади раисиҷумҳури Украина, пештар гуфта буд, "ҳангоми иғвогарӣ, бархӯрди фаврии низомӣ хоҳад шуд".
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ гуфтааст, тамаркуз рӯйи он хоҳад буд, ки Русия масъулияти иҷрои созишро ба дӯш бигирад.
Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар таърихи 24-уми феврали имсол баъзе бандарҳои украинӣ дар Баҳри Сиёҳ баста ва бархеи дигар ғасб шуданд.
Украина чорумин кишвари содиркунандаи ғалла дар ҷаҳон аст ва соли 2021 қариб 45 миллион тонна ғаллаву донагӣ фурӯхтааст.