Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов ду сол пеш дар пайи як муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар Қирғизистон боздошт шуда буданд. Дертар онҳоро барои идомаи адои ҷазо ба Тоҷикистон супурданд ва дар зиндони ноҳияи Ёвон нигаҳдорӣ мешуданд.
Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, рузи 2 август дар суҳбати телефонӣ гуфт, баъд аз чанд соли талошу муроҷиатҳо, охири моҳи июл парвандаи онҳо сафед ва аз маҳбас озод шудаанд. “Намояндаи додситонии кулл ба маҳбаси Ёвон омаданд ва гуфтанд,ки бо амри президенти Тоҷикистон парвандаи ҳардуи шумо сафед шуд ва шумо ҳеҷ доғи судӣ надоред озод ҳастед.”
Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло хушҳоланд, ки билохира пас аз чанд сол ба назди пайвандонашон баргаштанд. “Ба назди фарзандонамон баргаштем вақте аз маҳбас берун шудем пули роҳамонро пардохтанд ва ҳоло гириди дастурхон бо фарзандонам суҳбат дорам” гуфт, Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров.
Гузориши видеоиро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наргис Ҷабборова, ҳамсари ӯ низ гуфт, набудани шавҳараш зиндагии хонаводаро сахт ва ӯро афсурда карда буд. Ӯ аз мақомот ва хабарнигорон изҳори ташаккур кард. “Дар инҷо хизмати журналистон, хусусан хабарнигорони Радиои Озодӣ аст, ки моро суроғ мекарданд ва аз аҳволи мо мепурсиданду менавиштанд.” афзуд, вай.
Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, вале дар деҳаи Борбодуқи вилояти Бодканди Қирғизистон мезистанд. Онҳоро пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрели соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ду тараф чандин куштаву захмӣ барҷой гузошт, дастгир карданд.
Муфаттишони Қирғизистон гуфтаанд, дар телефони яке аз онҳо акси ӯро бо сарбозони тоҷик ёфтанд. Дигариро ба ғоратгарӣ ҳангоми даргирӣ гунаҳкор донистанд. Наздиконашон мегӯянд, иттиҳомот асос надорад ва аз ин рӯ озодии онҳоро мехоҳанд.
Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи ҷанҷолҳои марзӣ даҳҳо шаҳрванди якдигарро ба гумони ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ва ё иттиҳомҳои дигар боздошт карда, дертар қисмеро табодул намуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Сарнавишти ду тоҷике, ки Қирғизистон ба Душанбе дод, чӣ шуд?Ду шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон хостанд, ҳукми Додгоҳи Бодканд бекор шавадТоҷикистон ду шаҳрвандашро, ки аз Қирғизистон гирифта буд, дар зиндони Ёвон ҷой кардМақомоти тоҷик ваъдаи раҳоии ду маҳкумшуда дар Қирғизистонро додаанд"Лоғар шудааст, аммо рӯҳияаш болида." Аз зиндони Бодканд ба боздоштгоҳи ХуҷандҚирғизистон ду зиндонии тоҷикро барои адои ҷазо ба Душанбе супурдааст