Тоҷикистон ба Афғонистон чӣ қадар барқ медиҳад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон имсол омори фурӯши барқро ба Афғонистон фош накарданд. Чанде аз мусоҳибони мо бовар доранд, мақомот ба хотири пешгирӣ аз танқиди мардум гап намезананд. Дар ҳоле ки аҳолии Тоҷикистон аз камбуди рӯшноӣ азият мекашанд, интиқоли барқ ба Афғонистони зери итоати Толибон мояи баҳс шуда.