Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сабукдӯш шудааст

Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буд.

Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми январ аз мақомаш барканор шудааст.

Сомонаи президенти Тоҷикистон далели озод шудани ӯ аз вазифаро "расидан ба синни нафақа" номидааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, Шариф Самӣ 65-сола шудааст. Далели дигари барканории ӯ аз мақомаш ҳанӯз дастрас нашудааст.

Руслан Қодирзода ба ҷои ӯ раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт таъин шудааст.

Азизулло Исматзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ низ рӯзи 11-уми январ аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали додситони кул таъин шудааст.

Азизулло Исматзода моҳи ноябри соли 2020 ба ин мансаб таъин шуда буд. Дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ҳанӯз маълум нест, ба ҷои ӯ киро таъин кардаанд.

Азизулло Исматзода чандон чеҳраи шинохта набуд, вале Шариф Самӣ, як чеҳраи калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва дар гузашта дар мансабҳои муҳиме, ба мисли раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира) кор кардааст.

Моҳи ноябри соли гузашта исми Шариф Самӣ дар пайванд ба занозании писараш дар як тарабхона расонаӣ шуда буд. Ба иттилои дарёфтӣ, Зафарҷон Самӣ, масъули толори VIP-и Фурудгоҳи Душанбе ва писари Шариф Самӣ дар он занозанӣ захмӣ шуда буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаро “авбошӣ” номид.

Шариф Самӣ моҳи январи соли 2017 раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин шуда буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Муноқиша дар тарабхонае дар Душанбе. Писари як мансабдор захмӣ шудаастШариф Самӣ гузориши HRW дар бораи Роғунро "сафсата" номидШарифхон Самиев Самӣ Шариф шуд