Хатти гумшуда. Таърихчаи кӯтоҳи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Номуайянии сарҳад дар байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даҳаи охир сабаби зиёда аз 140 низои хурду калон шуда, дар натиҷа, аз ду ҷониб ҷамъан беш аз 200 нафар ҷон бохта, садҳо кас захмӣ гаштаанд. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Душанбе ва Бишкек ҳар дафъа якдигарро ба сар кардани даргирӣ, барангехтани иғво, ҳамла бо силоҳҳои сангин ва таҷовузи мусаллаҳона гунаҳкор мекунанд.

"Мерос"-и СССР

Хатҳои асосии марз аз соли 1924, замони тақсими ҳудудии Осиёи Марказӣ монда, вале дар давраҳои баъдӣ борҳо тағйир ёфтаанд.

Саламат Аламонов

Ба гуфтаи Саламат Аламанов, раҳбари пешини Кумисюни ҳукуматии Қирғизистон дар мавриди таъйину нишонагузории марз бо Тоҷикистон, “дар замони Шӯравӣ кумисюнҳои паритетӣ кор мекарданд ва тақрибан масъаларо ба анҷом расонида буданд, аммо Иттиҳод пош хӯрд. Акнун ҳар дафъа он печидатар мешавад”.

Ҷумъабой Сангинов

Аммо Ҷумъабой Сангинов, ҳамтои тоҷики ӯ мегӯяд, охирин тағйири ҷиддӣ дар соли 1932 рух дода, натиҷаҳои онро ҳамаи тарафҳо ба таври қонунӣ қабул кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, рамзӣ будани ҳатти марз дар СССР сабаби кӯчидани аҳолӣ аз ҷой ба ҷое ва муқим шудан дар ҷойи дигар гардид ва гузашта аз ин пас аз соли 1932 201 ҳазор гектар замини Тоҷикистон ба Қирғизисттон иҷора дода шуд.

Ҷанҷоли сокинон дар марз аввал дар соли 1974 барои об сар шуда, тирандозӣ аз камонҳои шикорӣ сурат гирифт, дар солҳои 1982 ва 1989 истифодаи замину чарогоҳҳоро низ фаро гирифт ва истилоҳи “минтақаҳои баҳснок”-ро ба миён овард.

Масъалаи хатти марз баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли ҷумҳуриҳо дар ин минтақа сахттар шуд. Сарҳадҳо дар даврони Шӯравӣ шартӣ буд ва, аз ин рӯ, барои ҳамкории кишварҳо монеае вуҷуд надошт. Сокинон ҳамчун узви кишварҳои “бародар” чарогоҳ ва оби муштарак доштанд, аммо баъди касби истиқлол ин масъалаҳо ба монеа ва манбаи низоъҳои марзӣ табдил ёфтанд.

Истиқлол ва таъини марз

Нахустин гуфтугӯи Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи сарҳад охири соли 2002 дар Бишкек баргузор шуд ва сипас соли 2003 дар Душанбе идома ёфт. Дар ҳар ду гуфтугӯ сухан дар бораи он буд, ки барои муайян кардани кадом ҳуҷҷатҳоро асос ё манбаъ бояд гирифт.

Ҷонибҳо натавонистанд, ба созиш бирасанд, ки бар пояи кадом санадҳо хати марзро бикашанд ва ин сабабгашт, масъала то имрӯз тӯл кашад. Ризоияти ду тараф бар сари ҳуҷҷат метавонист, асоси ҳалли мушкил гардад. Тоҷикистон мехоҳад, хатти марз бар асоси харитаҳои солҳои 1924-1927 муайян карда шавад. Қирғизистон пешниҳод дорад, ки ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1955-1959 такя кунанд, ҳарчанд дар баъзе мавридҳо харитаҳои 1924-27-ро қабул дорад.

Ҳар дафъа иваз шудани сарони ҳайати Тоҷикистон ва тағйири ҳукумат дар Қирғизистон, ки ба рад шудани созишҳои пешина сабаб гашт, мушкилро печидатар намуд.

Ҷанҷол бештар бар сари замин ва тақсими об аст

Омор баёнгари он аст, ки бештари муноқишаҳо дар ҷамоати Ворух ва Чоркӯҳи Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бо деҳаҳои ҳаммарзи Қирғизистон рӯй додааст.

2013

Аз 19 низое, ки марзи ду кишвар дар соли 2013 шоҳид шуд, тақрибан 80 дарсад дар наздикии ҷамоати Ворух гузаштааст.

Рӯзи 27-уми апрели ҳамон сол, ҳангоми сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, задухӯрд шуд. Сокинони деҳаи Оқсой роҳи Ворух-Исфараро бастанд ва шаҳрвандони ду кишвар ба сӯи ҳамдигар санг партофтанд. Дар натиҷа, 8 кас захмӣ шуда, чандин мошин осеб дид. Баъдан дар минтақа чандин бор муноқишаҳо сар зада, роҳҳо ё баста ва ё мошинҳо сангборон мешуданд.

Яке аз задухӯрдҳои охирини он сол рӯзи 18-уми декабр, замоне рӯй дод, ки шаҳрвандони ҳарду кишвар роҳро баста, ба тарафи ҳамдигар санг заданд. Ҳарчанд намояндагони расмии ду кишвар гуфтугӯ карда, вазъро ба эътидол оварданд, масъалаи бунёди роҳ ҳалношуда монд. Дар ин низоъ чанд кас захмӣ шуд, расман эълон накарданд.

Дар он солҳо миёни деҳаҳои Куктошу Паска-Ариқи Қирғизистон ва Сурху Чоркӯҳи Тоҷикистон баҳсҳои марзӣ ба вуҷуд омада буд. Ҷониби Қирғизистон соли 2013 назорати кони нафти Каттатузро дар деҳаи Арқаи ноҳияи Лайлак ба даст гирифт. Кон тақрибан 40 сол аз сӯи Тоҷикистон коркард мешуд. Марзбонони қирғиз соли 2013 як корхонаи истихроҷи нафти Тоҷикистонро аз қаламрави Қирғизистон берун карданд.

Вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Бодканд ҳамсарҳад аст. Таъйини хатти марз дар ин минтақа мушкил аст ва бинобар ин, низоъҳо зуд-зуд дар онҷо рух медиҳанд.

Сокинон мегӯянд, задухӯрд ҳар сол сахттар ва пурқурбонӣ мешавад

2014

Бино ба маълумоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, соли 2014 дар минтақаҳои марзӣ 32 муноқиша сабт шудааст. Дар панҷтои он силоҳи оташфишон истифода кардаанд. Аз ҷониби Тоҷикистон се кас (ду нафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва як кас дар Исфара) кушта ва 23 нафар захмӣ шуд. Қирғизистон дар бораи як кушта ва 25 захмӣ хабар дод.

Марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзи 11-уми январи ҳамон сол дар нуқтаи тақсими об тирандозӣ карданд. Дар натиҷа, се сарҳадбони тоҷик ва панҷ марзбон ва як пулиси қирғиз захмӣ шуданд. Душанбе ва Бишкек он замон ҳамдигарро ба сар задани низоъ айбдор карда, нотаи эътирозӣ фиристоданд.

Ҷониби Тоҷикистон алайҳи бунёди шоҳроҳи Куктош – Оқсой – Тамдиқ, ки Ворухро давр мезанад, эътироз кард ва дар натиҷа муноқиша рух дод. Қирғизистон баъди ин ҳодиса гузаргоҳҳои марзии худро дар онҷо ба таври якҷониба баст.

Ҷонибҳо рӯзи 15-уми январ дар ҷараёни гуфтугӯ ба тавофуқ расиданд, ки нерӯҳои иловагиро берун баранд. Аммо иҷрои ин тавофуқ дер шуруъ шуд ва марз низ чаҳор моҳ баста монд. Расо баъд аз як моҳи ин ҳодиса, 11-уми феврал, мақомоти Тоҷикистон маҷбур шуданд, барои пароканда кардани сокинони Ворух, ки бо талаби кушодани марз эътироз карданд, ба ҳаво тир кушоянд.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки Муродалӣ Алимардон, муовини онвақтаи нахуствазири Тоҷикистон, ба сокинони Ворух ваъда додааст, ин минтақа “анклав” нахоҳад буд. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар ҳол ин иддаоро рад кард.

Тоқон Мамитов, муовини вақти сарвазири Қирғизистон дар умури амният он замон гуфта буд, ки ин кор ҳеч гоҳ нахоҳад шуд. “Тоҷикистон ҳанӯз соли 2000-ум дархост карда буд, ки барои Ворух аз тарафи чап ё рости Оқсой то деҳаи Хоҷаи Аъло долон ҷудо карда шавад. Ҳатто соли 2003 Ворух ва Хоҷаи Аълоро аз рӯи харитаи соли 1925 ба ҳам пайваст карда, деҳаи мо - Оқсойро ҳамчун қаламрави Тоҷикистон номиданд, аммо мо фавран рад кардем,” – гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳар дафъа созиши оташбас ва берун бурдани нерӯҳоро аз марз имзо мекунанд, вале дертар даргирӣ идома мекунад

7 ва 8-уми майи соли 2014 дар маҳаллаи Жака-Орук, дар наздикии рустои Куктош муноқиша сар зад, ки дар натиҷаи он 17 қирғизистонӣ ва 8 шаҳрванди Тоҷикистон дар бемористон бистарӣ шуда, дар деҳаи Кок-Терек, дар ҳамсоягии Жака-Орук, як мағоза, ду контейнер ва ду мошин ба коми оташ рафт. Ин минтақаи аҳолинишин, ки дар он 17 хоҷагӣ мавҷуд аст, деҳаҳои тоҷикнишинро иҳота мекунад.

Сипас, 10-уми июли ҳамон сол, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз задухӯрд сар зад. Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар ин муноқиша 7 сокини осоишта ва як марзбон ҷароҳат бардошта, дертар яке аз онҳо ҷон бохт. Душанбе ба Қирғизистон нота фиристод. Бишкек дар посух Душанберо ба сар задани низоъ муттаҳам кард ва маълумоти комилан дигарро пешниҳод кард.

Он рӯз мебоист дар Тоҷикистон ҷаласаи масоили марзии сарони ҳайатҳои ду кишвар баргузор мешуд. Аммо вақте гуфтугӯ шурӯъ шуд, миёни марзбонони ду кишвар задухӯрд ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷа як сарбози қирғиз захмӣ шуд.

Миёни марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон худи ҳамон сол, 25-уми август, дар ноҳияи Лайлак тирпаронӣ сурат гирифт. Радиои Озодӣ он замон аз марги ду нафар ва захмӣ шудани панҷ кас хабар дод. Аз ҷониби Қирғизистон як нафар, ки латукӯб шуда буд, дар бемористон бистарӣ гашт.

2015

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон соли 2015 10 муноқишаи гуногун сабт ва дар яке аз онҳо силоҳи оташфишон истифода шудааст. Дар оташкушоии рӯзи 6-уми июли ҳамон сол як марзбони тоҷик захмӣ ва сокини Чоркӯҳ, Боборизо Ризоеви 18-сола, кушта шуд.

Миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 3-4-уми августи он сол дар маҳалле, ки деҳаи Куктош ва Чоркӯҳ марзи муштарак доранд, муноқиша сар зад. Ҷониби Тоҷикистон дар бораи талафоти ҷонӣ расман гузориш надод. Манобеъ дар бораи беш аз се захмӣ гуфтанд. Мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки 7 шаҳрванди он кишвар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, сокинони Тоҷикистон баъдан роҳро байни қабристони куҳна ва нави сокинони Қирғизистон бастанд ва қирғизҳо дар посух пеши роҳи оберо, ки ба деҳаи тоҷикон мерафт, гирифтанд. Кумисюнҳои байниҳукуматӣ низоъро бо роҳи гуфтугӯ ҳал карданд, вазъ муътадил шуд.

2016

Соли 2016 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16 муноқиша рух додааст. Бештари онҳо бар сари ихтилофҳои ночиз сар заданд.

2017

Дар он сол дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 10 муноқиша сабт шудааст. Ҳудуди 30 шаҳрванди ду кишвар моҳи январи он сол дар деҳаи Куктош ҷамъ омада, ба ҳаллу фасли кор шуруъ карданд. Сабаб ин буд, ки як рӯз пеш дар робита ба занозании ҷавонони ҳарду ҷониб тафтишот оғоз шуд. Аз ҷумла, хабар дода шуд, ки раиси деҳаи Куктош Розия Усорова аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон латукӯб ва дар бемористон бистарӣ шудааст.

2018

Ингуна “нофаҳмиҳои хурд” соли 2018 низ дар марзи ду кишвар ба қайд гирифта шуда буд. Шумори онҳо ба 7 мерасид. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2018 дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон вазъ шиддат ёфт. Сипас Тоҷикистон ба таври якҷониба гузаштани одамон, нақлиёт ва колоро аз гузаргоҳҳои Кулунду Қайроғоч манъ кард.

Рӯзи 3-юми апрели соли 2018 дар минтақаи марзӣ, дар наздикии деҳаи Уч-Добои ноҳияи Бодканд муноқиша сар зад. Дар ин мавзеъ ҳудуди 50 шаҳрванди ду кишвар ҷамъ омада, ба тарафи якдигар сангпартоӣ карданд. Вазъ дар давоми ним соат ба эътидол оварда шуд. Он замон ду шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳатҳои сабук бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Аз ҷониби Тоҷикистон як марзбон ҷароҳат бардошта буд.

Дар задухӯрди солҳои охир шумораи қурбониён захмиён афзудааст

Рӯзи 31-уми майи он сол дар марз задухӯрд ба амал омад. Сабаб он шуд, ки қирғизҳо талош карданд, роҳи маҳаллиро ба ҳолати аввалааш баргардонанд. Ба гуфтаи онҳо, “шаҳрвандони Тоҷикистон роҳеро, ки аз марзи ду кишвар мегузарад, танг карда, ба тарафи деҳаи Оқсой гузарондаанд”. Аммо сокинони Ворухи Тоҷикистон гуфтанд, муноқиша ба далели вуруди қирғизҳо ба қаламрави баҳсбарангез рух дод. Он замон аз ҷониби Тоҷикистон 1 нафар ҷароҳат бардошта буд.

Марзбонони тоҷику қирғиз 4-уми июн дар байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлак ҷанҷол карданд. Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро дастгир ва онҳоро латукӯб кардаанд. Дертар онҳо озод шуданд.

Ҷониби Тоҷикистон Қирғизистонро ба нақзи созишномаҳои имзошуда дар мавриди чигунагии рафтор дар хатти марзи ду кишвар айбдор кард. Ҷониби Қирғизистон иддао кард, ки сарҳадбонҳои тоҷик марзи Қирғизистонро гузашта, “ба минтақаи маъруф ба майдони футбол, ки ба таври стихиявӣ тиҷорат анҷом мегирад, ворид шуданд”.

2019

Соли 2019 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқиша рух дод. Маълумоти расмӣ нишон медиҳад, ки ташаннуҷ дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ва ҳамчунин шумори қурбониён афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои манобеи боз, дар ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон 6 нафар кушта, беш аз 10 нафар маҷрӯҳ гашт. Ҳамин тариқ, он сол як шаҳрванди Қирғизистон кушта ва 61 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Миёни сокинони деҳаҳои Оқсой (Қирғизистон) ва Меҳнатобод (Тоҷикистон) рӯзи 13-уми март муноқиша сар зад. Онҳое, ки аз ду тараф ҷамъ шуда буданд, ба сӯи якдигар санг партофтанд. Пас аз ин, шаҳрвандони Тоҷикистон роҳро дар минтақаи Торт-Кочо (роҳи Уш-Исфана) ва қирғизҳо дар деҳаи Оқсой (роҳи мошингард ба Ворух)-ро бастанд.

Он замон хабар дода шуд, ки дар ин муноқиша 2 шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 шаҳрванди Қирғизистон куштаву чандин тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гурӯҳи муштараки тафтишотии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсис ёфт.

Рӯзи 22-юми июл дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дубора тирпаронӣ шуд. Дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон, омӯзгор Ҷалолиддин Қароеви 52-сола, кушта ва 7 кас захмӣ шуд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи 17 захмӣ гузориш дод.

Рӯйхати қурбониёнро инҷо бинед: Номи 83 қурбонии низои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Баъди ин ҳодиса, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти вақти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар марз вохӯрданд. Онҳо бо сокинони маҳаллӣ суҳбат карда, сипас гуфтугӯи худро дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон идома доданд.

Моҳи сентябри он сол дар марзи байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳодисаи нав рух дод. Қирғизистон марзбонони тоҷикро ба он айбдор кард, ки гуё ҳангоми муноқиша дар назди дидбонгоҳҳои марзии “Мақсад” ва “Сой” қонуншиканӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар посух Қирғизистонро ба барангехтани низоъ муттаҳам намуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки дар муноқиша се марзбони тоҷик кушта ва чанд шаҳрванди одӣ, аз ҷумла ду кӯдак ва занон маҷруҳ шуданд ва ба Бишкек нотаи эътирозӣ супурд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар натиҷаи ин низоъ як низомии 41-сола ба ҳалокат расида, 12 тани дигар захмӣ шуданд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки 7 нафари онҳо низомӣ ва шаш нафар сокинони деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлак мебошанд.

Рӯзи 16-уми декабр дар марзи байни Исфара ва Бодканд муноқиша сар зад. Дар ин ҳодиса се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла хонандаи мактаб Умедҷон Сафарови 14-сола, захмӣ шуданд. Қирғизистон гуфт, 6 шаҳрвандаш осеб диданд.

2020

Шоми 9-уми январи соли 2020 дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқиша сар зад. Хадамоти марзбонии Қирғизистон изҳорот дод, ки дар натиҷаи як иғво мошинҳои қирғизистониён сангборон шуд. Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон масъулияти барангехтани низоъро бар дӯши сокинони деҳаи Куктоши Бодканд гузошт.

Дар изҳороти КДАМ гуфта шуд, “гурӯҳи бузурги сокинони маҳаллаи Куктош, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд, ба гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз роҳи деҳаи Сомониён монеа эҷод карданд".

Исфара. Осори даргирӣ дар марз бо Қирғизистон

Низои 8-уми май дар ин деҳа ба тирпаронӣ печид. Оташкушоӣ баъди он рух дод, ки Тоҷикистон сокинони Куктошро аз қитъаи кишташон ронда, гуфт, ин чаҳор гектар замин, аз рӯи харитаҳо, ба Қирғизистон тааллуқ надорад. Дар ин задухӯрд се марзбони қирғиз захмӣ шуда, як хонаи панҷҳуҷраӣ сӯхт.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин чаҳор гектар замини кишвар аст ва ҷониби Қирғизистон низоъ барангехт, ки дар натиҷа ду тоҷик захмӣ шуд. Вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар баъди ин ҳодиса алайҳи якдигар изҳорот дода, ба ҳамдигар нотаи эътирозӣ фиристоданд.

Рӯзи 24-уми май дар чарогоҳи Мойнок, воқеъ дар марзи деҳаи Оқсой (Қирғизистон) ва Ворух (Тоҷикистон) задухӯрди мусаллаҳона рух дод. Аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надид. Радиои Озодӣ аз захмӣ шудани як марзбони тоҷик хабар дода буд.

Шаби 1 ба 2-юми июн мақомоти Қирғизистон дар бораи тирпаронии нав дар марз бо Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои онҳо, афроди номаълум гуё аз сӯйи Тоҷикистон ба тарафи як шаҳрванди Қирғизистон оташ кушодаанд. Мақомоти Исфара он замон хабари расонаҳои Қирғизистонро дар бораи тирпаронӣ "яктарафа ва шубҳаангез" хонданд.

Субҳи 6-уми август дар марз тиркушоӣ шуд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳодиса дар мавзеи Эки-Тош сурат гирифт ва як марзбони он кишвар захмӣ шуд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, як сокини Чоркӯҳи Исфара ба ҳалокат расид.

2021

Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон соли 2021 ду муноқиша рух дод, ки хунинтарин дар таърихи ҳарду давлат ба шумор мерафт.

Маркази обтақсимкунӣ рӯзҳои 28 ва 30-юми апрели соли 2021 боис шуд, ки марзбонони ду кишвар ба самти якдигар оташ кушоянд. Дар ин задухӯрдҳо, ки то 1-уми май идома карданд, 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, 36 шаҳрванди он кишвар, аз ҷумла ду кӯдак кушта шуда, зиёда аз 180 кас ҷароҳат бардоштанд. Ҳазорон нафар маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва ба минтақаҳои бехавф кӯчанд. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 29-уми июни он сол ба Душанбе омад ва бо Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти марзӣ гуфтугӯ карданд. Баъди он дар марзи ду кишвар задухӯрди нави мусаллахона ба амал омад.

2022

Дар 9 моҳи соли 2022 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон 14 муноқиша рух додааст. Дар задухӯрди 27-уми январ ба иттилои хабаргузории “Ховар” ду тоҷикистонӣ кушта ва 10 нафар захмӣ шуданд. Аз ҷониби Қирғизистон 13 нафар захмӣ гардиданд.

Шоми 12-уми апрел боз садои тирпарронӣ - маҳз дар ҷараёни гуфтугӯи намояндагони марзбонии ду кишвар – баланд шуд. Дар натиҷаи тирпаронии 30-дақиқаӣ як марзбони қирғиз осеб дид.

Марзбонони Қирғизистон рӯзи 3-юми июн дар мавзеи Булоқ-Бошии Бодканд бо марзбонони Тоҷикистон задухӯрд карданд. Ду низомии Қирғизистон захмӣ шуд.

Ҳамчунин 14-уми июн миёни марзбонони дидбонгоҳҳои Булок-Бошӣ (Қирғизистон) ва Кех (Тоҷикистон) задухурд ба амал омад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар пайи ин ҳодиса як марзбони 26-солаи тоҷик ба ҳалокат расидааст.

Аз 14 то 17-уми сентябр дар марз бузургтарин муноқиша байни ду кишвар аз замони истиқлол рӯй дод. Тоҷикистон онро таҷовузи низомӣ ба қаламраваш номид. Бишкек низ айни иддаоро дорад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар даргириҳо беш аз 50 нафар кушта ва тақрибан 200 кас маҷруҳ шуданд. Радиои Озодӣ то ин дам номи беш аз 80 қурбониро гирд овардааст.

Дар натиҷаи даргирӣ 62 шаҳрванди Қирғизистон кушта шуд, ки 40 нафари онҳо низомӣ буданд. Тақрибан 200 кас ҷароҳат бардошт. Беш аз 140 ҳазор сокини деҳаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон маҷбур шуданд, хонаҳои худро тарк кунанд. Гуфта мешавад, ки аксари онҳо алакай ба хонаҳои худ баргаштаанд.

Деҳаи Мақсати Қирғизистон пас аз муноқишаи марзӣ

Мушкили ҳалношудаи марз

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пайваста гуфтугӯ мекунанд ва санадҳои оташбасро имзо мекунанд, вале хусусияти муноқишаҳои ду кишвар тағйир намеёбад.

“Ҷанҷолҳои доимӣ боиси афзоиши шумори одамони хашмгин мешаванд. Шумори сокинон — маҷрӯҳ, норозӣ, хашмгин - зиёд мешавад. Даҳшатноктарин оқибати ин мушкил маҳз ҳамин аст”, - гуфт муовини собиқи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Бактигул Қаламбекова.

Профессори Донишгоҳи Оксфорд, антропологи иҷтимоӣ Мадлин Ривз, ки сарҳад ва муҳоҷират дар Осиёи Марказиро меомӯзад, мегӯяд, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар даҳсолаи охир, бахусус давоми ду соли охир, силоҳҳои вазнин бештар истифода мешаванд ва кӯшиш мекунад мушкилро аз роҳи зурӣ ҳал кунанд.

“Вазъият ба таври назаррас бадтар шудааст. Муносибатҳо миёни одамоне, ки дар сарҳад зиндагӣ мекунанд, тағйир ёфтаанд. Барои намуна, вақте 20 сол пеш ба Исфара рафтам, сарфи назар аз солҳо боз идома ёфтани ташаннуҷи вазъ шоҳиди фазои ҳамдигарфаҳмӣ ё тавре сокинони маҳаллӣ мегуфтанд, “ҳамаи мо дар як киштӣ ҳастем” шудам. Ҳоло ин мавқеъ тағйир ёфтааст. Бештари вақт мегӯянд, инҷо оянда надорад ва бояд ба Русия рафт. Мегӯянд, зиндагии осоиштаву амн дигар номумкин аст. Ба назари ман, муҳим ин нест, ки дар минтақа силоҳ бештар шудааст, муҳим он аст, ки эҳсоси тарс ва нигаронии сокинони маҳаллӣ афзоиш ёфтааст,” – шарҳ дод ӯ.

Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд ва дар ҳоли ҳозир бештар аз 300 километр ё 32 дарсади он номуайян мондааст.

Раҳбарони ду кишвар бо миёнравии Русия рӯзи 14-уми октябр дар Остона мулоқот карданд. Тафсилоташ маълум нест. Аммо шиддат гирифтани даргириҳо дар ду соли охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тамоми минтақаро ба ташвиш овардааст. Коршиносон таъкид мекунанд, ки чунин таҳаввули вазъ метавонад барои тамоми Осиёи Марказӣ хатар эҷод кунад.