Бунёди собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз болои созмони таҳқиқотии амрикоии Journalism Development Network ба додгоҳ шикоят кардааст. Ин бунёд гуфтааст, ки маводи дар саҳифаи интернетии Маркази таҳқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ёдшуда дар бораи он ки пулҳои ин ниҳод ғайримақсаднок истифода мешаванд, ба обрӯву эътибори онҳо зарба зада, дурӯғ ва тӯҳмат мебошанд.
Манзур таҳқиқоти рӯзи 19 январ нашршуда аст, ки дар он кори чор созмони хайрияи вобаста ба Назарбоев таҳлил шудааст. Ба ҳисобҳои OCCRP, ҳамаи ин созмонҳо ба маблағи 7,8 миллиард доллар дороӣ доранд. Ҷониби даъвогар, ки аз ҳуқуқи Бунёди Назарбоев ҳимоят мекунад, гуфтааст, ки ин ниҳод барои дастгирии Донишгоҳи Назарбоев ва мактабҳои ба номи президенти собиқ таъсис шуда, ҳадафашон эҷоди модели таҳсили ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар ин даъво омадааст, ки худи Назарбоев “ҳеҷ рабте” ба ин созмонҳо надорад. Дар таҳқиқоти журналистӣ омадааст, ки ҳарчанд исми Назарбоев дар санадҳои расмии вобаста ба ин бунёд вуҷуд надорад, вале амалан кору даромади онро назорат мекунад. Journalism Development Network гуфт, ки даъвои ҷониби Назарбоев беасос аст ва OCCRP ҳам онҳоро дастгирӣ мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Бародари президенти собиқро ба "ғасби моликият" муттаҳам кардандФоидаи олии шарики хориҷии ТАЛКО аз маъдан ва партовҳои ТакобҚосим Раҳбар гуфт, ҳисоби бонкиро дар Швейтсария “як қаллоб” боз кардааст Дороӣ ва тиҷорати ҷиянҳои Бердимуҳаммадов дар ТуркманистонДар Бонки Миллӣ гуфтанд, ки "Имон"-ро "нахӯрданд". OCCRP чизи дигар мегӯяд.ВИДЕО“Агар хеши президент пуштибонӣ накунад, тоҷир шуда наметавонӣ”Чаро "Имон" ба чоҳ афтод? Миллионҳо доллар ҳамчун қазияи "пулшӯйӣ" -- OCCRP"Фароз" иддао дорад, ки дигар нест. Ҳукумат ба ширкати набуда чӣ гуна замин дод?OCCRP: Пул аз роҳи издивоҷ