Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоидаи олии шарики хориҷии ТАЛКО аз маъдан ва партовҳои Такоб


Корхонаи алюминиюми тоҷик. Акс аз соли 2018

Пас аз як комёбӣ дар ҳамкорияш бо Тоҷикистон, ширкати бритониёии Vast Resources рӯзи 24-уми май бо ТАЛКО, ширкати алюминиюми тоҷик, шартномаи наверо ба имзо расонд, ки коркарди маъданҳои Тоҷикистонро фаро мегирад.

То ин вақт Vast Resources танҳо ба фурӯши онҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ машғул буд ва пешрафташ дар ин арса сабаби якбора 172 дарсад (!) гарон шудани саҳмияҳояш гашт. Расонаҳои Бритониё чунин ҷаҳишро бесобиқа ва барои давраи ҳозираи буҳронӣ ҳайратовар номиданд. Онҳо навиштанд, коршарики Корхонаи бойгардонии Такоб (бахше аз ТАЛКО) шудани Vast Resources сабаби асосии ин ҷаҳиш гаштааст.

Vast Resources дар ҳайати Central Asia Minerals and Metals Ore Trading (корхонаи муштараки Қазоқистон ва Мақдунияи Шимолӣ) бо Такоб созиш баст, ки моҳе дар Тоҷикистон 7000 тонна маъдан тавлид мекунад ва он дорои фулузоти нодир, аз ҷумла сурб (қӯрғошим), руҳ, флюорит, тило ва нуқра хоҳад буд.

ТАЛКО, шаҳри Турсунзода, соли 2012
ТАЛКО, шаҳри Турсунзода, соли 2012

Дар иттилоияи расмии Vast гуфта мешавад, ки мутобиқи шартномаи корӣ Корхонаи бойгардонии Такоб дар 12 соли оянда уҳдадор мешавад, на камтар аз 1 миллион тонна хокаи ғанишуда аз конҳояш истихроҷ кунад. Vast масъули маркетинг ва ё бозорёбӣ ва фурӯши ин маъдан дар бозори ҷаҳонӣ хоҳад буд. Аммо пас аз комёбии бесобиқае, ки дар муддати ҳамагӣ 21 рӯз ба Vast даст дод, акнун қарордоди нави иловагӣ бо Такоб ё ТАЛКО баста шуд, ки бино бар он коркарди партвоҳои Такоб низ ба ихтиёри Vast хоҳад гузашт.

Ин шартнома аз Vast 20 миллион доллар сармоягузориро ба ТАЛКО талаб мекунад ва бақияи кор тибқи ҳамаи шартҳои қарордоди пешина ҷараён мегирад, ки 3-юми майи соли 2022 баста шудааст. Яъне, ҳамон гуна ки Vast 12,25 дарсади ҳамаи даромад аз фурӯши консентрати ғайриоҳаниро ба даст меовард, аз коркарди партовҳо низ ин фоидаро хоҳад гирифт.

Чаро Тоҷикистон аз ин "пешравӣ" нагуфт?

Ҳарчанд Эндрю Прелеа, мудири иҷроияи Vast Resources, комёбии беназири ширкати худро ба ҳимояти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ медиҳад, дар худи Тоҷикистон бо вуҷуди онки аз пешрафтҳо суҳбат карданро дӯст медоранд, дар ин бора хабар ё изҳороте нашр нашудааст. Прелеа меафзояд, даромади ширкаташ дар семоҳаи аввали сол 236% боло рафтааст.

То ин вақт Vast асосан дар Руминия ва Зимбабве машғули кор буда, ширкати бузург нест ва дар соли 2021 ҳамагӣ наздики 900 ҳазор доллар будааст. Вале чаро ин ширкат ҳамагӣ пас аз 21 рӯзи имзои созишномаи аввал бо ТАЛКО шартномаи дувумро бо он ба имзо расонд?

Тавре дар хабарномаи расмии ширкат омадааст, коршарики дигари он бо номи Formin TJK намунаҳои хокаи маъдании Такоб ва партовҳои онро таҳлил кардаву ба натиҷае расидааст, ки дар онҳо миқдори зиёди сурб, руҳ, тило, нуқра ва металҳои навъи платина вуҷуд доштаанд. Таҳқиқи сатҳии Formin TJK нишон додааст, ки партовҳои Такоб аз 3 миллион тонна бештаранд ва ҳанӯз қаъри онҳо омӯхта нашудааст.

Ширкати Formin TJK, ки бо дархости Vast Resources ин таҳқиқотро гузарондааст ва акнун шарики он дар ҳамкорӣ бо ТАЛКО хоҳад буд, аз он лиҳоз шубҳабарангез аст, ки ҳамагӣ чанде пеш, охири моҳи январи имсол, дар Руминия таъсис ёфта, муассис ва масъулонаш маълум нестанд.

Ширкатҳои "кӯтоҳумр" киро бой мекунанд?

Дар гузашта барои истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ширкатҳои зиёде таъсис ёфтаву пас аз дарёфти даромади бузурги худ барҳам хӯрдаанд. Барои намуна, ширкатҳои Glatto Management ва Ibstock Equity Limited танҳо барои он таъсис ёфтанд, ки сарнавишти чанде аз конҳои тилои Тоҷикистонро ҳал кунанд. Дар паси яке аз онҳо, ба навиштаи Лоиҳаи гузоришдиҳии ҷинояткории муташаккил ва фасод ё OCCRP, домоди президенти Тоҷикистон ва молики "Фароз" Шамсулло Соҳибов ва дувумӣ, миллионер аз Зеландияи Нав Крейг Браун қарор доштанд.

Дар ин росто муваффақияти бесобиқаи Vast дар муддати кӯтоҳ низ суолбарангез аст, чун гуфта намешавад, дар 21 рӯзи ҳамкорияш бо ТАЛКО он барои чӣ қадар фулузоти ширкати тоҷикистонӣ ва бо кадом нарх бозор ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки худи ТАЛКО чунин муваффақ ба назар намерасад ва рӯшан нест, аз ин доду ситад бо ширкати бритониёӣ худи корона, ки моли давлат аст, чӣ миқдор фоида мебинад. Ҳол он ки мутобиқи қонунҳо сарватҳои зеризаминӣ моликияти истисноии давлат ба шумор меоянд ва даромад аз он бояд ба "ҷайби миллат" ворид шавад.

Ширкат дар соли 2021 ҳамагӣ 61 ҳазор тонна метал тавлид кардааст, ки дар қиёс ба як сол пеш 28 дарсад ва ё 24 ҳазор тонна камтар аст. Ҳол он ки нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ҳоло фавқулода баланд аст ва Тоҷикистон бо назардошти вазъи иқтисодияш мебоист аз ин шароит манфиати бештар ба даст меовард.

Радиои Озодӣ дар пайи ҷустуҷӯҳо маълум кард, ки зерширкати ТАЛКО - "Талко флюорит" - ҳарчанд бо исмаш аз решапайванд будан бо корхонаи аллюминиюм дарак медиҳад, дар асл 51 дарсади саҳмаш ба як ширкати офшорӣ тааллуқ дорад. Ин ширкат Talco Management Ltd (TML) ном дошта, дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст, ҳаққи ягонаи фурӯши маҳсулоти ТАЛКО-ро соҳиб аст. Расонаҳои ҷаҳонӣ онро ба Ҳасан Асадуллозода, бародари ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд.

Корхонае, ки худаш дар фарш, шариконаш дар арш

Фоидаи иқтисодии ТАЛКО, корхонаи азими тавлидоти алюмин, ки Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба мерос гирифт ва то 500 ҳазор тонна аллюминий тавлид мекард, сол аз сол камранг мешавад. То ҳадде, ки ширкати як замон азим ва сарватманди Тоҷикистон гоҳе дар пардохти маоши коргарон, оҳангудозон оҷиз мемонад.

Соли 2021 ин корхона ҳамагӣ 61 ҳазор тонна аллюминий тавлид кардааст. Масъулони ширкат мегӯянд, пандемияи COVID-19 занҷираи лоҷистикии ширкатро ба ҳам зад, ки боиси коҳиши тавлидот гардид. Ин бори аввал нест, ки шарикони ТАЛКО ба таври мармуз аз коршарикӣ бо ин корхона даромади хубе гирифта муваффақ мешаванд, аммо на худи ТАЛКО.

Дар оғози солҳои 90-ум ширкати ТАЛКО то 45 дарсади даромади буҷаи Тоҷикистонро таъмин мекард. Бинобар фаъолияти камранг ва ношаффоф ин корхона солҳост, дар матбуот мавриди танқид қарор мегирад. Ҳарчанд солҳои охир ширкат натиҷаҳои бозрасии молияшро нашр мекунад, ноқаноатмандӣ аз он ки даромад аз фурӯши алюмин бештар ба фоидаи кӣ меравад ва чаро истеҳсолот ривоҷ намеёбад, боиси баҳсҳо мешавад.

Расонаҳои хориҷӣ бар инанд, ки даромади асосии фурӯши алюмини Тоҷикистон на ба буҷаи ТАЛКО ё давлат, балки ба ҳисобҳои махфии шахс ё шахсони миёнарав интиқол меёбад.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG