Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8,7% рушди иқтисоди Тоҷикистон ё омори бепоя ва "фиреби назар"? ВИДЕО


Бозорҳои Тоҷикистон

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, кишвар тавонистааст, дар шароити пандемияи коронавирус иқтисодро 8,7 дарсад рушд диҳад. Вале коршиносон ин оморро “фиреби назар” мешуморанд ва ҳам вазири молия мегӯяд, бо вуҷуди нишондиҳандаҳои мусбат, вазъи молиявии Тоҷикистон “шиддатнок” аст.

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, рӯзи 2-юми август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи имсол иқтисоди кишвар 8,7 дарсад рушд кардааст, ки баландтарин нишондод дар панҷ соли охир аст.

Ин изҳорот дар пасманзари хабарҳои дигар, ки

  • наздик ба 50 корхонаи бузурги Тоҷикистон нимсоларо бо “зарар” ба поён расондаанд;
  • нархҳо дар кишвар рӯ ба боло доранд;
  • таваррум ё беқурбшавии пул дар ҷаарён аст;
  • вуруди пули муҳоҷирон ба кишвар кам шудааст,

шубҳаи коршиносонро ба миён овард.

Нобоварӣ ба омор

Яке аз онҳо, Абдуманнон Шералиев, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар аксар бахшҳои иқтисоди кишвар изофанависию пешниҳоди омори бардурӯғ вуҷуд дорад, ба нишондодҳои расмии блоки иқтисодии кишвар бовар надорад. Аммо намояндагони вазорат омори худро дуруст меҳисобанд ва таъкид мекунанд, ки он бар пояи додаҳо (маълумот)-и Оҷонси омор таҳия шудааст.

Завқӣ Завқизода
Завқӣ Завқизода

Ба қавли Завқӣ Завқизода, рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ таъмин гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 12 миллиард ва саноатӣ зиёда аз 16 миллиард сомониро ташкил додааст ва ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта “мутаносибан 8,1 ва 23,4 дарсад зиёд аст”.

Ӯ шарҳ дод, ки дар таркиби ММД ҳиссаи бахшҳои дигар, аз қабили мусофиркашонӣ, гардиши савдои дохилӣ, боркашонӣ, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ низ ҳаст, аммо на ҳамаи ин бахшҳо рушд кардааст, балки раванди коҳиш низ ба назар мерасад.

Гаронӣ: Аз бензин то орду шакар

Вазир дар ҳоле аз рушди иқтисоди кишвар хабар дод, ки сокинон бештар аз як сол боз ҳамвора аз боло рафтани нархи маҳсулоте чун орду равған ва шакару сӯзишворӣ шикоят доранд. Тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, бензин бештар аз ҳама молу маҳсулоти дигар гарон шудааст ва нархи миёнаи он қариб ду баробар ё 44,5 дарсад афзудааст.

Рӯзи 3-юми август нархи бензин дар Тоҷикистон марзи 10 сомониро гузашт, ки ба қавли тоҷирон гаронии он ба ҳамаи соҳаҳо таъсир мерасонад. Гаронии нархи маҳсулоте, ки дар дохили Тоҷикистон истеҳсолаш ба роҳ монда шудааст, аз қабили орду гандум, равғану сабзӣ боис ба нигаронии сокинон шудааст.

Сокинон аз гаронии нархи маҳсулот шикоят доранд
Сокинон аз гаронии нархи маҳсулот шикоят доранд

Бино ба маълумоти расмӣ, сатҳи таваррум дар ним соли гузашта 3,9 дарсадро ташкил додааст. Намояндагони Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, ин нишондод асосан аз ҳисоби тағйирёбии нархи хӯрокӣ (5,1%), маҳсулоти ғайрихӯрокӣ (3,1%) ва хадамоти пулӣ ба аҳолӣ (1,6%) ба миён омадааст. Яке аз сабабҳои гаронии нархҳо ҳамеша болоравии қурби доллар гуфта мешавад. Феълан 100 доллар ба 1 ҳазору 132 сомонӣ баробар шудааст. Ин нишондоди расмии Бонки Миллист ва дар «бозори сиёҳ» ё ғайрирасмӣ қурби доллар нисбат ба сомонӣ аз ин ҳам болотар аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Вазир аз рушди иқтисод мегӯяд, коршинос аз "фиреби назар"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Омили дохилӣ ё берунӣ?

Дар Тоҷикистон маҳсулоти ниёзи аввалия бештар аз хориҷа оварда мешавад ва тоҷирон ҳам дар бештари ҳолат сабаби боло бурдани нархи маҳсулоташонро ба беқурбшавии назарраси сомонӣ рабт медиҳанд.

Ҳарчанд дар Вазорати рушди иқтисод гаронии нархҳоро ба омилҳои беруна рабт доданд, баъзе аз коршиносон бар инанд, ки то имтиёзҳои бештар ба бахшҳои муҳим, аз ҷумла соҳибкорӣ дода нашавад, иқтисоди кишвар рушд нахоҳад кард.

Рушди 8,7-дарсадии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварро иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев як омори "хаёлӣ" номид ва таъкид кард, ки чунин нишондод бозгӯкунандаи воқеияти зиндагии мардум нест. Ӯ рӯзи 3-юми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рушди бахши соҳибкорӣ метавонад, боис ба афзоиши воқеии истеҳсолот шавад.

"Ин ки нишондиҳандаҳо баланд аст, инро дар иқтисоди байналмилалӣ "иллюзорный эффект" мегӯянд. Нишондодҳо баланд менамояд, лекин дар некӯаҳволии мардум таъсир надорад. Яке аз сабабҳо ин аст, ки фишор ба бахши соҳибкорӣ бештар шуд. 8 миллион доллари амрикоӣ бо тариқи фишор андоз (молиёт) зиёдтар ҷамъ карда шуд. Аз ҳамин сабаб омори расмӣ баланд нишон дода шуда, "иллюзорный эффект" ба вуқӯъ пайвастааст, лекин вазъи зиндагии мардум беҳтар нашуд", -- шарҳ дод ӯ.

Тоҷик Эйр, Барқи тоҷик, Талко, Сементи тоҷик…

Омили дигаре, ки ба назари Фозилҷон Фатҳуллоев монеи рушди иқтисод мешавад, ин фаъолияти бесамари корхонаҳо аст. Бар асоси маълумоти Вазорати рушди иқтисод, имсол 44 корхона барҳам хӯрд ё самташро дигар кард ва 50 корхонаи дигар нимсоларо бо зарар ба поён расонд. Ин корхонаҳо натавонистаанд, суръати рушди молии худро таъмин созанд.

Намояндагони вазорат аз корхонаҳои азиме ба монанди ширкати «Барқи Тоҷик», «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Тоҷик Эйр» ва «Сементи Тоҷик» ном гирифтанд, ки фаъолияташон бар зарар будааст. Як масъули вазорат бе зикри номаш сабаби бар зарар кор кардани корхонаҳоро чунин шарҳ дод:

"Дар "Барқи Тоҷик" шаффофияти ҷамъоварии пули нерӯи барқ таъмин намешавад ва дуздиву талафоти барқ низ зиёд аст;
"Сементи тоҷик" дар давраи пандемия натавонист, баъзе дастгоҳҳоро ворид кунад ва бар асоси маълумоти Вазорати саноат технологияашон кӯҳна аст;
Дар "Тоҷик Эйр" таъсири омилҳои инсонӣ боис шуд, ки ба чунин ҳол афтад, ба баъзе корҳое даст заданд, ки он марбут ба шаффофияти кори ин ширкат буд;
Дар шароити пандемия, вақте марзҳо маҳкам шуд, "глинозем"-и «Ширкати Алюминийи Тоҷик» наомад ва дегҳо аз кор монд. Барои дубора фаъол кардани онҳо вақт лозим аст."

Бо вуҷуди ин, рӯзи 2-юми август дар нишасти матбуотии вазири рушди иқтисод гуфта шуд, ки дар шаш моҳи имсол дар кишвар 78 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки онҳо дар таъмини рушди иқтисод саҳмгузоранд. Дар гузашта қатъи фаъолияти корхонаву коргоҳҳо пас аз фаъол шуданашон, борҳо расонаӣ шудааст.

Тило "ҷон"-и ҳамаро харид?

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, омори мақомоти Тоҷикистонро ҷиддӣ намегирад, зеро дар ҳама соҳаҳо изофанависӣ вуҷуд дорад. Ӯ таъкид намуд, ки бештари кишварҳо баъд аз берун шудан аз «шок»-и воридшуда аз коронавирус, воқеан рушд доштанд, аммо ин рушд нисбат ба соли 2020 буд ва агар ба соли 2019 муқоиса кунанд, тақрибан ҳеч рушде вуҷуд надорад.

Шералиев афзуд, «имсол дар Тоҷикистон бо назардошти он ки ба таври бесобиқа захираҳои тило фурӯхта шуд, таъмини рушди иқтисоди кишвар метавонад, аз ин ҳисоб бошад.» Дар Вазорати рушди иқтисод тасдиқ намуданд, ки истеҳсолу содироти тило, аз ҷумла содироти он ба Швейтсария ба таври хуб ба роҳ монда шудааст, вале омори дақиқе пешниҳод нашуд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат, дар моҳҳои январ-июни имсол дар Тоҷикистон 4206,3 кило тило истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122 кило зиёдтар аст.

Пешбиниҳои гуногун, кӣ ҳақ аст?

Тоҷикистон рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии худро дар соли 2020 дар сатҳи 7,8 дарсад пешбинӣ намуда буд, аммо дар пай таъсири паҳншавии коронавирус онро бознигарӣ намуда, барои то охири соли 2020 ба 4,7% поин овард. Рушд то охири соли 2021 ба андозаи 7,6 дарсад нақшагирӣ шудааст, вале пешбинии созмонҳои байналмилалии молӣ дигар аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пандемияи COVID-19, Бонки Ҷаҳонӣ як сол пеш дар гузориши худ навишта буд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021 метавонад 3,7 дарсадро ташкил диҳад. Ин ниҳод гуфт, бинобар пандемия рушди иқтисоди Тоҷикистон то ҳадде кунд шуд, ки дар ду даҳаи охир собиқа надоштааст. Ба гуфтаи бонк, зарбаи аз ҳама сахт ба бахши туризм ё ҷаҳонгардӣ ва меҳмонхонаҳо ворид шудааст. Сандуқи Байнулмилалии Пул низ 8-уми июни имсол рушди иқтисодӣ дар 23 кишвари аврупоӣ ва Осиёи Миёнаро дар соли 2021 ҳамагӣ 3,9 дарсад пешбинӣ кард.

Масъулони Вазорати рушди иқтисод тасдиқ мекунанд, ки пандемияи COVID-19 ба ҳама бахшҳои иқтисоди икшвар зарар расонидааст, вале аз гуфтани омори дақиқе дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Ҳамагирии COVID-19 заъфҳои иқтисоди Тоҷикистонро бармало карда, коршиносон низ борҳо изҳор доштаанд, ки дар чунин шароити нав пойбандии иқтисоди кишвар аз бозори хориҷӣ бештар эҳсос шудааст. Рушди истеҳсоли ватанӣ, манъи дахолат ба кори соҳибкорон, пешгирии раванди инҳисор ё монополия дар бозор ва додани имтиёзи баробар ба соҳибони ширкату корхонаҳо аз пешниҳодҳое ҳастанд, ки ба қавли таҳлилгарон, метавонанд Тоҷикистонро ба рушди воқеии иқтисодӣ бирасонад.

XS
SM
MD
LG