Дар шаҳри Сочи рӯзи 5-уми август қарор аст бори дуюм дар як моҳи охир мулоқоти президентони Русия ва Туркия – Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон баргузор шавад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сӯҳбатҳо мавзӯи дурнамои хатми ҷанг дар Украина ва вуруди нирӯҳои Туркия ба Сурия бартарӣ дошта бошанд.
Эрдуғон дар ҳоле вориди Сочи мешавад, ки тавонист барномаи содироти амни гандуму маҳсулоти донагии истеҳсоли Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ бомуваффақият ба роҳ монад. Эрдуғон мехоҳад бо истифода аз робитаҳои хубаш бо Украина ва ҳам бо Русия мехоҳад дар хатми ҷанге, ки 24-уми феврал шурӯъ шуд, саҳмгузор шавад.
Шабакаи давлатии TRT-и Туркия гуфт, ки нақшаи Анкара барои ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи ҷангиёни курд дар шимоли Сурия ҳамчунин дар мулоқот бо Путин баррасӣ мешавад. Путин, ки дар ҷанги дохилии Сурия аз президент Башор Асад пуштибонӣ кардааст, ба Туркия машварат дод, ки аз ин нияташ гардад.
Дар назари Туркия ҷангиёни курди узви "Воҳидҳои дифои мардумӣ" як созмони террористӣ маҳсуб меёбанд ва онҳоро дар ташкили беназмиҳо дар хоки Туркия ҳам гумонбар медонад. Баъди ду созиши оташбасе, ки бо миёнҷигии Вашингтону Русия ҳосил шуд, аз соли 2019 ба ин сӯ ҳуҷумҳои Туркия дар шимоли Сурия боздошта шудаанд.
Кремлин гуфтааст, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳои ду раҳбар инчунин мавзӯи эҳтимоли фурӯши ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷангӣ аз Туркияи узви НАТО ба Русия ҳам матраҳ хоҳад шуд. CNN Türk ахиран дар нақли қавл аз Эрдуғон гуфт, ки Путин хостори ҳамкории Русия бо ширкати истеҳсолкунандаи дронҳои “Байкар”-и Туркия шудаст. Ин дар ҳолест, ки артиши Украина дар муқовиматаш ба нирӯҳои русӣ аз замони шурӯи ҷанг ҳавопаймоҳои сохти туркии Bayraktar TB2-ро истифода мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Аз ғаллаи Украина то низои Сурия. Сафари Путин ба ЭронЛавров дар Туркия. Баҳси гандуми Украина ва ташкили гузаргоҳи амнМузокироти рӯ ба рӯи ҳайатҳои Украина ва Русия дар Истанбул