Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров дар Туркия. Баҳси гандуми Украина ва ташкили гузаргоҳи амн


Сергей Лавров ва Мавлуд Човушоғлу, Анкара, 8-уми июни соли 2022
Сергей Лавров ва Мавлуд Човушоғлу, Анкара, 8-уми июни соли 2022

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, сафари дурӯзаашро ба Туркия оғоз кард. Мавзӯи асосии суҳбаташ боз кардани як гузаргоҳи амн барои киштиҳои ҳомили гандум аз Украина аст.

Туркия пешниҳод кардааст, амнияти корвонҳоро аз бандарҳо дар Баҳри Сиёҳи Украина ба дӯш бигирад. Дар ҳоли ҳозир, бинобар ҳамлаҳои Русия, ин бандарҳо бастаанд.

Украина ва кишварҳои дигари ғарбӣ Русияро дар ин амр муттаҳам мекунад. Маскав мегӯяд, дар сурате ба интиқоли ғалладона аз Украина тариқи ин бандарҳо иҷозат медиҳад, ки кишварҳои ғарбӣ баъзе аз таҳримҳои ҷоришударо алайҳи Русия бекор кунанд.

Дар барномаи сафари Лавров мулоқот бо Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Русия, пешбинӣ шуда буд. Вазири дифои Туркия Акор Хулусӣ гуфт, пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе дар мавриди созиши эҳтимолӣ барои иҷозаи содироти ғалладона ба даст омадааст.

Русия аз оғози ҳамлаи худ дар 24-уми феврали имсол, қисматҳои зиёде аз бандарҳои Украинаро тасарруф кардааст ва киштиҳои ҷангии Русия назорати Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Азовро дар ихтиёри худ доранд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳафта гузашта ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳамтои турки худ гуфт, Маскав омодаи ҳамкорӣ бо Анкара барои озодсозии ҳамлу нақл тариқи баҳр аст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия, рӯзи 7-уми июн ба хабарнигорон гуфт, Украина ҳанӯз ниёз дорад то барои содироти ғалладона соҳилҳои худро аз моддаҳои тарканда поксозӣ кунад.

XS
SM
MD
LG