Раҳбарони Тоҷикистону Фаронса дар бораи вазъи Афғонистон суҳбат кардаанд. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон 13-уми октябр дар Париж баргузор шуд.
Тоҷикистону Фаронса ба зидди эътирофи ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ҳастанд. Ду раиси ҷумҳурӣ дар суҳбатҳои худ дар бораи "Толибон" чӣ гуфтаанд, маълум нест, аммо оқои Раҳмон гуфтааст, "таъмини амният дар кишвари ҳамсоя омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақа аст."
"Зарур шумурда шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набошанд”, - иқтибос овардааст дафтари матбуоти президент.
Гуруҳи "Толибон" 15-уми августи имсол Кобулро ишғол кард. Бо гузашти наздик ба ду моҳ ҳеч кишваре “аморати исломӣ”-и Афғонистонро ба расмият нашинохтааст.
Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки ошкоро эълон кард, ҳукумати ин гуруҳро ба расмият нахоҳад шинохт, то замоне ки ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон ташкил нашавад.
Дар муқобил, муовини раиси ҳукумати "Толибон" 26-уми сентябр ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад."
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо 10-уми октябр оғоз шуд ва 14-уми октябр ба поён мерасад. Дар остонаи сафари ӯ мухолифини тоҷик аз раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ва президенти Фаронса хостанд, ки чанд талаби онҳоро ба Эмомалӣ Раҳмон бирасонанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Лаҳистон (Полша), аз мақомоти аврупоӣ, аз ҷумла Макрон хост, аз Эмомалӣ Раҳмон "озодии мухолифони сиёсӣ"-ро тақозо кунанд. Айни талаб дар гирдиҳамоиҳои 12 ва 13-уми октябр дар шаҳрҳои Вилнюс ва Варшава низ садо дод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эътирози мухолифини тоҷик дар ЛаҳистонҲоло маълум нест, ин мавзуъ ба суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон роҳ ёфтааст ё не. Вале раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди хабарнигорон гуфт, ҷонибҳо асосан масъалаи ҳамкориро баррасӣ карданд ва ӯ аз Фаронса ба унвони ҳамкори муҳим, боэътимод ва санҷидашудаи Душанбе дар Аврупо ном бурд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад