Мақомоти Тоҷикистон номи “Толибони тоҷик”-ро маълум кардаанд

Саҳифаи “IFSHO TV” дар Ютуб навори сӯҳбати волидайни наздикони ҳамлагаронро нашр кард

Рӯзи 20-уми ноябри соли равон ба маркази ноҳияи Моймайи Дарвози Афғонистон ҳамла сурат гирифт ва 24 сарбоз кушта шуд. Ҳодиса замоне нигарониҳои мақомоти тоҷик ва афғонро бештар кард, ки рӯзи 7-уми декабр навори лаҳзаҳои қатли низомиёни афғон бо дасти афроде, ки бо шеваи тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд, нашру паҳн шуд.

Мақомоти тоҷик ва афғон бар ин назаранд, ки ҷангҷӯёни тоҷик аз гуруҳи “Ансоруллоҳ” ҳастанд ва зери назари гуруҳи Толибон дар шимоли Афғонистон ҷанг мекунанд. Саноуллоҳ Рӯҳонӣ, сухангӯи пулиси вилояти Бадахшони Афғонистон, ки аз ҳамлаварон “Толибони тоҷикӣ” ном бурд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти тоҷик ному насаби аъзои гуруҳро маълум кардаанд. Ӯ гуфт, "бахшҳои истихборотӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти тоҷик маълум карданд, ки бештари ҳамлаварон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ҳамроҳашон покистониҳо ва худи афғонистониҳо низ буданд".

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар вилояти Бадахшон, ҳаммарз бо Тоҷикистон беш аз 450 ҷангҷӯи хориҷӣ аз ҳисоби тоҷикон, уйғурҳои Чин, узбектаборон ва қафқозиҳо ҷамъ омадааст, ки бо тарафдорӣ аз Толибон ҷанг мекунанд.

Абдуғаффори Гардиш, муовини вулусволи Нусайи Дарвоз ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷалби ҷангҷӯёни хориҷӣ, ба хусус зархаридҳо аз Тоҷикистон аз ҷониби Толибон исбот шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ҷангҷӯёни тоҷики узви гуруҳи “Ансоруллоҳ” дар ҳудудҳои зери назорати Толибон зиндагӣ мекунанд.

“Толибони тоҷикӣ 25-30 нафар ҳастанд, ки бисёрашон бо духтарони маҳаллӣ издивоҷ кардаанд. Бо духтарони деҳаи Хуваз чор толиби тоҷик издивоҷ кардаанд. Шахсияти онҳо барои мо пас аз боздошти Атоуллоҳ, масъули бахши амниятии Толибон дар Дарвоз ошкор шуд. Ӯ ҳамаи ин нафаронро ном ба ном мешиносад”,--гуфт Абдуғаффори Гардиш.

ЮНУС АРСАЛОН” КИСТ?

Ба гуфтаи ӯ, амалиёт ба маркази ноҳияи Моймайро нафаре бо исми “Юнус Арсалон” раҳбарӣ кардааст, ки бар асоси иттилои дарёфтии онҳо, дар асл Абдулвосит Воҳидов, шаҳрванди Тоҷикистон аст. Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ тасдиқ карданд, ки Абдулвосит Воҳидов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ соли 2016 ба Афғонистон рафта, ба гурӯҳи “Ансоруллоҳ” пайвастааст ва бар асоси моддаи 187-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “Терроризм” ҷустуҷӯ мешавад.

Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки исми 10 ҳамлагар, ки чеҳраи бархе дар навори ҳамла ба Моймай дида мешавад, мушаххас шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Рустамхуҷа Насриддинови 42-сола, сокини шаҳри Исфара бо писараш, Абдураҳим Насриддинови 18-сола дар ин навор дида шуд.

Рустамхуҷа аз соли 2013 ҳамроҳ бо ҳамсару се писараш аз Тоҷикистон берун шудааст ва бо иттиҳоми даст доштан дар терроризм ҷустуҷӯ мешавад. Сӯҳроб Юсупов, Далер Элмуродов, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, Дӯстмурод Маҳмадов, Муҳаммад Шарипов, сокинони ноҳияи Нуробод, Шакарбек Холбеков, бародарон Бегзод ва Ҷавоҳир Уруновҳо, сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳамчун узви ин гурӯҳи ҳамлагар шинохта шудаанд.

“БА ТОҶИКИСТОН ҲАМЛА КУНЕД, ОҚ МЕКУНАМ”

Дар саҳифаи “IFSHO TV” дар Ютюб, ки бештар наворҳои зидди мухолифони тоҷикро нашр мекунад, сӯҳбати нафароне нашр шудааст, ки наздикони ҳамлагарон ном бурда мешаванд. Радиои Озодӣ бо се тан аз волидайни онҳо тамос гирифт. Онҳо бидуни зикри номашон гуфтанд, ки нозирони минтақавии милиса бо чанд наворбардори ношинос ба хонаашон омаданд ва навори ҳамларо нишон дода, хостанд, ки дар рӯ ба рӯи дурбин ҳамлагаронро маҳкум кунанд.

“Шаш сол шуд, ки сад бор маро барои писарам мепурсанд. Аз ҳамон писар ҳам безор шудаам ва аз ҳамин пурсупоси мақомот ҳам”,--гуфт як модаре, ки ба қавли мақомот, писараш дар ҳамла ба Моймай ширкат доштааст.

Дар наворе, ки дар Ютуб нашр шудааст, Назришоҳ Юсупов, падари Сӯҳроб Юсупов мегӯяд, писараш донишҷӯ буд ва соли 2016 ба Афғонистон фирор кард. Дар тамосҳо гуфтааст, ки дар кишвари ҳамсоя “таҳсил мекунад”.

Наздикони ҳамлагарон дар навор аз онҳо хоҳиши бозгашт ба Тоҷикистонро мекунанд ва бо таъкид мегӯянд, ба Тоҷикистон ҳамла накунанд. Нусратуллохоҷа Насриддинов, падари Рустамхоҷа дар ин навор мегӯяд, “тарафи Тоҷикистон тир кушоед, оқ мекунам”.

Зӯҳро Манонова, модари Абдулвосит, ки раҳбари ин гуруҳ хонда мешавад, мегӯяд, “ба хона баргард, тарафи Тоҷикистон тир напарон”. Як мақоми дигари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз пахши навори ҳамла дар наздикии марзи кишвар масъала ҷиддӣ гирифта шуд. “Ин дар ҳақиқат хатар аст. Онҳо бештар ба манфиати Толибон дар дохили Афғонистон меҷанганд, вале оянда чӣ кор мекунанд, пешгӯинашаванда аст”,--гуфт ин манбаъ.​

ПИДРОМ: ҲАМЛА БА МОЙМАЙ БЕСОБИҚА БУД

Абдулатифи Пидром, вакили порлумони Афғонистон аз Дарвози Афғонистон, ки навори ҳамла ба Моймайро рӯзи 7-уми декабр дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳамлаи толибони тоҷикистонӣ бесобиқа буд”. Ин сиёсатмадор аз аввалин нафароне буд, ки исми чанд ҷангҷӯро дар саҳифаи фейсбукиаш нашр кард.

Ӯ гуфт, ки то кунун чунин ҳамлаи пурқурбонӣ аз ҷониби ин гуруҳ, ки зери назари Толибон амал мекунанд, сурат нагирифта буд. Ба гуфтаи Пидром, хатари ин гуруҳ барои Афғонистон аз қабл рӯшан буд, вале бо шеваи хатарнок фаъол шудани онҳо таҳдид ба Тоҷикистон низ ҳаст.

“Табъан, вақте дар минтақаи марзӣ ҷанг мешавад, барои кишвари ҳамсоя ҳам хатарнок аст. Истифодаи хориҷиҳо аз ҷониби Толибон ҳам муборизаи онҳоро бемантиқ мекунад”,- гуфт ӯ.

Шаш соли ахир гуруҳи Толибон дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон фаъол шудаанд ва теъдоде аз ноҳияҳо дар кишвари ҳамсоя зери назорати онҳо қарор дорад. Гуруҳи “Ансоруллоҳ”, ки бештари аъзои он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, аз ҷониби Амриддин Табаров, сокини ноҳияи Нуробод таъсис ёфтааст. Амриддин Табаров, ки як фармондеҳи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик буд, соли 1997 сулҳ бо ҳукуматро напазируфт ва бо тарафдоронаш ба Афғонистон рафт.

Амриддин Табаров, ки аҳёнан дар наворҳои видеоии таблиғотӣ дида мешуд, ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2016 ҳангоми як амалиёт дар Афғонистон кушта шудааст. Ин гуруҳ, ба гуфтаи мақомот, ҳанӯз фаъол аст ва сарбозгирӣ мекунад.