Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербистон ҷараён дорад, медали биринҷӣ гирифт. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, шаби 6-уми ноябр хабар дод.
Ба иттилои ӯ, Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ пирӯз шуда, як қувваозмоиро бохт. Паҳлавони тоҷик аввал рақибаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш бо усули “болевой” ё “дард додани даст” шикаст дод. Вале баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябов аз Русия бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.
Сипас, Комроншоҳ барои ҷойи севум ба Ярослав Давядчук аз Украина бо ҳисоби бузурги 6:0 дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар вазни то 90 кило медали дигари биринҷиро Алексей Степанков аз Беларус ба даст овард. Сергей Рябов, ки дар финал Неъмат Ёқубови узбекистониро мағлуб кард, боз ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, барандаи медали тилло гардид.
“Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни бузургсолон солҳои қаблӣ низ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳои биринҷӣ гаштааст, вале ба ӯ гирифтани медалҳои нуқраю тилло муяссар нашудааст”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни мардон дар се вазн:
52 кг
1. Кубарков Андрей (Русия)
2. Тентиев Имонбек (Қирғизистон)
3. Осипян Грачук (Украина)
68 кг
1. Клетсков Никитa (Русия)
2. Саяпин Владислав (Беларус)
3. Галбиати Маттия (Италия)
3. Aнгелов Aнгел (Булғористон)
90 кг
1. Рябов Сергей (Русия)
2. Ёқубов Неъмат (Узбекистон)
3. Устопириён Koмроншоҳ (Tоҷикистон)
3. Степанков Алексей (Беларус)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон боз ду паҳлавони маъруф – Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило - намояндагӣ хоҳанд кард. Акмалиддин рӯзи шанбеи 7-уми ноябр ва Хушқадам рӯзи якшанбеи 8-уми ноябр вориди рақобат мешаванд.
Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасон дар Сербиcтон Тоҷикистонро Самеъҷон Абдушукуров дар вазни то 87 кило муаррифӣ мекунад. Ӯ рӯзи шанбеи 7-уми ноябр ба сабқат мепардозад.
"Албатта, гуштигирони мо пазмони чунин мусобиқот буданд. Онҳо ҳамасола дар чемпионати ҷаҳон ҳам миёни калонсолон ва ҳам байни ҷавонону наврасон иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Баъди 42 соли пирӯзии паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон, Беҳрӯзи Хоҷазода соли 2017 унвони қаҳрамониро ба даст овард. Соли 2018 Хушқадам Хусравов ҳам қаҳрамони ҷаҳон гардид", - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар Сербистон ҳамроҳ бо қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон сурат гирифтааст, ҳудуди 400 варзишгар аз наздики 30 кишвар ширкат дорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Комроншоҳ ба "набард"-и ҷаҳонӣ омодагӣ мегирад