Марги як нафари дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ шуд

Акс аз бойгонӣ

Шумори расмии қурбониёни бемории коронавируси нав дар Тоҷикистон як нафар бештар шуд. Намояндагони Вазорати тандурустӣ 3-юми ноябр гуфтанд, ки аз охири моҳи апрел то кунун, дар маҷмуъ, 83 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи ахир 43 мавриди собитшудаи бемориро сабт кардаанд. Аз 30-юми апрел то 3-юми ноябр 11 ҳазору 139 нафар бемор шуда, 10 ҳазору 389 кас шифо ёфтаанд. Мақомот аз ин бештар тафсилот намедиҳанд ва намегӯянд, ки дар кадом шаҳру ноҳия чӣ қадар гирифторону қурбониён ҳастанд. Баъзе аз мутахассисон ва мардум омори расмиро дар бораи беморону фавтидагон аз коронавирус зери шубҳа мегузоранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Наврӯз Ҷаъфаров: Нигарони Аврупо ҳастем, сирояти беморӣ дар Тоҷикистон кам шудааст. ВИДЕО Дар Суғд "тӯмори зидди коронавирус"-ро манъ кардаанд. ВИДЕОМарказҳои дилхушии Хуҷандро барои пешгирӣ аз COVID-19 бастанд. ВИДЕОCOVID-19 ва Тоҷикистон: Пинҳонкории омори воқеӣ идома дорад  Вазъи вобаста ба COVID-19 дар Тоҷикистон. Омори вазорат баёнгари воқеият аст, ё нигаронии мутахассисон?