Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд "тӯмори зидди коронавирус"-ро манъ кардаанд. ВИДЕО


Дар Хуҷанд “тумор”-и муҳофизат аз коронавирус мефурӯшанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Ин гузориши видеоӣ рӯзи 29-уми октябр омода шуда буд

Мақомот дар вилояти Суғд аз тоҷирон хостаанд, ки гарданбандҳои машҳур бо номи "тӯмори зидди коронавирус" (Virus shut out)-ро нафурӯшанд.

Дар ҳоле ки сокинон роҳҳои халосӣ аз бемории ҳамагирро меҷӯянд, "тӯмори зидди коронавирус" чанд рӯз пеш дар дорухона ва бозорҳои шаҳри Хуҷанд пайдо шуда, якбора таваҷҷуҳи бисёриҳоро ба худ ҷалб кард. Бархе онро роҳи наҷот ва гуруҳе дигар суистифода аз бовари мардум дар замони пандемия пиндоштанд.

Султон Раҳмонзода, сардори шуъбаи раёсати хадамоти назорати тандурустӣ дар Суғд, рӯзи 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз ин гарданбандҳоро мусодира кардаанд. "То ҳол аз дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳудуди 200-300 "бейҷик"-ҳои ба ном муҳофизатӣ аз коронавирусро гирифтем ва фурӯши онро боздоштем", -- афзуд ӯ.

Вай илова кард, бино ба тахмини онҳо, "паҳнкунандаи асосии мол соҳибони дорухонаҳо нестанд ва шояд ягон савдогар дар дохили матоъ ё хӯрокворӣ аз сарҳад гузарондааст. Чунки ба ғайр аз дорухонаҳо дар нуқтаҳои дигари савдо низ мефурӯхтанд."

Ин фарзия расман тасдиқ нашудааст. Бар илова, бархе аз сокинон мепурсанд, агар "тӯмори зидди коронавирус"-ро аз хориҷа овардаанд, чӣ гуна дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ надидаанд ва ё насанҷидаанд. Мутахассисон мегӯянд, дар рӯйи он бо хати ҷопонӣ навиштаанд.

Ба иттилои Раҳмонзода, маҳлулеро, ки дар дохили "бейҷик" буд, барои ташхис ба озмоишгоҳ фиристодаанд: "Дар сурати ба талаботи тиббӣ ҷавобгӯ набудан, гарданбандҳои ба ном муҳофизатиро пурра мусодира карда, дар ҳузури хабарнигорон оташ мезанем."

Рӯзи 31-уми октябр дар дорухонаҳои Хуҷанд "тӯмори зидди коронавирус” наёфтем. Чанде аз тоҷирон гуфтанд, ки фурӯши Virus shut out манъ шудааст.

Тоҷикистон охири моҳи апрели имсол мавҷудияти коронавирусро эътироф кард ва аз он замон то кунун 10977 кас бемор шудаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то 30-юми октябр тақрибан 10200 нафар шифо ёфтанд. Мақомот талафот аз бемории ҳамагирро 81 нафар шумурдаанд.

Аммо мутахассисон ба омори расмӣ дар бораи бемории COVID-19 шубҳа доранд ва мегӯянд, теъдоди гирифторону талафот ба маротиб бештар аз он аст, ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд.

Ҳоло барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ ба сокинони Тоҷикистон бастани ниқоби тиббӣ, шустани дастон бо собун ва маҳлулҳои беҳдоштӣ ва риояи фосилаи ҷисмонӣ пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG