Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд “тумор”‑и муҳофизат аз коронавирус мефурӯшанд. ВИДЕО


Дар Хуҷанд овезаи сарисинагии муҳофизат аз коронавирус мефурӯшанд

Дар дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд овезаи сарисинагии муҳофизатӣ (бейҷик) ё ба истилоҳ “тумор” аз коронавирус бо номи “Virus Shut Out” ба фуруш баромадааст.

Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, аз пайдоиши ин гарданбанд хабар надоранд. Коршиносон мегӯянд, зоҳиран гурӯҳи судҷӯе аз зудбоварии мардум сӯистифода мекунад ва фоидаи молӣ ба даст меорад.

Видеоро дар ин ҷо бубинед.

Дар Хуҷанд “тумор”-и муҳофизат аз коронавирус мефурӯшанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Овезаи сарисинагии “Virus shut out”, ки миёни сокинон чун “бейҷики антикоронавирус” шинохта мешавад, чанд рӯз боз дар фурӯшгоҳҳои Хуҷанд ба моли серхаридори муҳофизат аз вирус табдил ёфтааст. Сокинон ба таблиғи он бовар карда, мегуянд, ки бо харидани ин мавод худро аз каронавирус ҳимоя мекунанд. Пизишкон мегӯянд, ҳеҷ далели вуҷуд надорад, ки ин овеза таъсире ба коронавирус дошта бошад.

Бо ин вуҷуд, ки пизишкон чунин чизеро тавсия намедиҳанд, Раъно, як сокини шаҳри Хуҷанд ҳаррӯз ин гарданбандро, ки зоҳиран дар дохилаш маҳлули кимиёвӣ аст, дар гардан меовезад ва мегӯяд, “худро солим ҳис мекунад”.

“Ман онро рӯзи 14‑уми октябр харида будам ва баъди як моҳи дигар навашро мехарам”,‑‑гуфт ӯ.

Навиштаҷоти рӯи он бо забони ҷопонист ва фурушандагону харидорон ҳам ба таври дақиқ шарҳ дода наметавонанд, ки ин моли тиббӣ чӣ гуна одамонро аз бемории КОВИД‑19 эмин медорад.

Аз рӯйи маълумоте, ки дар сомонаҳо навишта шудааст, дар дохили халтачаи он маҳлули хлор аст ва фурушандагонаш иддао мекунанд, ки гӯё то 1,5 метр вирусҳои ҳавоиро нобуд месозад. Коршиносон мегӯянд, ин асоси илмӣ надорад.

Нархи ин гарданбанди муҳофизатӣ ба фарқ аз ниқобҳои тиббӣ бо қиммати 10 то 30 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Мақомоти Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ё идораи Гумрук дар вилояти Суғд дар бораи аз куҷо вориди бозор шудани ин маҳсулот ҳанӯз шарҳе надодаанд ва маълум нест, ки ин мол аз ҷониби кадом гуруҳи судҷӯй ворид шудааст.

Масъулони Хадамоти назорати тандурустӣ мегӯянд, ин “бейҷикҳо” ягон асосӣ тиббӣ надоранд ва аз ташхиси лаборатӣ нагузаштаанд.

Султон Раҳмонзода, сардори шуъбаи ин Хадамот дар вилояти Суғд мегӯяд, гуруҳи корӣ ташкил мекунанд ва ин масъаларо месанҷанд.

“Дар кадом дорухонае, ки он бошад ва фурушандагонаш санади мутобиқати тиббӣ надошта бошанд, аз муомилот боздошта мешаванд”,‑‑гуфт ӯ.

Озмоиши ин гарданбанди ба ном муҳофизатӣ аз коронавирус ҳануз дар ягон кишвари ҷаҳон расман тавсия нашудааст.

Ҳоло барои сокинони Тоҷикистон ҳам, ғайр аз бастани ниқоб, шустани дастон бо собун ва маҳлули антисептикӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва ҳузури кам дар таҷаммуъи одамон, дар бораи пешгирӣ аз сирояти COVID-19 роҳи дигаре пешниҳод нагардидааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG