Раиси Комиссияи марказии интихоботи Беларус гуфт, дар изҳороти чанде пеши Александр Лукашенко, президенти кунунӣ ва бо гумони ғолиб номзади асосӣ дар интихоботи моҳи августи имсол, ҳеч таҳдидеро намебинад.
Лукашенко рӯзи чаҳоруми июн дар суханроние хитоб ба мардуму мухолифон аз бесуботӣ дар чанде аз кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла "тирборон кардани ошӯбгарон дар Андиҷон" ёд овард ва гуфт, кишварро "ба касе доданӣ нест".
Баъди ин суханронӣ гурӯҳе аз Комиссияи марказии интихоботи Беларус хостанд, ки Александр Лукашенкоро ба ҳайси номзади интихобот сабт накунад. Ба назари норозиён, раҳбари давлат "мустақим ё ғайримустақим дар бораи истифодаи зӯр алайҳи дигарандешон" сухан гуфтааст.
Лидия Ермошина, раиси Комиссияи марказии интихобот, гуфт, Лукашенко ба ҳайси кафили Қонуни асосии Беларус "барои ҳифзи сохти давлатдорӣ ва тартибот вазифадор аст, ҳамаи чораҳо, аз ҷумла чораи низомиро биандешад". Ӯ гуфтааст, "гумонзаниҳои шумо дар бораи вуҷуди таҳдиди воқеӣ дар ин суханронӣ асос надорад".
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, рӯзи 4-уми июн дар ҷаласаи бахшида ба таъйини ҳукумати нав дар кишвараш гуфт, Беларус ягона кишвари Шӯравии собиқ аст, ки шоҳиди ҷангу хунрезӣ нашуд. Вай барои намуна аз даргириҳои Украинаву хурд шудани ҳудуди Гурҷистон ва ҷанги солҳои 90-и Тоҷикистон намуна овард.
Президенти Беларус афзуд: "Фаромӯш кардаанд, ки президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов ошӯби Андиҷонро пахш кард ва ҳазорҳо касро тирборон намуд. Ҳама ӯро муҳокима карданд, аммо вақте даргузашт, ба зону зада, гиря карданд. Мо ин марҳилаҳоро нагузаштаем ва барои ҳамин баъзе инро фаҳмидан намехоҳанд, вале мо хотирнишон мекунем."
Интихоботи президентӣ дар Беларус рӯзи 9-уми августи имсол баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад, Лукашенкои 65-сола, ки бештар бо номи диктатори охирини Аврупо машҳур аст, бори шашум дар овоздиҳӣ иштирок кунад.
Ӯ аз соли 1994 боз президенти Беларус аст. Мунтақидон мегӯянд, Лукашенко ва ҳукумати ӯ дар тамоми ин солҳо нисбат ба дигарандешон таҳаммули кам нишон додааст. Моҳи гузашта Human Rights Watch ҳукумати Беларусро барои саркӯби эътирозгарон, блогнависҳои мухолифи ҳукумат, журналистон ва дигар мунтақидон ва ҳам барои “мавҷи нави боздоштҳои худсарона” интиқод кард.