Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко аз ошӯби Андиҷон ва ворид шудани Э.Раҳмон ба Душанбе ёд овард. САДО


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, рӯзи 4-уми июн дар ҷаласаи бахшида ба таъйини ҳукумати нав дар кишвараш гуфт, Беларус ягона кишвари Шӯравии собиқ аст, ки шоҳиди хунрезӣ нашуд. Вай барои тақвияти суханҳояш даргириҳои Украинаву ошӯби Андиҷон ва ҷанги солҳои 90-и Тоҷикистонро намуна овард.

Ба қавли хадамоти матбуоти президенти Беларус, Лукашенко гуфтааст, яке аз дастовардҳои муҳими кишвараш сулҳу субот аст, аммо ҳамзамон гила карда, ки баъзеҳо инро фаромӯш мекунанд.

Вай гуфтааст: "Баъзе аз мардум меандешанд, Украинае, ки вайрон карданд ва дар онҷо ҷанг меравад ва қаламравашро хурд карданд, аз мо дур аст. Молдовае, ки ба Приднестрове ва қисмати ғарбӣ тақсим карданд, аз мо дуртар қарор дорад. Фаромӯш кардаанд, ки чӣ гуна дар Литва дар замони Горбачев барои ҳифзи истиқлол ва ҳокимият ҷангиданд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки Қафқоз то ҳанӯз месӯзад, арманиҳо бо озарбойҷониҳо меҷанганд ва ба созиш расида на метавонанд. Аз ёд бурдаанд, ки Гурҷистон қариб сеяки қаламравашро аз даст дод, аввал Абхозистонро ва сипас Осетияи Ҷанубиро. Ниҳоят касе намедонад, ки рафиқи ман Раҳмон бо пулемёт ба пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ворид шуд, то тартиботро барқарор кунад, чӣ қадар одам дар онҷо кушта шуд, онҳо чӣ гуна бо ришдорон ҷангиданд. Фаромӯш кардаанд, ки президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов ошӯби Андиҷонро пахш кард ва ҳазорҳо касро тирборон намуд. Ҳама ӯро муҳокима карданд, аммо вақте даргузашт, ба зону зада, гиря карданд. Мо ин марҳилаҳоро нагузаштаем ва барои ҳамин баъзе инро фаҳмидан намехоҳанд, вале мо хотирнишон мекунем."

Лукашенко: Фаромӯш кардаанд, ки...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
Линки мустақим

Президенти Беларус Александр Лукашенко ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ ҳукумати кишварашро ба истеъфо фиристод ва ҳайати навро таъин кард. Интихоботи президентӣ рӯзи 9-уми август сурат хоҳад гирифт. Интизор меравад, Лукашенкои 65-сола бори шашум дар овоздиҳӣ иштирок кунад.

Вай рӯзи чаҳоруми июн гуфт, Беларусро ба касе доданӣ нест, чун, ба гуфтааш, "барои он ки таҳқираш кунанд? Барои онки ҳар рӯз бесубот намоянд ва пора-пора карда, ба каси дигар бидиҳанд? Ман мехоҳам, ҳама инро бишнаванд."

Чаро Лукашенко аз ошӯби Андиҷону омадани Э.Раҳмон ба Душанбе гуфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Аз ин пеш, рӯзи 1-уми июн, Александр Лукашенко дар суҳбат бо раҳбари Кумитаи амният Валерий Вакулчик гуфта буд, ба ташкили майдон иҷозат намедиҳанд ва агар зарур аст тани танҳо ба зидди ба гуфтаи ӯ гуруҳҳои ҷиноӣ меҷангад. Ҳарчанд афзуд, "дар ин кишвар ба қадри зарурӣ рутбадороне ҳастанд, ки аз уҳдаи ҳимояти сарзамини худ мебароянд".

Александр Лукашенко, ки бештар бо номи "диктатори охирини Аврупо" машҳур аст, 26 сол боз ҷилави қудратро дар Беларус ба даст дорад. Ҳеч як интихобот аз замони ба қудрат расидани ӯ мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи шаффофу демократӣ эътироф нашудааст.

Соли 2004 дар Беларус маҳдудият дар ширкати номзади интихоботи президентӣ бардошта шуд.

Мунтақидон мегӯянд, Лукашенко ва ҳукумати ӯ дар тамоми ин солҳо нисбат ба дигарандешон таҳаммули кам нишон додааст. Моҳи гузашта Human Rights Watch ҳукумати Беларусро барои саркӯби эътирозгарон, блогнависҳои мухолифи ҳукумат, журналистон ва дигар мунтақидон ва ҳам барои “мавҷи нави боздоштҳои худсарона” интиқод кард.​

XS
SM
MD
LG