Аз замони баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанд 27 сол гузашт.
Дар ин ҷаласа, ки аз оғози моҳи ноябр то 2-юми декабри соли 1992 давом кард, Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раҳмонов) раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон (порлумони вақт) интихоб шуд. Ҳамин иҷлосия мақоми раисиумҳурро дар сохтори идорӣ бекор кард ва раиси порлумон амалан раҳбари давлат эълом шуд.
Дар Тоҷикистон 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи президент» таҷлил мешавад. Дар ин рӯз, дар соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд дар миёни ҷаласае, ки қариб як моҳ давом кард, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд.
Расонаҳои давлатӣ бо тавсифи ин иҷлосия, ки ҳукумат онро "таърихӣ" меномад, сӯҳбату намоишҳо пахш мекунанд, ки аксаран аз ситоиши шахси Эмомалӣ Раҳмон иборатанд
6 ноябри соли 1994, ду сол пас аз ин иҷлосия, дар интихоботе, ки мухолифин онро олуда ба тақаллуб номида буданд, Эмомалӣ Раҳмон барои панҷ сол президент интихоб шуд. Бархе аз ҳуқуқшиносон, аз ҷумла муаллифи яке аз вариантҳои алтернативии Қонуни асосии Тоҷикистон, ҳоло раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматулло Зойиров, ин ҳолатро "казуси конститутсионӣ" меноманд, ки президент ҳамзамон бо назархоҳии умумии Қонуни асосӣ интихоб гашт, ки мақоми президентиро дубора барқарор ва муҳлати онро ду давраи 5-солӣ муқаррар кард. Ҳол он ки, мегӯяд Зойиров, нахуст мебоист, тарҳи Қонуни асосӣ қабул ва тасвиб мешуд ва интихобот бар пояи он баргузор мегашт.
Бо тағйири навбатии Қонуни асосӣ дар моҳи сентябри соли 1999 муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол, аммо танҳо як давра, иваз гардид, аммо ин бор эълом шуд, ки давраи ҳафтсолаи президентӣ сар аз интихоботи нав шумурда хоҳад шуд. Моҳи июни соли 2003, дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно раисиҷумҳур буд, Қонуни асосӣ боз тағйир дода шуд ва муҳлати раёсатҷумҳурӣ 2 давраи 7-солӣ эълон гашт. Дар интихобот бо номзадҳое, ки дар корзори он аз рақиби худ -- Эмомалӣ Раҳмон ситоиш ва бархе аз онҳо раъйдиҳандагонро даъват мекарданд, ба ӯ овоз диҳанд, ғалаба ба даст овард.
Ҳамин тавр Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии соли 2013 низ баранда шуд. Соли 2016 қонун дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдат-пешвои миллат» қабул гашт, ки ба Эмомалӣ Раҳмон ҳақ медиҳад, тамоми умр раҳбарии кишваррро дар даст дошта бошад ва пас аз рафтанаш аз ин мақом низ ҳамчун Пешвои миллат салоҳиятҳои ҳокимият, дастгоҳи идорӣ, бино, буҷа, нақлиёт ва муҳофизони худро дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 67 сол дорад, дар 40-солагиаш раҳбарии Тоҷикистонро бар душ гирифта буд.
Тарафдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, субот, сохтмони чанд нақбу рушди иқтисодро аз комёбиҳои Эмомалӣ Раҳмон дар 27 соли раҳбариаш медонанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 27 сол ҳукумат ҳанӯз натавонистааст, мардумро бо ҷойи кори муносиб таъмин кунад. Мояи дигари норизоият – тамаркузи бештари қудрат, таҳкими мавқеи аъзои хонавода дар ҳукумат ва аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани мухолифон шудааст, ки ба қавли мунаққидон, плюрализми сиёсиро аз байн мебарад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдулло Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, "Эмомалӣ Раҳмон давоми 27 сол тавонист, масъалаҳои муҳими таърихӣ барои Тоҷикистонро ҳал кунад."
"Пас аз пошхурии Шӯравӣ мо масъалаҳои ҷиддии таърихӣ доштем. Ғайр аз масъалаҳои суботу амният, масъалаи давлат шудан буд, масъалаи ҷойгоҳи худро дар саҳнаи ҷаҳонӣ пайдо кардан буд, масъалаи миллатро дубора эҳё карда ба он тамаддуни бузурги таърихии худро пайваст додан буд, масъалаи тоҷикон ҳамчун як миллати ботамаддун дар саҳнaи ҷаҳонӣ буд. Зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳамин масъалаҳои усулии таърихии мо ҳали худро ёфтааст",--гуфт ӯ.
Ин корманди Маркази тадқиқоти назди президент ҷой доштани мушкилоти иҷтимоӣ дар ҷомеаро рад намекунад ва мегӯяд, "бар асоси барномаҳои навин ин мушкилот ҳал хоҳанд шуд".
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои ҳукуматаш то андозае робитаи хуб бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дошт, вале ҳоло аз ҷомеаи шаҳрвандӣ фосила гирифтааст.
«Боиси таасуф аст, ки вақтҳои охир раҳбари давлат таҳти таъсири доираҳои маҳдуд қарор гирифтааст ва мувофиқи мақсад мебуд, ки барои таҳкими равандҳои демократӣ таваҷҷӯҳ кунад»,--гуфт ӯ.
Мушкили бекорӣ, беҳуқуқии муҳоҷирон дар Русия, фасод ва роҳ ёфтани аъзои як хонавода дар шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ аз мушкили кори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, имзои созишномаи сулҳ ва поён додан ба қумондонсолорӣ дар Тоҷикистон аз кори хуби ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон буд, вале ҳал нашудани мушкили иқтисодӣ аз номувафаққии кори ҳукумати ӯ боқӣ мондааст.