Конститутсияи Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябри соли 1994, дар авҷи ҷанги дохилӣ, қабул шудааст ва аз он замон то кунун 25 сол гузашт. Дар ин давра ба қонуни асосӣ се бор ва 122 тағйирот ворид кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин дигаргунӣ бо ҳадафи ҳимояти бештар аз мардум ва бо ризояти онҳо дар референдум сурат гирифтааст. Мухолифон онро сӯистифодаи элитаи ҳукмрон аз қонун медонанд.
Тағйирот ба Қонуни асосии Тоҷикистон кай ва чӣ гуна сурат гирифт:
26-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 1999
Ба Конститутсияи Тоҷикистон 28 тағйиру илова ворид карда шуд. Асоситарини онҳо аз ин иборат аст:
- Иваз кардани муҳлати президентӣ аз ду давраи 5-сола ба як давраи 7-сола;
- Таъсиси порлумони дупалатаӣ (Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон);
- Иҷоза барои фаъолияти ҳизбҳои динӣ.
22-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2003
Аз 56 тағйиру иловаҳои воридшуда муҳимтаринаш ин буд:
- Иваз кардани муҳлати президентӣ аз як давраи 7-сола то ба ду давраи 7-сола.
22-ЮМИ МАЙИ СОЛИ 2016
38 тағйиру илова ворид шуд ва умдатаринаш ин буд:
- Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳайси “Пешвои миллат” ҳақ пайдо кард, ки ба таври номаҳдуд дар интихоботҳои президентӣ номзад шавад;
- Синни номзад ба президентӣ аз 35 то 30-солагӣ поин оварда шуд;
- Манъи таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои динӣ.