Ман ба ҷуз Ютуб ва шабакаҳои иҷтимоӣ касеро надорам, ки равобит дошта бошам. Инҷо қариб ҳама мардуми маҳаллиянд, омадаҳо нестанд.Хосият Ёрова
Шумораи паноҳандагони тоҷик дар Аврупо байни 3 то 4000 нафар тахмин зада мешавад, вале то ҳол теъдоди дақиқи онҳо эълон нашудааст. Онҳо на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз Русия, Украина, Белорус, Туркия ва кишварҳои дигор ба ин ҷо расида, изҳор доштаанд, ки дар ватани худ мавриди таъқиб ва шиканҷа қарор хоҳанд гирифт.
Онҳо мегӯянд, бо сахтӣ ҳам бошад, дар Аврупо монданд ва зиндагии худро дур аз хонаҳояшон идома медиҳанд ва ҳатто бо қарор доштан дар яке аз минтақаҳои рушдёфтаи ҷаҳон, барои Ватан дилтанг мешаванд.
Зиндагӣ дар "ватан"-и нав
“Аз ҳама барои мо тоқатфарсо қарор доштан дар урдугоҳ буд. Дар онҷо ба ҷуз аз мо мардуми дигар ҳам зиндагӣ мекарданд. Мо худро бисёр нороҳат ҳис мекардем, ягона чизе, ки моро ором мебахшид, ин буд, ки дигар фишори равонӣ набуд”, - мегӯяд Гулбарг, муҳоҷири сиёсӣ аз Тоҷикистон ва узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Полша паноҳандаҳои тоҷикро террорист арзёбӣ намекунад" ВИДЕО, САДОСоли 2015 баъд аз он ки фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон созмони экстремистӣ ва террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ шуд, шавҳар ва бародараш боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд, ӯ ҳам чун узви фаъоли ин ҳизб, тасмим гирифт, бо кӯдакони ноболиғаш ба Аврупо биравад. “Баъди омадан ба Лаҳистон, пас аз якуним сол ман мақоми паноҳандагӣ гирифтам. Ҳоло дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунем ва дар яке аз марказҳои омӯзишӣ забони англисӣ дарс медиҳам, кӯдаконам дар мактаб мехонанд ва тақрибан забони лаҳистониро ёд гирифтаанд”,-- мегӯяд Гулбарг.
Дар ҳар сурат, ба гуфтаи вай, барои кӯдакон мутобиқ шудан ва унс гирифтан бо ҳамсолонашон осон ба даст намеояд. “Инҷо як ҷашни махсус аст, “Рӯзи бобову бибӣ”. Вақте мо ба ин ҷо омадем духтари хурдиям 1,5 сол дошт. Падару модари ман ва шавҳарамро ӯ дар ёд надорад ва вақте дар боғча ба ӯ гуфта буданд, бояд бибиву бобоятро биёварӣ ӯ ба хона омад ва аз ман хоҳиш мекард, ки барояш бибиву бобо бихарам. Ин вазъ ҳам хандавовар буд ва ҳам ғамангез”, -- ба хотир меоварад Гулбарг.
Бо ин вуҷуд дар Аврупо ӯ худро озодтар ҳис мекунад ва мегӯяд, ҳатто пӯшидани ҳиҷоб мояи муносибати бади сокинони маҳаллӣ бо ӯ намешавад. Дар Тоҷикистон ӯ аксаран барои доштани ҳиҷоб мушкил дошт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Оё ҳукумат воқеан дар фикри баргардонидани мухолифин аст?Оғози раванд
Кӯчи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Аврупо тирамоҳи соли 2015, замоне ки Додгоҳи Олӣ ҳизби то он замони расмии ҲНИТ-ро мамнуъ ва террористӣ эълон ва шуморе аз аъзои ин ҳизбро барои муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард, оғоз шуд. Он замон ҳизбро барои ҳамдастӣ бо генерали ошӯбгар, муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода (маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим) ва барои, тавре ҳукумат мегӯяд, исёни мусаллаҳона, гунаҳкор карда буданд. Иттиҳомоте, ки раҳбарияти ин ҳизб ҳамеша рад кардааст, аммо ҳукумат далелҳои омодагӣ ба табаддулотро расонаӣ намудааст.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки маҳз аз ҳамин давра гардиши нави бад шудани озодии баён оғоз шуд, зеро даҳҳо сайту расонаҳо баста шуданд ва кормандони онҳо – рӯзноманигорон ба мавҷи фирориёни сиёсӣ пайвастанд ва ба кишварҳои Ғарб рафтанд. Дар баробари рӯзноманигорон ва мухолифон дар Аврупо барои худ фаъолони иҷтимоӣ, блогнависон ва ҳатто муҳоҷироне, ки вазъашон дар Русияи аз соли 2014 бад шуда буд, низ паногоҳ ҷустанд.
Дар суроғи ҳифозат
Вайсиддин Одинаев, блогнависи ҷавон ва фаъоли сиёсӣ аз Тоҷикистон, соли 2016, баъди гум шудани асроромези бародараш Эҳсон Одинаев, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Сарфарози Оламафрӯз” маъруф буд, ба Аврупо рафт. Моҳи майи 2015 дар Санкт-Петербург бародараш Эҳсон Одинаев аз хона берун шуд ва дигар барнагашт. Наздикони Одаинев бар инанд, ки эҳтимол ӯро мақомоти вижаи Тоҷикистон барои интиқодоти шадидаш аз ҳукумат рабуда бошанд.
Ҳанӯз дар моҳи июли соли 2015 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотие дар Душанбе гуфта буд, ки дар мавриди гум шудани Одинаев чизе намедонад, зеро Тоҷикистон ҳеч гуна дархосте дар бораи ӯ аз мақомоти Русия накардааст. Эҳсон Одинаев дар куҷост, то ҳанӯз маълум нест.
"Вақте мо ба таври фаъол ба кофтукоб пардохтем, мавриди таҳдид қарор гирифтем. Дӯстон машварат доданд, ки мо аз Русия берун биравем ва тасмим гирифтем, ба машварати онҳо гӯш бидиҳем”,- нақл мекунад Вайсиддин.
Ҳоло ӯ ҳамроҳ бо модар ва хоҳари хурдияш дар Австрия, дар яке аз хобгоҳҳое, ки мақомоти ин кишвар барояшон додаанд, зиндагӣ мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати Тоҷикистон интиқоди шадид мекунад ва дар аксияҳои сиёсӣ ширкат меварзад. Мақоми паноҳандагиро Одинаев то кунун ба даст наовардааст, дархосташ баррасӣ мешавад, аз ин рӯ машғули омӯзиши забони олмонист ва ният дорад дар риштаи ҳуқуқи яке аз донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил кунад. “Ин орзуи кӯдакии ман буд. Акнун мехоҳам, кори ояндаи ман марбут ба ҳимояи ҳуқуқи башар бошад ва имкон шавад, ки ба мардуми худ ёрӣ расонам ва дар мавриди мушкилоти онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳарф бизанам”,-- мегӯяд Одинаев.
Дар мавриди зиндагӣ дар Аврупо ин фаъоли ҷавон нигоҳи дугона дорад. Мегӯяд, ки дар кишварҳои рушдёфта нишот танҳо дар оғози зиндагист ва баъдан инсон дарк мекунад, ки аз ҳузури муҳоҷир дар ҳеч ҷойе хушнуд нестанд, чӣ Русия бошад ва чӣ Аврупо. Вале зиндагии рӯзмарраро, мегӯяд ӯ, бештар дар ҳалқаи ҳамватанон мегузаронад. “Ин ҷо ман бештар бо ҳамватанон робита барқарор кардам ва тақрибан, дар ҳар кишваре, аллакай дӯстони зиёде дорам ва сарфи назар аз дидгоҳҳои сиёсӣ муваффақ шудаем, ки дӯстиро ҳифз кунем”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Кишварҳое барои муҳоҷират
Кишварҳои аслӣ барои ба даст овардани мақоми паноҳандаи сиёсӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон Литвонӣ ва Лаҳистон мебошанд, ки соли гузашта бино бар омори Департаменти муҳоҷирати ин кишварҳо 74 дархост аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Литвонӣ ва 144 дархост ба Лаҳистон ворид шудааст. Ба ҷуз ин тоҷикистониҳои зиёде мехоҳанд, ки ба Шветсия, Олмон, Австрия ва Ҳолланд бираванд.
Дар гузориши шабакаи муҳоҷирати Аврупо барои соли 2015 гуфта мешавад, ки то поёни соли 2015 ба 539 шаҳрванди Тоҷикистон мақоми паноҳандагӣ дода ва аз вуруди 3 ҳазори дигар пешгирӣ шудааст. “ИноСМИ”-и Русия додаҳои камтар меоварад, ки то моҳи марти 2018 танҳо 100 узви ҲНИТ дар Лаҳистон паноҳандагӣ гирифтаанд.
“Сарфи назар аз ҳар иттифоқе, бармегардам”
Хосият Ёрова, хоҳари вакили дифои зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров аст, ки гуфта мешавад, барои дифоъ аз ҳуқуқи аъзои ҳизби дар кишвар мамнӯи ҲНИТ дар додгоҳ зери фишор қарор гирифт ва бо иттиҳоми сохтакории аснод ва қаллобӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи ӯ, баъди ҳабси бародараш онҳоро доим барои бозпурсӣ даъват мекарданд ва аҳли хонавода зери фишори бузурги равонӣ афтод. Бо исрори худи Бузургмеҳр, онҳо тасмим гирифтанд, ки кишварро тарк кунанд ва парвандаи ӯро тавассути ниҳодҳои байналмилалӣ пайгирӣ намоянд.
Ёрова ҳамроҳ бо 5 фарзандаш дар Олмон мунтазири дарёфти паноҳандагӣ аст. “Асосан хонанишин ҳастам ва машғули парастории кӯдакон. Вақти тӯлоние намедонистам чӣ кор кунам, баъдан дар Ютуб саҳифа боз кардам бо кӯдакон дар мавриди зиндагӣ дар Олмон блогнависӣ мекунам. Ҳоло блоги мо беш аз 11 ҳазор муштарӣ дорад”,- нақл мекунад Хосият.
Мегӯяд, ки зиндагӣ дар кишвари нав барояш дар оғоз бисёр мушкил афтод, пеш аз ҳама ба далели надонистани забон. “Мо дар шаҳре зиндагӣ мекунем, ки дар фосилаи 100 километр на тоҷике дорад ва на русзабоне. Ман ба ҷуз Ютуб ва шабакаҳои иҷтимоӣ касеро надорам, ки равобит дошта бошам. Инҷо қариб ҳама мардуми маҳаллиянд, омадаҳо нестанд. Бо пайвандон танҳо тавассути вайбер суҳбат мекунам. Вақте ба мағоза меравам, чизҳои лозимро пешакӣ тарҷума мекунам, ки харид осон шавад”, - мегӯяд Ёрова.
Ба гуфтаи вай, сарфи назар аз пуштибонии бузурги мақомоти Олмон ва ин ки фарзандонаш ба ҷойи нав одат кардаанд, ӯ шадидан барои ватан ва наздиконаш дилтанг шудааст ва бо фароҳам шудани имкони нахустин ҳама чизро раҳо мекунаду ба Тоҷикистон бармегардад.
Тиҷорат дар ҷойи нав
Дар ҳамин ҳол на ҳамаи тоҷикон дар макони нав дучори руҳафтодагӣ ҳастанд. Абдусаттор Бобоев, узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат ва раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ ду сол аст, ки дар Лаҳистон зиндагӣ мекунад. То ин вақт ҳамроҳ бо хонаводааш муваффақ шудааст, ки мақоми лозимро ба даст биоварад ва мегӯяд, ки муштаракан бо фаъолиятҳои сиёсиву иҷтимоияш тиҷоратро ҳам ба роҳ мондааст.
“Дар Тоҷикистон ман ширкати сохтмонӣ доштам, ки то 300 нафар дар он кор мекарданд. Бо доштани ин таҷриба вақте ба ин ҷо омадам, тасмим гирифтам, ки чунин ширкатро ин ҷо ҳам таъсис бидиҳам. Дар кишварҳои аврупоӣ теъдоди ҳамватанони мо зиёд мешавад ва мо талош мекунем, ки чунинҳоро ҷалб ва ба кор таъмин кунем”, -- мегӯяд Бобоев. Бо вуҷуди ин, ӯ мегӯяд, ният надорад дар Аврупо бимонад ва умедвор аст, баъди сурат гирифтани тағйирот дар ватан имкон меёбад, ки пас гардад.
Фаъолони сиёсии тоҷик дар Аврупо дар солҳои ахир пайваста дар баробари Сафорати Тоҷикистон дар Олмон даст ба иқдоми сиёсӣ мезананд ва тақрибан ҳамасола дар конфронси ченакҳои инсонии САҲА дар Варшава ширкат мекунанд.
Бо ин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон изҳор медорад, ки ба Аврупо на мухолифин, балки муҳоҷирони муқаррарӣ талош доранд бираванд. Чанде пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, Зариф Ализода омбудсмени пешини Тоҷикистон гуфта буд, аксари онҳое, ки дар Аврупо паноҳгоҳ талаб кардаанд, муҳоҷирони дирӯзии тоҷики муқими Русия ва Украина мебошанд ва “дар Тоҷикистон онҳоро касе таъқиб намекунад”.