Русия гуфт, ба Тоҷикистон ду шаҳраки низомӣ медиҳад

Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон

Вазорати мудофиаи Русия тарҳи созишномаеро омода кардааст, ки мувофиқи он бинову иншооти пойгоҳи 201-ум дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ба ҷониби Тоҷикистон супурда мешавад. Русия ният дорад, бо тақдими ду "шаҳраки низомӣ" дар ҷануби Тоҷикистон аз пардохти 6 миллиард рубл пули иҷораи замине, ки пойгоҳҳояш дар он ҷойгиранд, халос шавад.

Пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад

Нашрияи "Изветсия", чопи Маскав, рӯзи 26-уми март навишт, ки бо матни созишнома ошно шудааст. Дар он гуфта мешавад, ин созиш дар музокироти соли 2012 миёни Душанбеву Маскав ҳосил шуда буд, аммо иҷроношуда монд.

Ҳоло ҷониби Русия тарҳи тақдими "шаҳракҳои низомӣ"-ро ба Душанбе омода кардааст. Бино ба он, ҷониби Русия аз пойгоҳи 201 дар шаҳри Бохтар низ даст кашида, низомиёнашро дар пойгоҳи канори Душанбе нигоҳ медорад. Русия соли 2015 нерӯҳояшро аз шаҳри Кӯлоб берун оварда буд.

Дар ин созишнома таъкид шудааст, дар сурати ба Тоҷикистон надодани шаҳракҳои низомӣ, Русия водор мешавад барои истифода аз замину бино ба Тоҷикистон ҳар сол тақрибан шаш миллиард рубл пули иҷора бидиҳад, ки барояш судманд нест. Маскав аз пардохти пули иҷора дида, тақдими шаҳракҳои низомиро дар Кӯлобу Бохтар авло донистааст.

Ориф Нозимов, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 26-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи тарҳи пешниҳоди биноҳои пойгоҳ ба ҷойи пули иҷора аз расонаҳо хабар ёфтанд. Ин пешниҳод ҳанӯз расман ба ҷониби Тоҷикистон ироа нашудааст.

"Агар тарҳро ба ҳукумат ва вазорати мудофиа пешниҳод кунанд, мо баррасӣ мекунем ва маълумоти бештар пешниҳод менамоем", - афзуд ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Бисёре аз созишномаҳои Тоҷикистону Русия кор намекунанд"

Пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки дар гузашта гуфта мешуд ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон камтар кардааст.

Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон дар моҳи феврал пойгоҳи 201-ро "омили муҳими амният дар Тоҷикистон" хонда буд. Аммо айни замон гуфт, Маскав "бо назардошти таҳдидҳои идомаёбанда аз қаламрави Афғонистон" дар навсозӣ ё модернизатсияи нирӯҳои мусаллаҳ ва тақвияти марзи давлатӣ ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, Русия дар ҳоле нерӯҳояшро аз минтақаҳои наздик ба Афғонистон берун мекашад, ки мақомоти он кишвар борҳо вазъият дар марзро "муташанниҷ" тасвир кардаанд.