Хоруғ. Парвандаи афсари марзбонӣ ба додгоҳ рафт

Баррасии парвандаи садамаи маргбор бо ширкати афсари Раёсати марзбонии Тоҷикистон аз ҷониби Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ ба анҷом расида, ба додгоҳ ирсол шудааст.

Дар садамаи шаби 1-уми декабр дар шаҳри Хоруғ, худрави "Toyota RAV-4"-и афсари нерӯҳои марзбонӣ бо нақлиёти мусофиркаши "Тангем" бархӯрда, дар натиҷа Гулистон Давлатбекова ва Робия Нангардодова, ду тан аз мусофирони "Тангем", сокинони вилояти Бадахшон ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар маҳаллаи нерӯгоҳи "Помир-1"-и Хоруғ рух дод ва дар пайи он ду тан аз афсарони марзбонӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Наздикони қурбониёни ин ҳодиса дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, хостори баррасии мунсифонаи парванда ва муҷозоти гумонбари садамаи маргбор ҳастанд.

Як манбаъ дар Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ, авохири ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, гумонбари садамаи маргбор Илҳом Ёқубов, афсари марзбонӣ буда, нафари дуввум, ҳамкори ӯ, ки замони сар задани ҳодиса Ёқубовро ҳамроҳӣ мекард, аз боздошт раҳо гардид.

"Чун пушти фармони мошин Илҳом Ёқубов менишаст, каме маст будааст, ӯ дар қисми низомии Раёсати марзбонӣдар шаҳри Хоруғ адои вазифа мекард. Тафтишот маълум кард, нафаре, ки ӯро дар мошин ҳамроҳӣ мекард, ба ҳодисаи маргбор робита надоштааст, барои ҳамин ҷавоб дода шуд",-афзуд ин манбаъ.

Манбаъ аз гуфтани номи афсари раҳошудаи марзбонӣ худдорӣ кард ва таъкид намуд, ки Додгоҳи ҳарбии Хоруғ мурофиаҳои додгоҳиро бар асоси моддаи 389, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, ки нисбати Илҳом Ёқубов эълон шудааст, дар зудтарин фурсат оғоз хоҳад кард ва баъди анҷоми мурофиаҳо, тафсилоти бештар гуфта мешавад.

Намое аз шаҳри Хоруғ.

Моддаи 389, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ ё истифодабарии мошинҳои ҷангӣ, махсус ё дигар нақлиёте, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда нафар мегардад, дар назар дошта, он маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то даҳ солро пешбинӣ менамояд.

Дар додситонии шаҳри Хоруғ гуфтанд, "Toyota RAV-4", ки Илҳом Ёқубов ҳини сар задани ҳодиса пушти фармони он буд, ба Отряди сарҳадии Хоруғ мутааллиқ будааст.

Наздикони қурбониён хостори муҷозоти гумонбар ҳастанд

Наздикони қурбониёни ин ҳодиса дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, хостори баррасии мунсифонаи парванда ва муҷозоти гумонбари садамаи маргбор ҳастанд. Давлатқадам Давлатбеков, амаки Гулистон, яке аз қурбониёни садама дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи одилона ва тибқи қонунгузории кишвар муҷозоти гумонбарро талаб доранд. Ӯ гуфт, ҳини сар задани ин ҳодиса волидони Гулистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буданд.

​"Ин ҳодисаро шунида, омаданд, баъди бахоксупории духтарашон, хеле интизор шуданд, ки мурофиаҳои додгоҳӣ сар шавад ва муҷозот гирифтани гумонбари садамаи марги духтарашонро бубинанд, бубинанд, ки то куҷо адолат дар нисбати афсари марзбонӣ дуруст риоя мешавад, лекин дери бад шуд, мурофиаҳо сар нашуданд ва онҳо ҳамин моҳи феврал дубора ба Русия баргашта рафтанд, ҳар чӣ ки шуд, ман ба онҳо мерасонам, лекин то ҳол ба мо дар бораи ин парванда чизе нагуфтаанд, рақамҳоямон ҳаст, лозим шудем шояд даъват кунанд".

Ҳамсӯҳбатамон гуфт, дар деҳаи Бартанги вилояти Бадахшон зиндагӣ мекунанд ва то Хоруғ роҳ дур аст ва дар ин фасли сармо мушкил аст, ки зуд-зудрафта аз ҷараёни парванда хабардор шаванд.

Ҳодиса чигуна сар зад?

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон се рӯз баъд аз садамаи худрави корманди ин ниҳод дар Хоруғро, ки боис ба марги ду нафар шуд, расман шарҳ доданд. Он замон мақомот гуфта буданд, ки агар садама бо айби афсарони нерӯҳои марзбонӣ сар зада бошад, "муҷозот хоҳанд шуд".

Қурбониёни ҳодиса донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ буданд.

Қурбониёни ин садама Гулистон Давлатбекова, донишҷӯи курси чаҳоруми факултети биологияи Донишгоҳи Хоруғ ва Робия Нангардодоваи 42 сола, аз водии Бартанги ноҳияи Рӯшон буданд.

Ниёзалӣ Қамбаров, муовини ректори Донишгоҳи Хоруғ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, донишҷӯ Гулистон Давлатбекова сокини ҷамоати Бартанг буда, дар маҳаллаи нерӯгоҳи "Помир-1" дар манзили наздиконаш мезистааст.

Муовини ректори Донишгоҳи Хоруғ афзуд, Давлатбеков дар рӯзи ҳодиса ба ҷойи зисташ бармегашт, ки аз тарафи ноҳияи Шуғнон нақлиёт омада, ба мусофиркаши онҳо бархӯрд.

Дидбонгоҳҳои пулис дар Хоруғ

Зимнан, дар шаҳри Хоруғ аз 5 моҳ ба ин тараф Ситоди байниидоравии таъмини амният фаъолият дорад ва дар шаҳр низ постгоҳҳои пулис кор мебаранд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин кор таъмини волоияти қонун дар маркази вилояти Бадахшон мебошад.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ барои таъмини волоияти қонун дидбонгоҳҳои пулис амал мекунад. Ин посгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва дигар гӯшаҳои вилояти Бадахшон баъди он гузошта шуд, ки моҳи сентябри соли гузашта президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон интиқод кард.

Дар мулоқоти рӯзи 15-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти вилоят интиқод кард, ки ба гуфтааш, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд".

Баъди ин дар вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт -- мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуда, дар вилоят амалиёти ҷамъоварии силоҳ ва поккории мошинҳои сиёҳшиша ба роҳ монда шуд.

Садамаҳои нақлиётии маргбор бо ширкати кормандони мақомоти интизомӣ бори нахуст набуда, дар гузашта чунин ҳолатҳо расонаӣ шуда, мавриди интиқоди ҷомеа қарор гирифтаанд.