Орзуи Сабрина: "Ҳамаи кӯдакони тоҷик хона дошта бошанд". ВИДЕО

Сабрина бори аввал арчаи солинавӣ оро медиҳад. Орзуе, ки баъд аз 16 сол барояш даст дод. Азбаски замони кӯдакиаш гузаштааст, бо ин роҳ ормонҳои кӯдакиро мешиканад. Аз он хушҳол аст, ки хоҳару додаронаш дар хона арча оро медиҳанд ва сарҷамъ гирди як дастурхон соли навро пешвоз мегиранд.

Сабрина мегӯяд, ҳар боре Соли нав фаро мерасид, гиряаш мегирифт, ки хона надоранд ва модари танҳояшон ҳам наметавонист, барои онҳо арча бихарад. Ҳоло дар хонаи Сабрина на танҳо арчаи солинавӣ, балки тамоми шароит барои таҷлили ид фароҳам аст.

Сабрина 16 сол Соли навро дуруст ҷашн нагирифта буд.

​"Ёдам ҳаст, ки дигарон соли навро таҷлил мекарданд. Ман ба ҳар ҳол духтари калон шуда будаму шароити зиндагиро мефаҳмидам. Аммо додару хоҳаронам борҳо барои харидани арча аз модарам хоҳиш карда буданд, вале мо шароит надоштем. Ҳатто хона надоштем ва соли нав чӣ хел мегузашт, намедонистем”, - нақл кард ӯ рӯзи 31-уми декабр адр суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Сабрина ва панҷ хоҳару додараш фарзандони Зуҳро Сайфуллоева, сокини деҳаи Уртабузи шаҳри Ҳисор ҳастанд, ки то ду моҳ пеш макони зист надоштанд. Зиндагии пур аз мушкилро дар як вагони сарду оҳанӣ пушти сар мекарданд. Аммо як гузориш аз сарнавишти модару шаш фарзандаш дар Радиои Озодӣ орзуҳои ӯро ба ҳақиқат табдил дод.

Тағйири фавқуллодаи зиндагӣ дар як рӯз

Дар як рӯз зиндагии Зуҳро ва фарзандонаш ба куллӣ тағйир ёфт. Ӯ аз вагони оҳанӣ ба хонаи нав кӯчид ва дигар барфу борон наметавонад кӯдакони ӯро аз мактаб дур кунад. Ҳоло кӯдакон аз оворагардӣ наҷот ёфта, дар мактаб таҳсил доранд.

Акнун соли навро ин модару фарзандон дар хонаи худ ва манзили гарму муҷаҳҳаз таҷлил мекунанд. Бештар аз ҳама хурсандии кӯдакони Зуҳро ҳадду канор надорад. Онҳо бо ҳар ҳунаре ки доранд, барои таҷлили соли нави милодӣ омодагӣ мегиранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Мехоҳам, ҳеҷ кӯдаке мисли мо нашавад"

Парвина, духтари дигари Зуҳро дар синфи панҷум мехонад. Аз коғазҳои ранга ҳар гуна бозичаҳои ороишӣ месозаду ба деворҳои хона меовезад. Гоҳи дигар ба корҳои хоҳарбузургу модар барои ороиши дастурхон кумак мекунад. Ӯ мехоҳад, дар соли нав орзуи тамоми кӯдаконе, ки сарнавишти то ду моҳ пеши онҳоро доранд, амалӣ шавад.

"Торт дорем, соли нав мекунем"

Ба фарқ аз Парвина, Шукронаи 5-сола духтари хурдии Зуҳро бештар хушҳол аст. Чун дигар зиндагии ӯ аз ҳамсолонаш ҳеҷ тафовуте надорад. Ӯ ҳам мисли ҳазор кӯдак дар назди арчаи оростаи бародару хоҳарон хушҳолӣ мекунад ва гоҳе дигар назди телевизори калони хонаашон барномаҳои солинавиро тамошо дорад. "Мо арча дорем, ба мо ҳадя оварданд. Боз торт ҳам дорему соли нав мекунем", - гуфт Шукрона.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз вагон – ба хонаи дуҳуҷраӣ. Зуҳро ва шаш фарзандаш манзили нав ёфтанд. ВИДЕО

Ин хонавода барои таҳияи хӯроки шом ва шаби соли нав омодагӣ мегиранд. Сабрина ҳам мехоҳад барои аҳли байт ош пазад. Худи Зуҳро Сайфуллоева ҳам аз ин ки кӯдаконаш ба орзуяшон расиданд, хушҳол аст.

То омадан ба хонаи нав зиндагии Зуҳро Сайфуллоева бо 6 фарзанд сахту пур аз мушкил буд. Баъди нопадид шудани шавҳар ва сарсониву саргардониҳои зиёд ин модар тасмим гирифт, ки фарзандонашро ба хона-интернат супорад. Дархости ӯро мақомот рад карданд.

Гузориши сарнавиштсози Радиои Озодӣ

Зуҳро Сайфуллоева мегӯяд, ҳеҷ тассавур намекард, ки нашри як матлаб дар расона, орзуи чандсолаашро амалӣ кунад. Ӯ гуфт, “пас аз як рӯзи гузориши Радиои Озодӣ, аз саҳар то бегоҳ одамони зиёде ба назди мо омаданд. Ҳам тоҷикону ҳам шаҳрвандони хориҷӣ. Омада, вазъи моро бо чашми худ диданд ва то бегоҳ мо ба хонаи нав даромадем.”

Гузориш аз ҳоли Зуҳро ва шаш фарзанди ӯ шоми 17-уми октябри имсол дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд. Субҳи рӯзи дигар телефонҳои Озодӣ беист занг мезад ва теппаи Уртабуз дар Ҳисор ҳам пур аз одаму мошин шуд. Дар чанд соат мардуми хайрхоҳ 15 ҳазору 500 доллар ҷамъ карда, барои ӯ дар маркази Ҳисор хонаи дуҳуҷраӣ хариданд.

Бо гузашти ду моҳ аз нашри гузориш, Зуҳро Сайфуллоева ва фарзандонаш таъсири онро ҳанӯз ҳам эҳсос мекунанд ва хонаашон пур аз меҳмон аст. Соли 2018 барои ин модар ва фарзандони ӯ соли сарнавиштсоз шуд.