То ду моҳи пеш Зуҳро Сайфуллоева, сокини деҳаи Уртабузи шаҳри Ҳисор, дар як вагони сарду оҳанӣ ба фарзандонаш афсонаҳои хушфарҷом мехонд. Он вақт тассавур намекард, ки афсона метавонад дар зиндагии худи ӯ ба воқеият табдил ёбад.
Дар як рӯз зиндагии Зуҳро ва фарзандонаш ба куллӣ тағйир ёфт. Ӯ аз вагони оҳанӣ ба хонаи нав кӯчид ва дигар на барфу борон ё набуди пояфзол наметавонад кӯдакони ӯро аз мактаб дур кунад. Соли навро ин модару фарзандон дар хонаи худ ва манзили гарму муҷаҳҳаз таҷлил хоҳанд кард. "Шароити хона хуб аст, кӯдакон хурсанданд. Дар соли нав як дастурхон ороста, хӯроки гарм мепазем ва бо кӯдакон мешинем. Орзу мекунам, ҳамаи онҳое, ки хона надоранд, дар соли нав соҳиби хона шаванд", - гуфт ӯ рӯзи 22-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
То омадан ба хонаи нав зиндагии Зуҳро Сайфуллоева бо 6 фарзанд сахту пур аз мушкил буд. Баъди нопадид шудани шавҳар ва сарсониву саргардониҳои зиёд ин модар тасмим гирифт, ки фарзандонашро ба хона-интернат супорад. Дархости ӯро мақомот рад карданд.
Бо муроҷиат ба Радиои Озодӣ, Зуҳро Сайфуллоева фақат мехост, ки мақомот ба дарди дили ӯ гӯш диҳанд ва кӯдаконашро аз оворагардиву бесаводӣ наҷот диҳанд. Зуҳро Сайфуллоева мегӯяд, ҳеҷ тассавур намекард, ки нашри як матлаб дар расона, орзуи чандсолаашро амалӣ кунад. Ӯ гуфт, “пас аз як рӯзи гузориши Радиои Озодӣ, аз саҳар то бегоҳ одамони зиёде ба назди мо омаданд. Ҳам тоҷикону ҳам шаҳрвандони хориҷӣ. Омада, вазъи моро бо чашми худ диданд ва то бегоҳ мо ба хонаи нав даромадем.”
Гузориш аз ҳоли Зуҳро ва шаш фарзанди ӯ шоми 17-уми октябри имсол дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд. Субҳи рӯзи дигар телефонҳои Озодӣ беист занг мезад ва теппаи Ортабиз дар Ҳисор ҳам пур аз одаму мошин шуд. Дар чанд соат мардуми хайрхоҳ 15 ҳазору 500 доллар ҷамъ карда, барои ӯ дар маркази Ҳисор хонаи дуҳуҷраӣ хариданд.
ГУЗОРИШҲОИ РАДИОИ ОЗОДӢ ЗИНДАГИИ ИНҲОРО ДИГАР КАРД (БАХШИ 1):
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо гузашти ду моҳ аз нашри гузориш, Зуҳро Сайфуллоева ва фарзандонаш таъсири онро ҳанӯз ҳам эҳсос мекунанд ва хонаашон пур аз меҳмон аст.
Соли 2018 дар баробари ин модар ва фарзандони ӯ барои чанд хонаводаи дигар матлабҳои Радиои Озодӣ сарнавиштсоз шуд. Имсол Зеварнисо Маҳмадалиева, сокини деҳаи Калташӯри Хатлон, дар пайи нашри матлабе дар борааш ба тантанаи адолат бовар ҳосил кард.
Хонаи Зеварнисоро ҳамсояаш вайрон кард. Ва ӯ бо ашёву ҷиҳози шикаста ва кӯдакони ҳайрон дар кӯча монд ва ба нишони эътироз хост, худкушӣ кунад. Табибон ӯро аз марг наҷот доданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ баъди берун шудан аз беморхона ба аёдати Зеварнисо Маҳмадалиева рафт. Ӯ беист гиря мекард ва мегуфт, “аз сӯхтани дилам омадам, хӯрдам, ки набинаму насӯзам. Дигар илоҷ надоштам.”
Намоиши саҳнаи гиряи пуралами Зеварнисо ҳам рӯи девори хонаи валангоршудааш дили бисёриҳоро реш кард ва мақомот ваъда доданд, ки қитъаи заминро ба ӯ бармегардонанд. Дар вохӯрии дувуми хабарнигори Радиои Озодӣ бо Зеварнисо шодии ин зан канор надошт.
"Ин баҳси мо се сол боз идома дошт. Барои ҳалли он ба чанд идора сар задам, касе ҳал накард. Вақте ҳолати маро тариқи видео нишон додед, бисёриҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ карданд. Билохира, қарори раиси ноҳия ҳам баромад", - нақл кард ӯ.
Барқарории адолат дар мисоли сарнавишти Зеварнисо, даҳҳо зани дигарро, ки бо як қарори додгоҳ бояд бидуни ягон ҷубронпулӣ аз хонаҳои худ дар маҳаллаи "Варзоб ГЭС" берун мешуданд, бо умед ба дафтари Радиои Озодӣ овард.
Додгоҳи шаҳри Душанбе хонаи ин сокинони маҳаллаи мавсум ба "Варзоб ГЭС", воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ғайриқонунӣ эълон кард. Сокинон дар фасли сармо бояд хонаҳои худро тарк мекарданд. Гулчеҳра Сафарова, яке аз ин сокинон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд. "Дар хонаи ман 21 нафар зиндагӣ мекунад, дар ин фасли зимистон равем? Чаро мақомот ба мушкили мо расидагӣ намекунад?" - суол гузошт ӯ.
Баъди як ҳафтаи шикояти дастҷамъии сокинон тавассути матлабе дар Радиои Озодӣ, мақомот ба тартиб додани феҳристи сокинон пардохт ва тасмим гирифт, ба онҳо ҷуброни пулии хонаҳояшонро бидиҳад. Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, баъд аз машварат бо раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон дар посухи катбӣ навишт, "агар хонаҳои онҳо қонунӣ бошад, ҳатман барои кӯчондан ҷубронпулӣ медиҳанд. Иншоаллоҳ, ба фоидаи сокинон ҳал хоҳад шуд".
Моҳбӣ Ғаюрова, сокини 56-солаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, тамоми сол хонаашро сохт, то дар арафаи фасли сармо паноҳгоҳе дошта бошад. Ин орзуи чандинсолаи Моҳбӣ ва духтараш буд. Умед доштанд, то соли нав сохтмони манзили ормониашон тамом мешавад, онҳо бо соли ҷадид зиндагии навро оғоз мекунанд. Пасандози Моҳбӣ аз маоши фаррошии ӯ ба таҳкурсиву чӯби хона расид. Хона бе бом монд.
Баъд аз он ки Моҳбӣ аз тариқи Радиои Озодӣ, ашк дар чашм, ин ҳикоятро кард, аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва ҷаҳон дасти имдод дароз шуд. Ҳоло ин оила маблағи заруриро дар даст дорад ва гуфтанд, хонаашон бому дару тиреза пайдо кард.
Қиссаи Ҷамшед Гулов, ҷавоне аз ноҳияи Балҷувон, ки аз нафақаи маъюбиаш маҳрум монд, аз шӯрангезтарини онҳо буд. Ӯ соли 2002 дар сарбозӣ маъюб шуд ва 8 соли охир аз ҷойгаҳ умуман хеста наметавонад. То ду моҳ пеш 150 сомонӣ нафақа мегирифт, вале мақомот аз ӯ хостанд дубора аз ташхис гузарад ва то пардохти нафақаашро қатъ карданд.
Ҳоло дигар набояд Ҷамшед Гулов ва наздиконаш ғусса хӯранд. Агар то ду моҳ пеш маъюби гурӯҳи ду будани ӯро зери шубҳа гузоштанд, баъди гузориши Радиои Озодӣ нафақаи маъюбии гурӯҳи якро мегирад. Кумисюни махсус Ҷамшедро маъюби гурӯҳи як эътироф кард.
Ин танҳо панҷ намунае аз натиҷаи гузоришҳои Радиои Озодӣ дар соли равон аст. Дар як соли гузашта тақдирҳои зиёде дигаре ҳам рӯйи саҳифаи Радиои Озодӣ бозтоб шуда, ба зиндагии қаҳрамонҳояш таъсир доштанд.
ГУЗОРИШҲОИ РАДИОИ ОЗОДӢ ЗИНДАГИИ ИНҲОРО ДИГАР КАРД (БАХШИ 2):
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Суҳбати Марями 9-соларо бо расонаҳои русӣ аз Ироқ бисёриҳо дар ёд доранд, ки мехост ба назди пайвандонаш ба Тоҷикистон баргардад. Бо пайгирӣ ва инъикоси ин мавзуъ, Радиои Озодӣ ҳам дар баргардонидани Марям ба назди бобову бибӣ саҳме дошт. Марям имрӯз дар муҳити ором ба сар мебарад ва акнун мактаб мехонад.
Мисли Мавзун Ғафурзода, як довталаби нобино ва ятим, ки баъди нашри матлаб дар Радиои Озодӣ ва шикояташ ба мақомоти дахлдор, тавонист донишҷӯ шавад. Масъулини Консерваторияи миллии Тоҷикистон баъд аз шикояти Мавзун бо таъсиси комиссия, ин ҷавони нобиноро ба шӯъбаи овозхонӣ қабул карданд.
Бо ҳамин гардиш ва таҳаввулот дар зиндагӣ соли 2018 дар хотираи бисёре аз қаҳрамонҳои Радиои Озодӣ барои як умр нақш хоҳад баст. Ин матлабҳо, ки тавонистанд арзу дод ва дарду вазъи мардумро то ба чашму гӯши ҷомеа ва масъулин расонанд, якеро ба орзуи дерин расонд ва дар дили дигаре умеди аз дастрафтаро бедор кард.