Як саҳнаи ҳаҷвӣ дар бораи қонуни танзим дар Тоҷикистон боиси бо баҳсу ҷанҷол хотима ёфтани "Маҳфили зарифон" шуд. КВН ё "Маҳфили зарифон" шоми 30-юми майи имсол миёни дастаи "Наврӯз"-и Донишгоҳи миллӣ ва "Муҳандиси ҷавон"-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор шуд.
Даъвати ҷавонон ба артиш, муҳоҷират, ришват дар донишгоҳҳо, қонунҳои баҳсбарангез аз мавзӯъҳоест, ки пайваста мавриди ҳаҷв қарор мегиранд.
Ҷанҷол аз чӣ сар шуд?
Баҳс байни ду даста пас аз эълони натиҷаҳои озмун аз тарафи доварон сар зад. Ва аз саҳнаи озмун ба шабакаҳои иҷтимоӣ чид. Ҳамин тавр, ба ин баҳс тамошобинони оддии маҳфил низ ҳамроҳ шуда, ҳатто раиси доварон Носир Бӯриев – намояндаи Вазорати маориф ва илмро ба гӯиё “порахӯрӣ” муттаҳам карданд.
Яке аз эродҳои доварон ба дастаи "Муҳандиси ҷавон", ки мағлуб дониста шуд, дар робита ба саҳнаи ҳаҷвӣ дар бораи қонуни танзим буд. Дар ин саҳна як хонавода ба таври пинҳонӣ маросими тӯй баргузор мекунад. Иштирокдорони маърака ба хотири онки масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана аз садои баланди тӯй хабар наёбанд, дар гӯши худ "наушник" гузошта, зери мусиқӣ рақс мекунанд. Бо ин вуҷуд, мақомоти масъул аз ин маърака хабардор шуда, соҳиби тӯйро ҷарима мебанданд.
Доварон гуфтанд, дар саҳна қонуни танзим ба ҳадди ифрот расонда шуда, ба шакле тасвир ёфтааст, ки гӯиё қонун тамоми маросимро барои мардум манъ кардааст.
Аммо Некқадами Шоҳназар, ҳунарманди тоҷик, ки барои омода кардани саҳна ба дастаи "Муҳандиси ҷавон"-и Донишгоҳи техникӣ кӯмак кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои аъзои ҳакамонро беасос донист. Ӯ гуфт, доварон ин саҳнаро бо диққат тамошо накарданд ва гӯё барои танқиди қонун дар ин намоиш асабӣ шуда, ба онҳо баҳои паст доданд.
"Ҳадафи саҳна ин буд, ки ҷавонон ҳам дар баробари раҳбари давлат ва ҳукумати кишвар метавонанд барои иҷрои ин ё он қонун саҳм гузоранд. Мо бо ин намоиш нишон додем, ки аз қонун ҷои гурез нест. Аммо намедонам, чаро инро нодуруст фаҳмиданд", - афзуд ӯ.
Некқадами Шоҳназар ҳамзамон аз он нигаронӣ кард, доварон барои тӯлонӣ шудани саҳна ва шумораи аз меъёр зиёди ширкаткунандагони озмун баҳона пеш оварданд ва ин баҳои доварон миёни донишҷӯёни ду донишгоҳ ихтилоф андохтанд. Ин ҳунарпеша мегӯянд, бояд раҳбари доварон дар чунин маҳфилҳои фарҳангии донишҷӯён на аз вазорати маориф, балки афроди огаҳ аз ҳаҷву танз бошанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Муҳандиси ҷавон" бандҳои низомномаро риоят накард"
Аммо Носир Бӯриев, намояндаи вазорати маориф ва илм, ки масъулияти доварии ин сабқатро дар дӯш дошт, далели намояндаҳои дастаи "Муҳандиси ҷавон" ва нороҳатии бархе аз тамошобинонро беасос хонд ва гуфт, "вақте қонунҳоро қабул мекунанд, риояи онро саҳнача кардан мумкин нест ё ин, ки ба шакле бояд гузошта шавад, ки риояи он ҳам гуфта шавад. Аммо дар саҳначаи ин даста қонун ба ҳадди ифрот расонида шуд. Албатта қонуни танзим дар он аст, ки мо тавонем ба воситаи он ҳам одоб ва ахлоқи ҷавононро ба як меъёри муайян гузошта тавонем".
Бӯриев афзуд, ки дар воқеъ рақобат байни ин ду даста тезу тунд буд ва ҷонибҳо омодагии хуб доштанд. "Рақобат ҳамин аст ва албатта вақте ду паҳлавон вориди майдон мешаванд, яке аз онҳо ғолиб мебарояд. Аммо афсус, ки аз ҷониби дастаи "Муҳандиси ҷавон" бандҳои низомнома, ки муайян шуда буд, риоя нашуд".
Эътирозе, ки наздик буд ба занозанӣ мунҷар шавад
Дар зимн, дар пайи баҳсу нофаҳмиҳо байни дастаи "Муҳандиси ҷавон" бо доварон, тасмим гирифта шуд, дигар барои омода кардани донишҷӯён ба чунин озмунҳо ҳунармандони ҳирфаӣ ҷалб нашаванд. Зеро ба назари Носир Буриев, даъвои аслӣ барои ғолибият асосан аз сӯи коргардонҳое, ки дастаи "Муҳандиси ҷавон" омода сохта буд, шурӯъ шуд. Тамошобинон ҳам мегӯянд, ҳангоми шунидани хулосаи доварон дастаи "Муҳандиси ҷавон" бо хости ду ҳунарманд Некқадами Шоҳназар ва Хуршед Мустафоев бо нишони эътироз рӯи саҳна наомад ва бетартибӣ аз ин ҷо сар зад.
Дар пайи хашми тарафдорони ин даста бештар шуда, ҳатто ба гуфтаи шоҳидон талош доштанд бо ҳам задухӯрд кунанд. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, вақте аъзои доварон мушоҳида кард, ки эътирози донишҷӯён бештар мешавад, зуд толори озмунро холӣ карданд.
Аммо Бахтиёр Раҳмониён, раҳбари дастаи "Наврӯз" аз Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, онҳо ба бетартибиҳои рақибонашон дода нашуда, то лаҳзаи охир сухани доваронро шуниданд. Бахтиёр бо он, ки баҳсҳоро дар саҳфаҳои "Фейсбук" дидааст, мегӯяд, баҳои ниҳоиро метавонад тамошобини телевизон диҳад. Вай гуфт: "Мо умуман ягон нафар коргардони касбиро даъват накардем. 5-6 шарте, ки буд, шеърҳо аз ҷониби худи ман таҳия шуда буд. Холе, ки гузоштанд, баъзеҳо қабул надоранд. Аммо бахши тақлиде, ки ҳоло ҳама дар борааш мегӯянд, идеяи ман буд".
Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари тамошогарон ба он таъкид мекунанд, ки дар чунин озмунҳо доварон бояд аз шеваи бархӯрд ва баҳогузории дуруст кор бигиранд, то нагузоранд як маҳфили хубу фарҳангие, ки донишҷӯёнро метавонад ба ҳам орад, ба майдони ҷанҷолу ихтилофҳо табдил ёбад. Ба бовари тамошобинон, ҳакамон метавонистанд барои хомӯш кардани оташи норозигӣ ва хашми дастаи мағлуб бо додани имтиёзе барояшон имкон медод то бори дигар ҳунарашонро рӯи саҳна санҷанд.
Чаро ҷомеа таҳаммул танзу ҳаҷвро надорад?
Аз сӯи дигар, бархе аз тамошобинон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иллати напазируфтани ҳазли танқидомезро ба аз байн рафтани танзи сиёсӣ дар кишвар ва ҷойи онро гирифтани таърифу тавсифи мақомот, марбут медонанд.
Ин баҳсу кашмакашҳо боис шуд, ки сабти ин барномаи телевизонӣ нотамом бимонад. Аммо бо ин вуҷуд, дастаи норозии ин маҳфил ҳоло интизори бесабронаи пахши ин озмун аз тариқи телевизон ҳаст. Аммо онҳо намедонанд, ки саҳнаи пешниҳодкардаи онҳо дар барномаи телевизони намоиш дода мешавад ё не.
Дар ин КВН ё "Маҳфили зарифон" , ки 15 соли ахир баргузор мешавад, дастаҳои донишгоҳҳои олии кишвар ширкат варзиданд. Даъвати ҷавонон ба артиш, муҳоҷират, порахӯрӣ дар донишгоҳҳо, қонунҳои баҳсбарангез аз мавзӯъҳое мебошанд, ки пайваста мавриди ҳаҷву танзи дастаҳои иштирокчиёни КВН қарор мегиранд.