Номаи Зӯҳро аз Ироқ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як номаи кӯтоҳ аз Салиби Сурх модареро ба дидори духтар ва 4 наберааш, ки дар урдугоҳе дар Ироқ қарор доранд, умедвор кардааст. Акнун ӯ ҳар рӯзашро дар интизори як хабари хуш ва ё номаи дигаре шом мекунад. Пас аз 7 моҳи бехабарӣ, аз сарнавишти фарзанду набераҳо, рӯзи 16-уми январи имсол Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Сабзагул Камолова, сокини шаҳри Душанбе аз Бағдод пайғом овард.