“Рамазоннома” – маҳфиле, ки танҳо дар Бартанг мондааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Рамазоннома” маҳфилест, ки фақат дар шабҳои моҳи Рамазон дар деҳаҳои водии Бартанг баргузор мешавад. Шавқмамад Пӯлодов, мадҳиясаро ва овозхони сурудҳои мардумӣ, рӯзи 7-уми июн гуфт, дар гузашта “Рамазоннома” дар ҳамаи минтақаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон маъмул буд, “вале дар ҳафт соли ҳукумати Шӯравии собиқ аз байн рафтанд”. “Рамазоннома” ҳудуди ним соат идома мекунад.